БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲОСИЛНОКӢ – МАСЪАЛАИ МУҲИМ

Ин масъала дар ҳамоиши онлайнӣ, ки аз ҷониби Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ва Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон ташкил шуд, дар меҳвари гуфтугузор қарор гирифт.

 Ҳамоиши мазкур бо ширкати намояндагони вазоратҳои кишоварзии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба вуқӯъ пайваст. 
Гуфта шуд, ки дар давоми се даҳсолаи охир дараҷаи ҳосилнокии заминҳои таҳти кишти зироатҳо чандон қаноатбахш нест. Ин дар ҳоле мебошад, ки сол аз сол фаровонӣ доман густурдаву аз захираҳои ҳосилхези замин истифода сурат мегирад. Барои ҳамин ҷиҳати баланд бардоштани самаранокӣ ва экологии соҳаи кишоварзӣ, инчунин навсозии он аз деҳқонон ва маблағгузориҳои иловагӣ дар ин самт талаб карда мешавад.
Дар ҳамоиши машваратӣ намояндагони панҷ мамлакати Осиёи Марказӣ бо маблағҳои лозима таъмин намудани хоҷагии қишлоқ ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулотро масъалаи хеле муҳим арзёбӣ карданд.
Ба гуфтаи Владимир Рахманин, намояндаи минтақавии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ  равиши устувор, афзоиши ҳосилнокии кишоварзӣ метавонад ба беҳтар шудани амнияти озуқаворӣ ва таъмини ғизо дар Осиёи Марказӣ мусоидат намояд. 
– Барои фаъолияти устувори соҳаи кишоварзӣ ва рушду ривоҷи он, дар баробари истифодаи манбаъҳои дохилӣ, инчунин аз манбаъҳои молии беруна низ ба таври васеъ бояд истифода бурд. Ҷалби сармояҳои калони хориҷӣ дар пешрафти он хеле заруранд, – гуфт вазири кишоварзии Ӯзбекистон Азиз Воитов. – Танҳо ҷорӣ кардани технологияҳои гаронбаҳои замонавӣ ва усулҳои инноватсионӣ метавонанд ҳосилнокии заминҳоро таъмин кунанд, ки он ҳаргиз бе ҷалби сармояҳо ғайриимкон мебошад. Рушди инфрасохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар деҳот ва сармоягузорӣ барои афзоиши неруи инсонӣ ва салоҳияти кишоварзон ҳатман мадади калон хоҳад расонд.
Дар ҳамоиш ба чунин натиҷа расиданд, ки ба даст овардани ҳосили баланди кишоварзӣ аз деҳқонон бо истифода аз маблағҳои қобили мулоҳиза ҷорӣ кардани технологияҳои нав, захираҳо, таҷҳизоти кишоварзӣ ва усулҳои муосири парвариши чорворо низ тақозо менамояд. Вазирони кишварзӣ нақшаҳои маблағгузории инноватсионӣ барои мусоидат ба рушди ин соҳаро дар доираи васеъ баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни ин ҳамоиш иштирокчиён равишҳои муосири собитшудаи тақсими маблағҳои давлатиро низ ба доираи мубодилаи афкор кашиданд. Сармоягузорӣ барои инфрасохторҳо (роҳҳо, системаҳои обёрӣ), пешбурди таҳқиқоту таҳсилоти кишоварзӣ ва идоракунии беҳтари захираҳои табиӣ аз ҳамин шумор хонда шуданд. Илова бар ин, тағйирот дар системаи андоз, субсидияҳои мустақим ва ғайримустақим, тарифҳо ва квотаҳои воридотӣ низ метавонанд ба рушди бахши кишоварзӣ таъсири назаррас расонанд.
Вазирони кишоварзии давлатҳои Осиёи Марказӣ аз тавсияҳои Созмони озуқа ва кишоварзии СММ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, аз қабили Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки авруосиёии рушд, Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ, Бонки исломии рушд  ва Бонки ҷаҳонӣ бархурдор гардиданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: