БАР ЗИДДИ ИН ОФАТ БОЯД ҲАМҶИҲАТ БОШЕМ

Алҳол мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки дарвозаҳои дунё ба рӯямон бозанд.

Алҳол мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки дарвозаҳои дунё ба рӯямон бозанд. Бо мурури вақт дунёро шинохта истодаем, дунё низ моро идрок менамояд, ба мо рӯйи эътибор мегардонад, мо дунёро, дунё моро меомӯзад.
Бале, муколама бо дунё дар баробари бартариҳо мушкилот низ дорад. Пандемияи коронавирус чанд моҳ аст, ки аҳли оламро ба ташвиш андохтааст. Он барои бани башар, аз ҷумла ӯзбекистониён, имтиҳон аст.
Имрӯз ин инфексияи хавфнок ба беш аз 160 мамлакати дунё паҳн гардидааст. Беморони ба ин инфексия гирифторшуда дар сартосари олам беш аз 245 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор беш аз 8 ҳазор нафар фавтида, зиёда аз 81 ҳазор то бобат шудаанд.
Дар кишвари мо қариб 6 ҳазор нафар дар ҳолати карантин қарор доранд. Бисёр чорабиниҳои эҳтиётӣ андешида мешаванд. Донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ  ба зодгоҳашон фиристода шуданд. Дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ таътили пеш аз муҳлат оғоз ёфт.
Таассуф, ки баъзеҳо аз ин ҳолат ба таҳлука афтода, дар ғами захира кардани хӯрокворӣ мебошанд. Дар бозорҳо баъзеҳо худсарона нархи наворо боло мебардоранд, ки низ ҳолати номатлуб аст. Кас ғайриихтиёр ба андеша меравад: чӣ, ин худ ҳамин рӯзро интизор буданд? Дар бозорҳои мамлакат ҳолати дигар низ ба мушоҳида мерасад. Баъзе соҳибкорони баинсофу баимон халқро аз ҳисоби худ бо маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин карда истодаанд. Аҳсант ба онҳо! Сарвари мамлакатамон ҳангоми муроҷиат ба халқ бо ишора ба ин ҳолат гуфт: «Дар мамлакатамон захираи кофии хӯрокворӣ мавҷуд аст, аз ин рӯ, барои хавотиркашӣ асосе нест. Бар зидди ин балои ба сари халқ омада,  бояд ҳамаамон ҳамҷиҳатона мубориза барем».
Воқеан, дар чунин вазъият хабар ва шарҳи нодуруст дар матбуот ноҳинҷориҳои зиёде дар пай дорад. Дар таътили иҷборӣ вақтро бо китобхонӣ ва тамошои намоишу филмҳои пурмазмун гузаронидани донишҷӯён судбахш аст.
Бубинед, дар чунин ҳолат низ дастгирии аҳолӣ дар мадди назари сарвари давлат қарор дорад. Ба халқ маълумоти дақиқу шаффоф дода мешавад. Ҳар рӯз тавассути матбуот вазир ё мутахассисони вазорати тандурустӣ вазъи ҷориро шарҳ медиҳанд.
Солҳои охир ба мушкилоти санитарию эпидемиологӣ рӯйи эътибор гардонда мешавад. Роҳбари давлат гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар кишварамон 2 беморхонаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, 14-то беморхонаи касалиҳои сироятии вилоятӣ, 216-то муассисаи санитарию эпидемиологии минтақавӣ фаъолият доранд. Воқеан, тавре ки сарвари давлат таъкид намуд, тӯли 25 сол пойгоҳи моддию техникии соҳа аз назари эътибор дур афтода буд. Таҷҳизоти тиббӣ намерасид, лабораторияҳо вазъи ногувор доштанд. Хабар дар бораи таҳия шудани лоиҳае, ки ҳолати  санитарию эпидемиологии ҷумҳуриро беҳ месозад, мутахассисони соҳаро хушнуд сохт.
Ин ҳам боиси тасаллии аҳолист, ки муассисаҳои тиббӣ ба режими кории фавқулодда гузаронида, санаторияю муолиҷагоҳҳо ба ҳолати карантин мутобиқ кунонида шудаанд. Воситаҳои ташхисгузорӣ омода, дорувориҳо кофӣ мебошанд. Барои ин аз буҷет маблағи зарурӣ ҷудо карда шудааст. Яъне, барои мубориза алайҳи коронавирус аз ҷониби ҳукумат чорабиниҳои зарурӣ андешида мешаванд. Мардуми доно ва заҳматписанди мо мушкилоти зиндагиро дар ҳама давру замон бо сабру таҳаммул пушти сар гузоштааст. Ин бор низ чунин хоҳад шуд.  

Маъмур АҲМЕДОВ,
шифокори касалиҳои сирояткунандаи Иттиҳодияи тиббии 
ноҳияи Қибрай.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: