Дар таърих борҳо собит шудааст, дар кишваре, ки ба дониш, илм ва маънавияти воло арҷ мегузоранд, рушди устувор таъмин мегардад, халқ фаровон умр ба сар мебарад.
Дар Ӯзбекистон низ чун омили асосии пешрафту шукуфоӣ ба рушди илм эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Аз ҷумла, 14 августи соли равон қарори сарвари давлатамон «Дар бораи чорабиниҳо оиди ба зинаи сифатан нав бардоштани низоми тарбияи маънавию ахлоқӣ ва ҷисмонан мутаносиби ҷавонон, таълим ва тарбияи онҳо» ба тасвиб расида буд. Бино бар он, аз 1 январи соли 2019, маоши омӯзгорони муассисаҳои таълими ҳамагонӣ, бо назардошти дараҷаи ихтисос, зиёд карда шуд.
Тасмим гирифта шуд, ки аз 1 октябри соли равон миқдори ставкаҳои тарифи пойгоҳии (базавӣ) ходимони роҳбарикунанда ва тарбиятгарони маълумоти олидори Хонаҳои меҳрубонӣ, шаҳракҳои бачаҳо, ҳамчунин тарбиятгарони маълумоти олидори ҳамаи навъҳои муассисаҳои таълими халқ ба миқдори ставкаҳои таърифи пойгоҳии ходимони роҳбарикунандаи дахлдор ва омӯзгорони мактабҳои таълими ҳамагонӣ баробар карда хоҳад шуд.
Дар маҷлиси видеоселекторие, ки 23 августи соли равон таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев баргузор шуд, низ маҷмӯи масъалаҳое баррасӣ гардиданд, ки ба пурзӯр гардондани эътибор ба омӯзгорону устодон, муайян намудани мақоми ҷамъиятии онҳо, сазовор рағбатнок сохтани меҳнаташон, афзун гардондани саҳми мушаххасашон дар тарбияи ҷавонони болаёқат, вусъат додан ва тиҷоратикунонии ковишҳои илмии онҳо иртибот доштанд.
Таъкид гардид, ки то муносибатамонро ба мактаб ва муассисаҳои таълими томактабӣ тағйир надиҳем, дар ҷамъият дигаргуние рӯй намедиҳад. Аз ин дидгоҳ, дар маҷлиси селекторӣ ба масъалаҳои такмил додани андоза ва барномаҳои таълимие, ки ба амиқрафти ислоҳот дар низоми таълим ва баланд бардоштани сатҳу сифати он нигаронида шудаанд, рӯйи эътибор гардонда шуд. Қайд гардид, ки таҳким бахшидани пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабҳои таълими ҳамагонӣ, коллеҷҳои касбӣ, литсейҳои академӣ ва муассисаҳои таълими олӣ, баланд бардоштани маоши ходимони онҳо вазифаи таъхирнопазир маҳсуб меёбад.
Бо назардошти ин, таъкид гардид, ки ҳар як роҳбар бояд, қабл аз ҳама, ба мактабе, ки худ дар он хондааст, равад, бо вазъи он, ҷараёни таълиму тарбия, шароити фароҳамовардашуда ошно гардад, ба ҳалли мушкилиҳо дасти мадад дароз кунад. Ба ҷуз ин, аз зарурати дар ҳар минтақа ташкил додани мактабҳои намунавие, ки ба талаби замон ҷавоб медиҳанд, сухан ба миён оварда шуд.
Гуфта шуд, ки ҳангоми роҳандозии фаъолияти чунин мактабҳо бояд таҷрибаи пешқадами ҷаҳон истифода гардад, аз ҳама муҳимаш, ба ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва амиқ омӯхтани таърихи халқамон эътибор бояд дод.
Президентамон таъкид намуд, ки бояд ворисони аҷдоди бузурги мо – Муҳаммад ал-Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Мирзо Улуғбек, ки ба рушди тамаддуни ҷаҳон саҳми сазовор гузоштаанд, маҳз дар чунин мактабҳо таълиму тарбия гиранд. Вай ба омӯзгорон ва профессорони донишкадаю донишгоҳҳо рӯ оварда, даъват ба миён овард, ки ба мактабҳо рафта бо ҷараёни таълим шинос шаванд, бино ба соҳаи худ дарси маҳорат ташкил диҳанд, аз ҳама муҳимаш, ҷавонони болаёқат ва пурдонро ба муассисае, ки худ роҳбарӣ мекунанд, ҷалб намоянд.
Сухан кӯтоҳ, муболиға нахоҳад шуд агар гӯем, ки ҷамъомади мазкур, ба маънии томаш, муроҷиати Президентамон ба халқ, омӯзгорон ва ҷавонон буд. Вазифаҳои дар он муайянгардида ба дӯши мо – депутатҳо низ бори масъулият мегузорад. Мо бояд тамоми нерӯ ва имкониятамонро барои беҳбуди низоми таълим, ба вуҷуд овардани механизми қонунҳои пухтаву мушаххасе, ки ба дастгирии ҷавонони болаёқат, рушди илм дар кишварамон, таҳким бахшидани дастовардҳои сатҳи ҷаҳонии мактабҳои илмиамон нигаронида шудаанд, сарф намоем.
Абдуғанӣ УМИРОВ,
депутати Палатаи
қонунгузории Олий Маҷлис.
(ӮзА).