БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҲОРАТИ КАСБИИ МУАЛЛИМОН

Ҳанӯз аз айёми мактабхонӣ медонам, ки агар ба мактаб ягон нафар меҳмон ояд, хонандагон ба ӯ зеҳн мемонанд ва донистан мехоҳанд, ки ба чӣ мақсад омадааст.

Ҳанӯз аз айёми мактабхонӣ медонам, ки агар ба мактаб ягон нафар меҳмон ояд, хонандагон ба ӯ зеҳн мемонанд ва донистан мехоҳанд, ки ба чӣ мақсад омадааст. Ба мактаби миёнаи таълими ҳамагонии рақами 34-уми ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё рафтем ва моро ҷонишини директор доир ба корҳои маънавию маърифатӣ Олим Худойбердиев пешвоз гирифт. Аз ӯ оиди таълиму тарбияи хонандагон ва сифати дарси забон ва адабиёти тоҷик пурсон шудам.
–Ҳангоми кор ба мушкилиҳо дучор меоем. Мушкилоти сарбаста баҳсу талошро тақозо менамоянд. Ҳар як муаллим мехоҳад, ки муҳтоҷи дигарон нашавад. Дар акси ҳол вай, пеш аз ҳама, ба ҳамкасбони худ дарди худро изҳор мекунад. Агар муаммоҳо дар миқёси таълимгоҳ ҳалли худро наёбанд, муаллим метавонад бо ёрии ҳамкорони дигар мактабҳо гиреҳи корашро кушояд. Бо мақсади равшанӣ андохтан ба масъалаҳои тибқи талаботи замон истифода аз асбоби аёнӣ, воситаҳои техникии таълим, компутер  ва шабакаи васеи интернет, такмил додану мустаҳкам гардондани дониш ва баланд бардоштани маҳорати касбии муаллимони забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои тоҷикии ноҳия, дар як моҳ ду бор хониши педагогӣ ташкил карда шудааст. Дар ҷамъомадҳои он муаллимони забон ва адабиёти тоҷики мактабҳои  миёнаи рақами 2, 9, 10, 19, 25 ва 34-уми ноҳия иштирок мекунанд. Онҳо бо гирифтани тавсия ва омӯхтани усулҳои нави таълим  дониш ва таҷрибаи худро зиёд менамоянд,–мегӯяд Олим Худойбердиев.
 Ба суҳбати мо омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Гулзора Муродинова ҳамроҳ шуд.
–Хониши педагогии мо имрӯзҳо чунин мавзӯъҳоро дар бар мегирад: «Тарзи ташкил кардани маҳфили забон ва адабиёти тоҷик», «Омӯзонидани қисми морфологияи забон дар ҷараёни дарс ва маҳфилҳо», «Васфи Ватан ва ватанпарварӣ дар шеърҳои Ҳабиб Юсуфӣ», «Таҳлили асари бадеӣ дар ҷараёни дарс»,  «Истифодаи роҳҳои назоратӣ дар машғулиятҳои забони модарӣ», «Омӯзиши асари бадеӣ дар дарси адабиёт» ва ғайра. Бо ташаббуси роҳбари давлат дар қатори дигар соҳа ба таълими халқ, беҳ намудани шароити мактаб ва омӯзгорон эътибори ҷиддӣ нигаронида шуд.  Мо, омӯзгорон, бо маъсулияти дучанд ба ин ғамхориҳо бояд ҷавоб гардонем. Ният дорем хонандаҳо дар олимпиадаҳои ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ ҷойҳои ифтихориро гирифта, ба муассисаҳои олӣ дохил шаванд, – мегӯяд Гулзора Муродинова.
Ӯ баробари омӯзгори пешқадами мактаб будан, зани маҳфилорост. Ҳар пораи шеърро дар мавридаш мехонад. 

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: