БАР ЧЕҲРАИ ГУЛ НАСИМИ НАВРӮЗ ХУШ АСТ...

Наврӯз аз бузургтарин ва бостонитарин ҷашнҳои мардумони ориёист, ки таҷлили он аз нахустин рӯзи моҳи солшумории шамсӣ – Фарвардинмоҳ (Ҳамал) ибтидо гирифта, ҳамчун Соли Нав ва иди баҳору киштукор қайд карда мешуд.

Дар рӯйи хони Наврӯз рамзи баҳори дунё,
Ё ҳафт син бибояд ё ҳафт навдаи он.
То боғи ҳафт иқлим рӯйи хазон набинад,
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон!
Наврӯз аз бузургтарин ва бостонитарин ҷашнҳои мардумони ориёист, ки таҷлили он аз нахустин рӯзи моҳи солшумории шамсӣ – Фарвардинмоҳ (Ҳамал) ибтидо гирифта, ҳамчун Соли Нав ва иди баҳору киштукор қайд карда мешуд. Дар бораи таърихи пайдоиш, таҷлил ва русумоти наврӯзӣ сарчашмаҳои таърихӣ, фолклорӣ, адабӣ ва фарҳангӣ аз қабили рисолаи паҳлавии “Моҳи Фарвардин рӯзи Хурдод” таълифи Мусо ибни Исо ал-Кисравӣ, “Китоб-ул-маросимӣ вал-одот”, “Зайн-ул-ахбор”-и Маҳмуди Гардезӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Таърихи Бухоро”-и Муҳаммади Наршахӣ, “Китоб-ут-тафҳим” ва “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳон Берунӣ, рисолаи “Наврӯзнома”-и Ҳаким Умари Хайём ва монанди инҳо маълумоти амиқу фаровон дода, ба таври эътимодбахш собит менамоянд, ки ҷашни Наврӯз ва анъаноти он таърихи хеле қадим доранд.
Нахустин маълумоти дақиқро оид ба Наврӯз китоби “Бундаҳишн” бо обу ранги маросимоти динӣ меоварад. Бино ба маълумоти Кисравӣ “Нахуст касе, ки Наврӯзро оин гузошт, подшоҳиро бунёд ва рамзи давлатдориро барқарор кард ва зару сим ва дигар маъданҳоро ба даст овард, аз оҳан силоҳ сохт, аспону дигар маркабон ром, садафу мушку анбар ва дигар накҳатҳо пайдо кард, қасру кӯшкҳо рост намуд, корез ва ободонӣ кард – Ҷамшеди Каёнӣ – писари Виванҷаҳон (нигаҳдорандаи Олам)... буд ва Наврӯзро асос гузошт бад-он сабаб, ки ӯ дар ин рӯз Оламро ба даст овард ва Эронстахр, яъне Замини Бобулро барқарор кард. Наврӯз оғози бунёди мамлакати ӯ буд ва дертар шакли мувофиқ гирифта расму одат шудааст.
Абурайҳон Берунӣ низ ҷашнгирии Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳад. Ҳаким Умари Хайём ишораи болоро дар “Наврӯзнома” тасдиқ мекунад: “Аммо сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад: яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонрӯз ба ҳамин дақиқаи Ҳамал бозояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан ... ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд. 
«Дар бораи муддати ҷашнгирии Наврӯз ва анъанаҳои наврӯзӣ маълумот гуногун аст. Бино ба маълумоти Абурайҳон Берунӣ “... чун Ҷам даргузашт, подшоҳон ҳама рӯзҳои ин моҳро ид гирифтанд ва ин идҳоро шаш бахш намуданд: панҷ рӯзи нахустро ба подшоҳон ихтисос доданд, панҷи дуюмро ба ашроф ва панҷи сеюмро ба ходимону коркунони подшоҳон ва чорумро барои надимону дарбориён ва панҷи панҷумро барои тӯдаи мардум ва панҷи шашумро барои барзгарон”.
Нақл аст, ки пуршукӯҳтарин ва ҷолибтарин Наврӯзи барзгарон ороставу пероста мегардид. Ва боз гӯянд, ки дар аҳди Сосон тавассути Роҳи абрешим ин ҷашн ба атрофу акноф низ мақбул ва интишор шуд. Сосониён ба анъанаҳои наврӯзӣ зебу фарре зам намуда, онро бошукӯҳтар таҷлил мекарданд. Ва боз аз маълумоти Берунӣ бармеояд, ки дар аҳди Сомониён Наврӯзро шаш рӯз ҷашн мегирифтанд.
Ақидаи он ки Ислом монеи куллии ҷашнгирии Наврӯз гардид, далели китоби “Тамаддуни исломӣ” онро рад мекунад: “...бани Умия (661-750) ҳадияе дар Иди Наврӯз бар мардуми Эрон таҳмил мекарданд, ки дар замони Муовия миқдори он ба 5 то 10 миллион дирҳам болиғ мешуд”. Ва боз нақл аст, ки “Дар натиҷаи зуҳури Абумуслими Хуросонӣ (747-755) ва рӯйи кор омадани хулафои Аббосӣ (750-1250) ва ташкили силсилаҳои Тоҳириён (821-873), Саффориён (872-903) ва Сомониён (875-999) ҷашнҳои эрониён аз нав равнақ ёфтанд, гӯяндагон дар бораи онҳо қасоид пардохтанд ва нависандагон онҳоро мудавван (сабт) сохтанд, монанди Ҳамза бинни Ҳасан китоби “Ашъор-ус-соиратун фӣ ан-Нируз вал-Миҳрҷон”-ро...
Аз манбаъҳо маълум аст, ки Исломи маъмулӣ дар ҳеҷ давру замон монеи таҷлили Наврӯз нагашта ва агар чанде муҷиби боздошт қарор гирифта бошад, кори муште аз хурофотпарастон аст.
Оинҳои Наврӯзӣ. Яке аз русуми наврӯзие, ки то ҳол идома дорад, сабзонидани ғалладона мебошад. Мардум яке аз намудҳои ғалладонаро як моҳ пеш дар ҷойи махсусе (гоҳо ташт ё зарфи ҳамвор) кошта месабзонанд ва аз рӯйи сабзиши он корҳои деҳқонии худро пешбинӣ мекарданд. Ин анъана аз даврони Оли Сосон ба мо ба мерос мондааст. Яъне дар аҳди Сосон бисту панҷ рӯз пеш аз Наврӯз дар саҳни қаср дувоздаҳ сутун аз хишти хом қоим мекарданд ва бар саҳни ҳар яке навъе аз ғалладона аз қабили гандуму ҷав, биринҷу мош, кунҷиду наск, нахуду боқило ва ғайра мекиштанд ва аз рӯйи муоянаи сабзиш кадоме боровартар бувад, онро бештар кишт мекарданд ва таваҷҷӯҳи шоҳони Сосонӣ ба сабзаи ҷав х(в)ед бештар будааст. Бори ом додан низ аз ин рӯзгор ба ёдгор мондааст, ки дар замони ҳозир ҳамчун ҳадияи наврӯзӣ ба анъана даромадааст.
Анъанаи Бобо Наврӯзу (дар ғарби Эронзамин) Бобо Деҳқон (дар Шарқ), ҳамчунин Аму Фирӯз аз замони давлатдории Фотимиёни Миср (909-1171) ба мерос мондааст. Дар он аҳд Амир-ан-Наврӯз дар маркаб савор шуда аз сарватмандон “хироҷ меситонд” ва ба дарвешон эҳдо мекард...
Расми пеш аз Наврӯз тозаву ороста кардани маҳаллу манзил ба анъаноти Зардуштия мерасад. Бино ба маълумоти Ас-Саолабӣ: «Зардушт гуфт, ки равони мурдагон дар айёми фарвардигон ба хонаҳои эшон бозмегарданд ва амр кард, ки дар он айём хонаҳоро пок кунанд ва фаршҳоро пок густаранд ва он ҷо хӯрокиҳои хушмазаву иштиҳовар биниҳанд ва бихӯранд, то равони мурдагон ба бӯву нерӯи он қувват бигирад”. Дар рӯзгори мо низ ин анъана идома дорад. Мардумон гурӯҳ-гурӯҳ дар арафаи Наврӯз ва идайни исломӣ ба хонаҳои азодорон мераванду бо ояҳои қуръонӣ равони даргузаштагонро шод мегардонанд. Ва боз нақл аст, ки суғдиён дар даҳ рӯзи охири сол барои равони гузаштагон азо медоштанд, баҳри онон хонҳои пур аз ғизоҳои пурлаззат меоростанд, гиряҳо мекарданду рӯйҳо мехарошиданд, то бо дили қарор Наврӯзро бо шодиву хуррамӣ истиқбол кунанд.
Дар як қисм маҳалҳои кӯҳистони тоҷик бегоҳиҳои рӯзи чоршанбеи охири сол дар кӯчаву майдонҳо гулхан афрӯхта, гирди он чархида аз болои он меҷаҳанду мегӯянд (одатан се бор): “Дарди ман ба ту, сурхии ту ба ман!” дар баъзе мавридҳо: “Зардии ман ба ту, сурхии ту ба ман!” Ин анъана мерос аз суғдиён аст.
Бино бар маълумоти Ас-Саолабӣ дар рӯзгори Оли Сосон ва аз он ҳам пештар ин рӯзро дар охирин чоршанбеи соли шамсӣ бо номи “Чоршанбеи сурӣ” расм мегирифтанд. Дар ин рӯз буттаҳои хорро ҷамъ оварда, оташ мезаданду аз болояш парида мегуфтанд: “Сурхии ту аз ман! Зардии ман аз ту!” ва мардумон ин амалро чун расми арафаи Наврӯз пазируфтанд. Одатан аксари бемориҳо дар фасли замистон пеш меояд ва аз ин рӯ рӯзи чаҳоршанбеи охири моҳи Исфанд ин таомул ба ҷой оварда мешуд, то ки ҳама дарду ранҷу озурданиҳо бо соли куҳан биравад. Ва боз қаҳриҳое, ки ғурури мардиашон роҳ намедод бо ҳамдигар оштӣ шаванд, пинҳонӣ рӯз мешумориданд, то ҳарчи тезтар Наврӯз фаро расаду бо ҳам оштӣ бишаванд.
Аҷдоди гузаштаи мо Наврӯзро хеле хушнудона истиқбол мекарданд. Рӯзҳои наврӯзӣ ҳамаи мардону занон ва кӯдакону ҷавонон либосҳои идона ба бар карда, ба саҳро мебаромаданд, сайругашт мекарданд ва сурудҳо мехонданд. Занҳо як ҷо гирд омада, ба рӯйи ҳамдигар гул мепошиданд ва якдигарро ба ин иди фархунда табрик мегуфтанд. Ҷавонписарону духтарон бо хурсандӣ ба ҳамдигар обпошӣ мекарданд. Баъд аз сайругашт мардум гурӯҳ-гурӯҳ дар ягон ҷойи мувофиқи саҳро, ки онро «Наврӯзгоҳ» мегуфтанд, ё дар меҳмонхонае ҷамъ меомаданд ва Хони наврӯзӣ меоростанд ва онро “ҳафт шин” мегуфтанд, ки ҳар як неъмати рӯйи хон бо ҳарфи “шин” оғоз мешуд: шир, ширинӣ, шакар, шароб, шоҳ (номи як навъ рустании кӯҳӣ), шамъ ва шарбат. Ҳар як нозу неъмати Хони наврӯзӣ рамзи орзуву омоли халқ дар Соли нав буд. Дар аҳди Сосон ва замони суғдиён низ Наврӯз дастҷамъона таҷлил мешуд. Дар ин рӯз, ҳатто шоҳ дар атрофи хони барзгар нишаста, якҷо бо раияташ хушиву хуррамӣ мекард. Симоъгарону овозхонон ба мардум хизмат мекарданд. Борбади бузург барои ҳар рӯзи сол иборат аз сесаду шаст оҳанг офарида буд хуштар аз ҳамдигар, хоса аз барои рӯзҳои моҳи Фарвардин, яъне Ҳамал, ки маҷзубу дилработарин оҳангҳо буданд.
Бояд таъкид кард, ки гузаштагони мо мардумони бомаърифат ва пешқадами замони худ будаанд. Нозу неъмати Хони наврӯзии онон аз ин шаҳодат медиҳад. Ширу шакар ва шириниву шарбати онҳо рамзи хушии ҳаёт мебошад.
Баъд аз футуҳоти ислом аксар расму русуми ниёгонамон либоси исломӣ ба бар кард. Бисёр анъанаҳои пешқадами мо маҳдуд, бархе ба ислом мусоид ва қисми ночизе аз байн рафт ё мубаддал ба дигар анъана шуд. Наврӯзи дилафрӯз побарҷой бимонд ва танҳо дар расму оинҳои он  тағйирот рух дод. Аз ҷумла, Хони наврӯзӣ на бо “ҳафт шин”, балки бо “ҳафт син” ороста мешуд: сабза(-и наврустаи ҷав ё гандум), сирпиёз, сирко, санҷид, себ, суманак ва самак (моҳӣ). Дар аҳди ислом баъзан Хони наврӯзиро ҳам бо “ҳафт син” ва ҳам бо “ҳафт шин” меоростанд.
Дар ҳар маҳалле Наврӯзро вобаста ба шароит ва анъанаҳои хоси хеш ҷашн мегирифтанд.
Дар Самарқанду Бухоро пеш аз рӯзи Наврӯз духтаронро “бахткушоён” мекарданд. Ҳоло номи ин маросим тағйир шуда, дар Бухоро “мӯлҷардароён”, дар Самарқанд “мунисакпӯшон” ва дар Қаратоғи Ҳисор “калтачапӯшонӣ” меноманд. Ҳамаи ин номҳо як рамз доранд, яъне хушбахтии фарзанд, ба ӯ бахти сафеду толеи баланду нек орзу намудан. 
Дар Самарқанду Бухоро наврӯз як ҳафта идома меёфт. Мардуми Самарқанд ва гирду атрофи он асосан пуштаи Афросиёб, майдони Регистон ва мавзеи Оби Раҳматро наврӯзгоҳ ихтиёр мекарданд.
Рӯзона ҳар гуна бозиҳо ташкил мешуданд, шабона занҳо суманаку ҳалиса мепухтанду ҷавонон бо тарфбозӣ (оташбозӣ) ва мушакпарронӣ базмҳои шабона меоростанд. Пеш аз Наврӯз аҳли фазлу фарҳанг “Идӣ” (як саҳифаи сабзранг, ки дар он чаҳор мисраъ шеър ё як рубоӣ хушнависӣ шуда) менавиштанду тавассути кӯдакон онҳоро ба мардум паҳн мекарданд.
Дар Кешруд (водии Қашқадарё) то инқилоб нисбат ба тамоми идҳо Наврӯз бо шукӯҳу тантана ва пур аз анъаноти мардумӣ мегузашт. Мардумони водӣ Наврӯзро дар шаҳрҳои Насафу (Қаршӣ) Косон, Ғузор ва Шаҳрисабзу Китоб бо навбат серӯзӣ мегузарониданд. Мир ва мардуми ҳар ноҳияву шаҳр кӯшиш менамуд, ки Наврӯзро аз дигарон беҳтару хуштар таҷлил кунад. Аз ин рӯ, ба Наврӯз чандин рӯз омодагӣ медиданд. Рӯзи дуюми Наврӯз мардуми Шаҳрисабз ҳама ба сайргоҳ – атрофи Оқсарой мерафтанд, ки он хуб ҷиҳозонида шуда буд. То бегоҳ сайру гашт, гӯштингирӣ, пойгаҳ, аспдавонӣ, дорбозӣ ва дигар лаъбу бозиҳо карда, шомгоҳон дар табақҳо зағир рехта, дар ҳар табақ чаҳор пилта мегузоштанд ва дар авҷи базм тамоми пилтаҳоро дармегирониданд. Атроф чун рӯз мунаввар мешуд ва мардум то дамидани субҳ шодмонӣ мекарданд.
Дар деҳоти дури кӯҳистон – Ҳисорак, Тамшӯш, Кул, Шӯт, Аспи Духтар, Ғелон, Сарчашма ва дигарҳо Наврӯз дар даҳаи охири Фарвардинмоҳ таҷлил мешуд. Сокинони Сарчашма ба доманаи кӯҳ баромада “сайри кабудбара” мекарданд. Дар Ҳисорак соҳили дарёи Сафеди шӯхи кӯҳӣ наврӯзгоҳ буд. Дар деҳаи Ғелон дар ин рӯз якчанд маросим иҷро мешуд: “Ҷуфтбуророн”, “Суннакпазӣ”, “Гулчинӣ”... Дар маросими Ҷуфтбурорӣ мардум дар “Даштэ дйа” ҷамъ меомаданд, ки заминаш ҳосилхез аст. Сипас Бобои Эшон фотиҳа мехонданду ҳама баробар “омин” мегуфтанд. “Бобои Деҳқон” говрона дар даст барзаговҳоро бо “бисмиллоҳ...” ба юғ мебасту ду ё чор хат меронд. Сипас ҳама ба хонаи амини деҳа рафта, кашк мехӯрданд ва сабзаҳои наврустаро муоина менамуданд. Дар ин асно занҳои деҳа дар ҳавлии фарохи амини деҳ машғули суманакпазӣ мешуданд. Агар ҳаво боронӣ бошад (рамзи нек), духтарон бо сару поҳои луч (аз нақли пирон маълум кардем, ки занҳои деҳаи Ғелон ҳеҷ гоҳ фаранҷи ба сар накашидаанд), суруд мехонданд:
Борони Ҳамал,
Ба мӯям амал.
Мӯям дароз кун,
Дарозу соз кун...
Онҳо худро бо оби борон тар карда, сипас дар атрофи дегдонҳои кашку суманак гарм мешуданд. Бачагон саҳари барвақт гурӯҳ-гурӯҳ гулчинӣ мерафтанд. Онҳо гули “Барра” (бойчечаки сафед), гули “Бузғола” (бойчечаки сурх) ва гули “Каргас” (сияҳгӯш) чида ба деҳа бармегаштанд ва сурудхонон ба дари хонаҳо ва хонаи амини деҳа, ки мардум он ҷо гирд омада буданд, рафта ба калонсолон гул тақдим мекарданд, суманаку кашк мехӯрданд.
Баъд аз инқилоб дар баробари таъқибу таҳдиди анъанаҳо ва фароизи исломӣ Наврӯзи бегуноҳ низ дучори таъқибот қарор гирифт. 
Шарқшиносону эроншиносон комёб шуданд, исбот намоянд, ки Наврӯз ҷашни миллии мардуми эронинажод ва умуман Шарқи Наздику Миёна буда, ба Ислом ҳеч алоқамандӣ надорад. Маҳз натиҷаи саъю кӯшиши онон буд, ки соли 1946 идораи рӯҳониёни Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар фатвои махсус ба оинҳои Ислом алоқа надоштани Наврӯзро таъкид карда буд. Ва танҳо баъди 34 сол бо истодагарии равшанзамирон моҳи марти соли 1980 Наврӯз ба таври расмӣ бори нахуст дар шаҳри Қӯрғонтеппа таҷлил гардид. Ба шарофати азнавсозиҳои ҳаёт инак, ҳамасола 21 Март – 1 Фарвардинмоҳ (Ҳамал) – нахустрӯзи соли нави шамсӣ рӯзи фориғазкорӣ ва рӯзи таҷлили Наврӯз эълон гардида, дар зарфи ду-се соли охир тадриҷан мардум бо раҳнамунии аҳли фарҳанг анъанаҳои наврӯзиро эҳё намуда истодааст. Хуш аст, ки имрӯзҳо Наврӯзи фархундаву дигар идҳои милливу исломиро дар мақоми давлатӣ ва ба тарзи умум ҷашн мегирему мегӯем: Наврӯзатон пирӯз бод! Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

Рӯзибойи ҚУРБОНИЁН,
вилояти ҚАШҚАДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: