БАР ҲИСОРИ ШОДМОН ХУШ ОМАДЕД!

Раҳоварди сафар

Мо дар утоқҳои бӯстонсарои хурдакаки Театри лухтаки ҷумҳуриявии Тоҷикистон ҷойгир шудем. Ин меҳмонхона хеле зебо сохта шудааст. Хонаҳои алоҳида бо рахти хоб ва ҷиҳози дигари зарурии маишӣ комилан муҷаҳҳаз мебошанд. Роҳбаладамон Қиёмуддин Сатторӣ дар сари ҳамаи ин корҳо меистод. Чаҳор ҳамкурс хӯроки шомро дар фазои суҳбатҳои самимӣ ва  базлагӯиҳои ҷолиб нӯши ҷон кардем.
– Шумо роҳи дароз тай карда омадед ва акнун истироҳат кунед, зеро фардо дар як чорабинии наврӯзӣ ширкат мекунем ва баъд ба Ҳисори шодмон меравем. Ман ин ҷо ба сифати роҳбари бадеӣ низ кор мекунам.  Маъмурияти театр аз ман хоҳиш намуд, ки шуморо ба маҳфили наврӯзӣ даъват кунам,– иброз дошт Қиёмуддин ва ҳамроҳи мо шабро дар ҳамин ҷо рӯз кард.
– Сафари шумо ба Душанбе ба вақте рост омад, ки мо таҷлили ҷашни наврӯзии худро баргузор мекунем. Ширкати шумо, меҳмонони азиз, ин базми моро шукӯҳи тоза хоҳад бахшид. Хуш омадед, ба базми идонаи мо, – бо тавозӯъ гуфт директори театри лӯхтак Суҳроб Мирзоев. 
– Мо аз ҳузури шумо хеле шоду сарфароз ҳастем. Ин ба шарофати сафари давлатии Президенти кишвари шумо Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ба муҳлати муайян аз байн рафтани низоми раводиди байни ду кишвар ва боз шудани марзҳоямон ба вуқӯъ пайвастааст, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд ноиби ӯ, зани қоматбаланди зебо  Наргис Розиқова.
Мо муддати беш аз ду соат ғизоҳои хоси наврӯзӣ тановул кардем, аз таронаҳои хубу гуворои тоҷикӣ лаззат бурдем, рақсҳои дилпазири ҳунармандони театрро тамошо кардем. Ростӣ, дар ёдам нест кай дар чунин маҳфили гуворо ширкат  дошта бошам, ки ҳама ба форсии тоҷикӣ ҳарф зананд, шеър хонанд ва тарона сароянд.  Рақсҳои дилфиребу ҷолиби яке аз духтарчаҳои кормандони театр хеле мафтункунанда буд.
Барои чунин лутфи беандоза ба Суҳроб Мирзоев, Наргис Розиқова ва ҷамъи кормандони он арзи миннатдорӣ карда, ба мошини Бадриддин Мақсудов савор шудем. Вай зодаи шаҳри Конибодом аст ва аз зумраи он ҳамкурсонамон мебошад, ки баъди хатми донишгоҳ солҳои зиёд дар Афғонистон мутарҷим шуда кор кардааст. Ҳатто иттифоқ афтодааст, ки дар шаҳри Кобул бо ҳам вохӯрем ва аз кору зиндагии якдигар бохабар шавем. Вай сонӣ машғули корҳои илмиву пажӯҳишӣ шуда, аввал номзад ва баъд унвони доктори илмҳои филологиро ба даст овардааст. Бадриддин профессори факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Корҳои пажӯҳишиаш ба ҳаёт ва фаъолияти Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бахшида шудаанд.
– Вақте ки Қиёмуддин аз омадани шумо маро огоҳ кард, аз шодӣ сарам ба осмон расид. Воқеият аст, ки аз ташрифи шумоён хеле хушҳол ҳастам, – гуфт Бадриддин Мақсудов ва роҳравон бароямон аз кору фаъолият, зиндагӣ ва  фарзандону наберагонаш нақл кард.
– Ба назарам, роҳи байни Душанбеву Ҳисор хеле хубу ҳамвор шудааст, ки ҳаваси касро меорад,– гуфтам ба Қиёмуддин, ки дар паҳлӯям менишаст. Шояд вай  мехост  ба мо халал нарасонад, то ки аз тамошои манзараҳои ду тарафи роҳ баҳра барем. 
– Иқтисодиёти Тоҷикистон оҳиста ривоҷ меёбад ва муаммоҳои зиёди мардуми мо низ мунтазам ҳаллу фасл мешаванд. Байни Тоҷикистону Ӯзбекистон бояд робитаҳо беш аз пеш вусъат ёбанд, ҳамкориҳо дар ҳама самт роҳандозӣ шаванд, он гоҳ аз ин равобит ҳарду кишвар ва мардуми он манфиат хоҳанд дид, – гуфт вай. – Ӯзбекистон ба мо интиқоли гази табииро нисбат ба нархи бозори ҷаҳонӣ арзонтар кардааст, тибқи муоҳида  Тоҷикистон низ интиқоли нерӯи барқро ба минтақаҳои ҷануби кишвари шумо оғоз намуд,– қаноатмандона афзуд Қиёмуддин Сатторӣ.
Мошини мо аз роҳи калон ба тарафи чап тоб хӯрд ва ба самти маркази Ҳисори Шодмон ҳаракат кард. Дар пеши рӯи мо бинои хеле бузург меистод, ки шакли харбузаро дошт.
– Ин бинои ғайриоддии харбузамонанд чойхонаест, ки бо услуби хоси миллӣ сохта шудааст ва мислаш дар ҷаҳон дида намешавад. Онро ҷамъияти саҳҳомии кушоди «Шаҳрофар» тарҳрезӣ намудаву сохтааст, – тавзеҳ дод   Қиёмуддин Сатторӣ.
Дарҳақиқат, ин бинои боҳашамати харбузашакл тамошобоб буд. Он 43 метр баландӣ дошта, дарозияш 100 метр ва паҳнояш 55 метрро ташкил медодааст. Гунҷоиши ошёнаи якуми он бо масоҳати 1600 метри мураббаъ барои зиёда аз ҳазор нафар муштарӣ муқаррар шудааст. Ин ошёна дорои ду утоқи калон, 5 ошхонаи замонавии бо ҷиҳози технологӣ муҷаҳҳаз низ мебошад. 
– Дар толори ошёнаи сеюм бо масоҳати 2000 метри мураббаъ 1300 нафар метавонанд нишаста тановул кунанд. Ҷамъи коргарони он 100 нафарро ташкил мекунад. Масоҳати умумии  он 4,5 гектар буда,  дар атрофи ин чойхонаи ғайриоддӣ ба масоҳати 22 гектар бунёди боғи фарҳангиву фароғатӣ низ тарҳрезӣ шудааст,– гуфт Қиёмуддин Сатторӣ.
Баъди боздид аз ин объекти бузург мо роҳамонро ба самти хонаи Лутфулло Фазлиддинов давом додем, ки дар яке аз маҳаллаҳои Ҳисори Шодмон воқеъ гаштааст. Баъд базмро дар ҳавлии Лутфуллоино идома додем.
– Беҳуда нагуфтаанд, ки «Интизорӣ бадтар аз марг аст». Мисли мурғи пойсӯхта кардед маро,– гилакунон ба пешвозамон баромад Лутфулло Фазлиддинов.
– Мо дар роҳ камтар банди корҳои дигар шудем,– сабаби дер монданамонро тавзеҳ дод Бадриддин Мақсудов ва моро аз вартаи хиҷолат берун кашид.
Баъди ба канор кашиданҳо вориди ҳавлии Лутфулло шудем.   Ҳамаи аҳли хонавода низ моро хуш истиқбол намуданд. Боиси хурсандӣ буд, ки баъди пушти сар кардани ҳодисаҳои мағшуши солҳои навадум мардуми тоҷик дубора ба ҳолати муқаррарӣ баргашта ва машғули зиндагии боамну субот ва ободу фаровон шудааст.
Дар хонаи калону васеъ дастурхон густурда буданд ва рӯи он анвоъи зиёди хӯрданӣ мавҷуд буд. Аввал як пиёла чой хӯрдем ва баъд таоми сиёҳалаф оварданд, ки шояд даҳ-понздаҳ сол боз аз он тановул накардаам. Онро хеле бомазза пухтаанд. Сонӣ ба мо ҳамкурсони дигарамон – Лутфулло Гиёев ва Лоиқ Саидов пайвастанд, ки яке дар Ҳисору дигаре дар Шаҳринав зиндагӣ мекарданд. Суҳбатҳои ширин, ёдоварии ҳодисаҳои солҳои донишҷӯӣ, завқу шавқи дидоре, ки баъди чиҳил сол ба вуқӯъ пайваст, табъамонро  хеле болида сохт.
Қиёмуддин ҳамаро огоҳ кард, ки имрӯз зодрӯз дорам. Лутфулло Фазлиддинов гуфт, ки ба шарафи мавлуди ман вай боз як бори дигар зиёфати дӯстонро бар дӯш мегирад ва ин корро анҷом дод. Дар тӯли солҳои дароз бори аввал дар иҳотаи ҳамкурсони собиқи худ рӯзи таваллуди худро таҷлил кардам.
– Бовар кунед, шахси хеле хушбахт ҳастам, чунки  бори аввал рӯзи таваллудамро ройгон, яъне аз ҳисоби дигарон таҷлил мекунам! – гуфтам шӯхикунон ба ҳамкурсони собиқам.
Ҳама баробар ба ин гуфтаҳо қарсак заданду хандиданд. Ҳамон рӯз бароям хеле хотирмон гузашт. Зеро баъд аз хонаи Фазлиддинов дар хонаи Лутфулло Гиёев меҳмон шудем. Завҷаи вай – Манзура низ ҳамкурсамон мебошад.
– Ман  ду рӯз боз шуморо интизорам, аммо ҳеч не, ки шумо ба хонаи мо биёетон, – гуфт каме гилаомез Манзура.
– Гилаатон нури дида, Манзураи азиз,– гуфтем баробар ҳама. 
Ҳавлии  барҳавову бошукӯҳ, мошинҳои сохти хориҷӣ, дастурхони пур аз нозу неъмат аз он дарак медоданд, ки Лутфулло ва Манзура  зиндагии хубу фаровон доранд. Аз дидани ин ҳол хеле хушҳол шудам. Ваъда кардам, ки бо онҳо дар таҷлили 40-солагии хатми донишгоҳ боз вомехӯрем. 
Баъди меҳмондориҳои пайдарпайу гуворо мо Ҳисори Шодмонро тарк кардем ва ба шаҳри Душанбе баргаштем. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: