Мақомоти маҳаллӣ бар асари сӯхтори шадид дар иёлати шимолии Калифорния тақрибан 30 000 нафарро эвакуатсия карданд. Дар ин бора нашрияи The Guardian хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки сӯхтор дар наздикии шаҳри Оровил, воқеъ дар наздикии Сакраментои Калифорния, ба зудӣ ба 1416 гектар паҳн шуд, тақрибан 28 ҳазор сокинон эвакуатсия карда шуданд.
Барои мубориза бо сӯхтор аз саросари иёлот беш аз 1400 сӯхторнишон фиристода шуда буданд, аммо то нисфирӯзии рӯзи чаҳоршанбе алангаи оташ хомӯш карда нашуд.
Мақомоти маҳаллӣ таъйид карданд, ки дар ин сӯхтор ҳашт нафар осеб дидаанд, ки дастикам нисфи онҳо наҷотдиҳандагонанд. Губернатори Калифорния Гэвин Нюсом вазъияти фавқулодда эълон кард. Сабабҳои сӯхтор муайян карда мешаванд, хабар медиҳад korrespondent.net.