Роҳбари вилоят К. Камолов бухороиёнро водор намуда буд, ки садди роҳи паҳншавии коронавирус гарданд.
Роҳбари вилоят К. Камолов бухороиёнро водор намуда буд, ки садди роҳи паҳншавии коронавирус гарданд. Бо ин мақсад ҳар яки мо худамон ва наздиконамонро бояд ҳифз намоем. Бо мақсади сабуктар сохтани таъсири манфии пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти вилоят ҳоло штаби ҷудогона амал мекунад.
Мутасаддиёни соҳаи иқтисодиёт бо субъектҳои соҳибкорӣ мунтазамона вохӯрда масъалаҳои онҳоро меомӯзанд. Дар вилоят аксарияти муассисаҳои дилхушкунанда, варзиш, хизматрасонии маишӣ, бозорҳои молҳои саноатӣ аз фаъолият монда бошанд ҳам корхонаҳои истеҳсолӣ ва дӯконҳои хӯрокворӣ, дорухонаҳо, нуқтаҳои тиббию муолиҷагоҳҳо фаъолияти худро идома медиҳанд. Барои фаъолияти мӯътадили тадбиркорон, имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Аз ҷониби гурӯҳи махсус иборат аз кормандони ҳокимият, садоратҳои иқтисодиёт , молия, андоз бобати ба ҷабрдидагони пандемияи коронавирус додани таътилҳои андозсупорӣ ва имтиёзҳо ба онҳо аз тадбиркорон ариза гирифта мешавад. Бонкҳои тиҷоратӣ низ бобати дароз кардани муддати пардохти харҷҳои кредитӣ аризаҳо қабул мекунанд. Аз ҷумла муддати пардохти вомҳои 500 нафар тадбиркорон ба андозаи 317, 4 миллиард сӯм ба таваққуф гузошта шуд. Дар бозорҳо барқарор нигоҳ доштани нархи наво муҳим аст. Бо сабаби ба таҳлука афтодани аҳолӣ ва ба маҳсулоти истеъмолӣ афзудани эҳтиёҷоти мардум аз ҷониби тадбиркорони ноинсоф фактҳои беасос бо нархи баланд фурӯхта шудани маҳсулот ба чашм мерасад. Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо назорат пурқувват мегардад. Дар вилоят бо мақсади дастгирӣ намудани беш аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони камдаромад ва мӯҳтоҷи дастгирӣ лоиҳаи "Биёед, як шавем!" амал мекунад. Ҳамин тариқа ба бештар аз 3000 нафар оилаҳои мӯҳтоҷи дастгирӣ аз ҷониби бештар аз 700 нафар тадбиркорон ва шаҳрвандони саховатманд кӯмак расонда шуд. Дар вилоят нисбати 543 нафар шаҳрвандоне ки қоидаҳои карантинро халалдор кардаанд, чораи маъмурӣ дида шуд. Вазъи имрӯза масъулиятшиносона рафтор кардани ҳар яки моро тақозо мекунад. Агар мо ҷавобан ба ғамхориҳои давлат ба қоидаҳои оддии талабкардашаванда риоя кунем, бешубҳа, аз фалокати таҳдидкардаистода - пандемияи коронавирус ҳар чӣ зудтар наҷот хоҳем ёфт. Саъдии бузург беҳуда нагуфтааст: " Бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд, бигзарад."
АМРУЛЛО АВЕЗОВ, мухбири " Овози тоҷик" дар вилояти Бухоро.