БАНИ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД...

Офати табиие, ки 27 май ба вилояти Бухоро зарар расонд, на фақат аҳли вилоят, балки ҳамватанони моро ба ташвиш овард.

Офати табиие, ки 27  май ба вилояти  Бухоро зарар расонд, на фақат аҳли вилоят, балки ҳамватанони моро ба ташвиш овард.

Бо шарофати ташрифи сарвари давлат ба вилоят ва ғамхориҳои вай бобати бартарафкунии оқибатҳои он на фақат корхонаю ташкилот, муассисаю идора ва бинокорони вилоят, балки шаҳру вилоятҳои ҷумҳуриамон низ дасти ёрӣ дароз мекунанд. Хабари нохуши обхезӣ дар вилояти Сирдарё ба дили бухороиён низ фишор овард. Онҳо дар ин лаҳзаҳои пурташвиш ба ҳамдиёрони сирдарёгии худ сабру тоқат, бурдбориҳо мехоҳанд. Ҳокимияти вилоят ба ҷабрдидагони ин офат 20 тонна орд, 10 тонна равғани растанӣ, 10 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ва 300 - то маҷмӯи кӯрпаю болинро ҳамчун мадади инсонпарварона фиристод.

А. АВЕЗОВ, хабарнигори" Овози тоҷик"  дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: