“БАР САМАРҚАНДАМ БИЁ“

Дар Китобхонаи марказии вилоят ба номи А.С.Пушкин тақдимоти китоби тозанашри узви Иттиҳоди оҳангсозони Ӯзбекистон Абдураҳмон Амонов бо номи “Бар Самарқандам биё” анҷумани бонуфузе баргузор гардид.

Дар он шоиру нависандагон, донишомӯзони мактабҳои санъат ва  ихлосмандони каломи бадеъ иштирок карданд. Рисолаи “Бар Самарқандам биё”-и А. Амонов аз ду китоб иборат буда, дар нашриёти “Тӯрон нашр”-и Самарқанд бо ташаббус ва сарпарастии Муқимҷон Орифӣ аз нашр баромад. 
Чорабиниро сармуҳаррири рӯзномаи “Зарафшон” Фармон Тошев ҳусни ифтитоҳ бахшида, оиди китоб ҳарф зад:
– Дар китоби якум оҳангҳои ба ашъори Ориф Гулханӣ басташуда ҷамъоварӣ шудаанд. Ин китоб яке аз василаҳои  тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ, рафоқат ва камолот ба шумор меравад. 
Сипас, роҳбари шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов, оҳангсоз Равшан Ҳамроқулов, олими адабиётшинос Аслиддин Қамарзода, сармуҳаррири нашриёти “Турон нашр” Асадулло Шукуров  ва набераи Ориф Гулханӣ Мунирамоҳ Орифова дар бораи машаққати роҳи эҷод ва ҳимматбаландии Муқимҷон Орифӣ ва муаллифи китоб Абдураҳмон Амонов фикрҳои ҷолиб баён намуданд.  
– Нашри мукаммали китоб гулдастаи оҳангу сурудҳо аз ашъори ин шоирон бо номи “Бар Самарқандам биё“ бо анъанаи хонаводагӣ бо ду забон – тоҷикию ӯзбекӣ ва дар ду нота яковозӣ ва бо ҳамҷӯрии фортепиано омодаи нашр шудааст. Инчунин, ба муқоваи охири китоб коди махсус (QR-код) гузошта шудааст, ки имкони бо воситаи телефон гӯш кардани сабти овози санъаткоронро медиҳад. Ин ҳам як навгонист. Ба ҳурмати устоди санъат Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов, ки бо Ориф Гулханӣ  ҳамзамон ва ҳаммаслак буданд, суруди “Ушшоқи Самарқанд”-ро ҳамчун суруди беҳтарини ҳама вақту замон дар оғози китоб ҷой додаанд. Ин қадршиносию сипосгузорӣ ба як нобиғаи санъат аст. Китоб бо ду алифбо — криллӣ ва лотинӣ ва панҷ забон маълумотро дар бар мегирад, – таъкид намуд сармуҳаррири нашриёт Асадулло Шукуров.

Асалой САРХАТЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: