Дар Бангладеш бар асари обхезӣ беш аз даҳ нафар ба ҳалокат расида, садҳо ҳазор нафар эвакуатсия карда шуданд.
Дар ҳудудҳои шимолӣ зиёда аз як миллион нафар одамон аз олами берунӣ ҷудо шудаанд. Дар ноҳияи Силхет қариб 900 деҳа зери об монд. Гурӯҳҳои вокуниш ба офатҳои табиӣ барои анҷоми амалиёти наҷот ва арзёбии хисорот ба минтақа фиристода шудаанд. Мактабҳои минтақаҳои осебдида барои эвакуатсияшудагон ба паноҳгоҳҳо табдил дода шудаанд.
Дар Бангладеш бар асари обхезии шадид дар шоҳроҳҳои асосӣ ҳаракати нақлиёт қатъ шудааст. Мақомоти маҳаллӣ ба мавзеъҳои сайёҳӣ сайёҳат карданро манъ кард, хабар медиҳад mir24.tv.