БАЛАНД БАРДОШТАНИ НУФУЗИ КАСБИ МУАЛЛИМ – ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ МУТАНОСИБИ ХОНАНДАГОН

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 июл ҷамъомадро бахшида ба масъалаҳои ислоҳот ва инкишофи низоми таълими умумии ҳамагонӣ барпо намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 июл ҷамъомадро бахшида ба масъалаҳои ислоҳот ва инкишофи низоми таълими умумии ҳамагонӣ барпо намуд.
Дар он Сарвазир ва муовинони вай, мушовирони давлатии Президент, роҳбарони масъули вазорат ва идораҳои соҳа иштирок намуданд.
Дар солҳои охир чандин фармон ва қарорҳо доир ба ташкили тамоми зинаҳои низоми таълим дар асоси талаботи замонавӣ қабул гардиданд. Бино бар қарори роҳбари давлат аз 30 сентябри соли 2017 низоми идораи Вазорати маорифи халқ такмил дода шуда, вазифаҳои асосӣ ва самти фаъолияти он муайян карда шуда буд. Ба қарибӣ дар роҳбарияти идораи мазкур тағйироти назаррас ба вуқӯъ пайваста, доир ба ҷараёни таълимиву тарбиявӣ татбиқ намудани технологияи пешқадами педагогӣ ва иттилоотиву коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сифати таълим ба василаи баланд бардоштани мақоми муаллим дар ҷамъият вазифаҳо гузошта шуда буданд. Зимни маҷлис тақдимоти чорабиниҳо доир ба ислоҳоти низоми маорифи халқ, ки дар асоси супоришҳои мазкур таҳия гашта буданд, баргузор гардид.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки таълими миёнаи умумӣ зербинои инкишофи захираҳои инсонӣ ба шумор рафта, мактаб макони ташаккули дониш, ҷаҳонбинӣ ва меҳвари маънавият дар ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Имрӯз дар 9,7 ҳазор мактаби мамлакат 5,2 миллион хонанда тарбия гирифта, дар ҷараёни таълимиву тарбиявӣ ва идора беш аз 450 ҳазор нафар корманди соҳа машғул мебошад.
Тавре ки дар ҷамъомад таъкид ёфт, солҳои охир ба коллеҷ ва литсейҳо эътибор торафт зиёд мегардид, масъалаҳои такомули мактабҳои таълими ҳамагонӣ бино бар талаботи имрӯз, ба низоми ягона муттаҳид намудани онҳо дар канор мемонд. Маблағи буҷа барои ин низом фақат дар лаҳзаҳои охир ҷудо мегардид, ходимони маорифи халқ ғайр аз иҷрои вазифаҳои бевоситаи худ, мунтазам ба корҳои дигар ҷалб мегардиданд. Дар натиҷа сифати таълим паст гардид.
Ба ҷойи он, ки бо бачаҳо кор баранд, муаллимон бо пулғундорӣ аз падару модарон, қонеъ намудани инҷиқиҳои комиссияҳои мухталифи  санҷиш машғул буданд. Ин дар навбати худ боиси паст гардидани дараҷаи давомот, беназоратии хонандагон ва ба зери таъсири авбошон ва дигар падидаҳои мухталифи манфӣ афтидани онҳо мегардид.
Ҳоли ҳозир худи ҳаёт афзудани сармояро барои «капитали инсонӣ» тақозо менамояд. Чунки имрӯз сармоягузор мисли пештара ба қувваи кори арзон умед надорад. Чунки ҳаракати бошиддати мо бо роҳи тараққиёти илмиву техникӣ филҳол талабро ба ходимони пастмалака коҳиш медиҳад.
Бино бар ин ба Вазорати маорифи халқ таҳия намудани пешниҳодоти мушаххас доир ба ҳалли мушкилоти ғунгардидаи соҳа супориш дода шуд.
Бино бар домани фарогирии масъалаи мазкур ва махсусияти низоми таълим роҳбари давлат таъкид кард, ки пеш аз ҳама мақоми муаллим дар ҷамъият бояд баланд бардошта шавад. Барои мисол, дар мамлакатҳое мисли Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Олмон, Канада муаллимон нисбат ба музди миёнаи меҳнат дар мамлакат 1,5 баробар зиёд маош мегиранд. Дар мамлакати мо бошад маоши муаллим ҳамагӣ 79 фоизи музди меҳнати миёнаро ташкил менамояд.
Ғайр аз ин барои баланд бардоштани мақоми муаллим зарур аст, ки онҳо ба корҳои дигар ҷалб нагарданд, санҷиш ва мудохила ба фаъолияти онҳо маҳдуд карда шавад. Барои ин низоми махсуси ҳуқуқӣ доир ба ҳимояи ҳуқуқи муаллим ташкил дода шуда, роликҳои иҷтимоӣ омода гардида, обрӯи онҳо баланд бардошта шавад.
Ҳамзамон талаб нисбат ба директор ва муовинони ӯ дар мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ таҷдиди назар бояд гардад. Яъне ба вазифаи директор кадрҳое бояд таъин гарданд, ки воқеан иқтидори баланди роҳбарӣ дошта, масъулияти муовинон доир ба корҳои маънавияту маърифат ва корҳои таълим зиёд карда шуда, низоми сертификатсия татбиқ гардонда шавад. Ин ба беҳтар гардидани низоми назорати дохилии ҷамоа мусоидат хоҳад кард. Барои афзудани теъдоди мактабҳои намунавӣ рейтинги онҳоро таҳия намудан мумкин мебошад.
Президент Шавкат Мирзиёев бори дигар таъкид намуд, ки таъмини молиявии низоми маорифи халқ дар ҳолати ғайриқаноатбахш буда, зикр намуд, ки соли гузашта саҳми маблағи буҷавӣ, ки ба ин соҳа ҷудо гардидааст, нисбат ба МНД аз 4,1 то 3,8 фоиз паст рафтааст. Аз ин рӯ ҳангоми тартиб додани Буҷаи давлатӣ барои соли 2019 Вазорати молия бояд ба баланд бардоштани саҳми соҳаи мазкур эътибори алоҳида диҳад.
Роҳбари давлат ба соҳа ҷалб намудани мутахассисони баландмалака, ба сифати рағбатнок намудани механизми он дар назди Вазорати маорифи халқ таъсис додани фонди алоҳидаро пешниҳод намуд.
Боз як мушкилот дар он аст, ки сарфи назар аз қабул ва татбиқи чандин барномаи давлатӣ доир ба сохтмон ва таъмири мактаб, 60 фоизи онҳо ҳанӯз таъмирталабанд. Сабаби асосӣ ба корҳои сохтмону таъмир ҷалб намудани пудратчиёни нопок мебошад. Бино бар ин ба шахсони масъули соҳа супориш дода шуд, ки дар бобати ташкили ширкати махсуси инжинирингӣ дар низоми маорифи халқ пешниҳодот омода намоянд.
Боз як масъалае, ки ба он Шавкат Мирзиёев эътиборро нигаронд, ин баланд бардоштани сифати таълими умумии миёна мебошад. Ҳамзамон бино бар он, ки дар ҳар як синф хонандагон чӣ гуна сабақ мебардоранд, стандартҳои таълимии давлатӣ ва нақшаҳои таълимӣ бояд аз нав мадди назар гарданд. Инчунин ба таъмини пайвандии низомҳои таълими олӣ ва томактабӣ эътибори алоҳида бояд дод.
Ҳамзамон ба вуҷуд овардан ва нашри китобҳои дарсӣ дар асоси усулҳои замонавитарин, дар мактабҳо пурзӯр намудани чунин самтҳо мисли технология, муҳандисӣ, математика, санъат, забонҳои хориҷӣ, дубора муҷаҳҳаз намудани лабораторияҳои фаннӣ дар пеш қарор доранд. Ин имкон медиҳад, ки дар хонандагон малакаи худомӯзӣ ташаккул ёбад.
Президент ногузирии ба таври васеъ татбиқ намудани технологияи иттилоотиву коммуникатсиониро ба низоми таълим таъкид кард. Аз он ҷумла, барои роҳандозии низоми идораи ҷараёни таълим ба вуҷуд овардан ва марказонидани пойгоҳҳои маълумотҳо дар бораи хонандагон, падару модарон, муаллимон ва мактаб зарур аст. Ба синфи якум қабул намудани хонандагон, аз мактаб ба мактаби дигар гузаштани онҳо ва дигар хидматҳоро ба усули электронӣ гузарондан қулаиҳои зиёд ба вуҷуд меорад. Бо ба усули электронӣ гузарондани фаъолияти муаллимон онҳо аз соатҳо хонапурӣ намудани ҳуҷҷатҳо, бо коғазбозӣ машғул гардидан халос мегарданд. Пойгоҳи маълумотҳо имкон медиҳад, ки хонандагон мушаххас гардонда шуда, бо низомҳои тандурустӣ, ҳуқуқу тартибот ва ғайра алоқа намудан имконпазир мегардад.
Барои ин ба таври васеъ бо шабакаи Интернет фаро гирифтани мактабҳо тақозо мегардад. Мутаассифона, имрӯз ин нишондод ҳамагӣ 7 фоизро ташкил медиҳад. Бино бар ин ба зиммаи роҳбарияти Вазорати маорифи халқ вазифаи таҳияи лоиҳаи қарори мазкур, таҷдиди назар намудани сохторҳои ташкилии тамоми дараҷаҳо доир ба идораи соҳа дар ҷараёни мазкур гузошта мешаванд.
Онҳое, ки дар ҷамъомад баромад намуданд, таъкид карданд, ки тезондани ислоҳот дар соҳаи таълими миёнаи ҳамагонӣ, зуд беҳсозии сифати таълим, баланд бардоштани мақоми муаллим, ба таври васеъ татбиқ намудани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, такомули ҷараёнҳои таълимиву тарбиявӣ ва идора, куллан тағйир додани муносибати кадрҳои роҳбарикунанда ба кор ба ташаккули низоми комилан нав дар ин соҳа мусоидат хоҳанд намуд.
Воқеан чун шахсияти мутаносиб рушднамуда хатм намудани мактаб, ба ҳаёти мустақил омода будани хонандагон бо фаъолияти муаллим алоқаи ногусастанӣ дорад. Пас, боло бурдани обрӯйи касби муаллим нуктаи муҳими дастёбӣ ба ин ниятҳои нек ба шумор меравад.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: