Дар Афғонистон қариб 20 нафар бар асари фаромадани тарма зери он монда, ҳалок шуданд.
Ҳодиса дар ноҳияи Дангами музофоти Қунар рух додааст. Дар ҷои ҳодиса корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки Қунар музофоти наздисарҳадии Афғонистон маҳсуб шуда, дар мавзеи кӯҳии душворгузару ноҳамвор ҷойгир аст. Қисмати асосии музофотро водиҳои дарёҳои Қунар ва Печдора (шохоби ғарбии дарёи Қунар) ташкил медиҳанд. Асадобод (маркази маъмурии музофоти Қунар) дар ҷои як шудани ин дарёҳо, 15 километр дуртар аз сарҳади Покистон воқеъ аст.