Ҳар гоҳ ки бо талабагони собиқи худ рӯ ба рӯ шавам, ё аз комёбии онҳо дар рӯзгор огоҳ гардам, дилам аз фараҳ саршор гашта, вуҷудамро эҳсосоти гуворое фаро мегирад.
Охирҳои соли 2019 буд. Садои занг водор намуд, ки ба берун бароям. Назди дарвоза хонандаи собиқи худ Барака Усмоновро дида, хеле шод гардидам. Охир, вай талабаи беҳтарини синфи 7"А» буду банда соли аввали омӯзгорӣ дар мактаб роҳбари ҳамин синф.
– Муаллим, бегоҳӣ ба хона гузаред, маъракае дорем,– гуфт вай.
– Чӣ гуна маърака? – пурсидам аз ӯ.
– Ҳамту худамон, дар арафаи Соли нав бо ёру дӯстон мешинем, – илова намуд вай.
Қариб ним аср сипарӣ гашта бошад ҳам, Барака мисли давраи бачагӣ кушодчеҳраю самимӣ, хоксору камсухан буд. «Бисёр хуб» гӯён ӯро гусел менамудаму мурғи хаёл, аллакай, сӯйи дуриҳо парвоз дошт. Чи хеле ки панҷ панҷа баробар нест, табиист, ки иқтидору истеъдоди шогирдон низ аз ҳамдигар фарқ дорад. Албатта, чун инсон ҳама азиз, бо вуҷуди ин талабагони боодобу аълохон дар дил маъвои махсус доранд. Барака Усмонов аз ҷумлаи онҳост. Дар синф аълохонон зиёд буданд, вале байни эшон Барака ягона буд. Вай ҳам дар одоб, ҳам бобати хониши аълою хушахлоқӣ аз дигарон болотар меистод. Ҳама ӯро ба донишҷӯии ҳар гуна мактаби олӣ муносиб ва зебанда меҳисобиданд, вале «гапи хона ба бозор рост наомад». Шароити оилавӣ, фавти бармаҳали падар, байни хоҳарон писари ягона будани Барака, пирии модар ва ғайра имконият надод, ки ӯ орзӯи таҳсили мактаби олӣ кунад. Б. Усмонов баъди хатми мактаби миёнаи ҳамон вақт тоҷикии рақами 20 ба номи А. Берунии ноҳияи Шофиркон дар мактаби бухгалтертайёркунии Бухоро таҳсил гирифт. Ӯ сонитар техникуми хоҷагии қишлоқи Бухороро ғоибона хатм кард. Фаъолияти меҳнатии вай дар зодгоҳаш деҳаи «1 Май» (Деҳқонободи ҳозира) оғоз ёфтааст. Барака аз соли 1980 дар совхози пахтаистеҳсолкунии ба номи Илич кор кард.
Соли 1996 ӯро раиси хоҷагии ҷамоавии ба номи Мансур Одилов интихоб намуданд. Ба вай лозим омад, ки солҳои тангии иқтисодӣ ҳам хоҷагиро аз вартаи муфлисӣ раҳонаду ҳам ба оилаҳои мӯҳтоҷи дастгирӣ дасти ёрӣ дароз кунад. Сипас вай дар давоми ҳашт сол ҳамчун раиси ҷамоати шаҳрвандони деҳоти Вардонзе фаъолияти меҳнатиашро идома дод.
12-13 сол муқаддам вардонзеиён бо мақсади дастраскунии гази табиӣ дар ҳудуд бо роҳи ҳашар ба по хестанд. Яке аз ташаббускорон ва ташкилотчиёни ин ҳаракат дар Деҳқонобод Усмонов буд. Таҳти роҳбарӣ ва заҳматҳои ӯ орзӯи деринаи мардум ҷомаи амал пӯшид. Баробари гази табиӣ ба хонадони одамон файзу шукӯҳ даромад. Сатҳи зиндагӣ, маданияти рӯзгор рӯ ба беҳбудӣ овард. Хусусан дар фасли зимистон бори ташвиши сокинон сабуктар гардид. Соли 1999 ба хоҷагии фермерии «Бакирбобо» асос гузошт. Ин хоҷагии ғаллаю пахтапарварӣ ҳар сол корро бо муваффақият ба сомон мерасонад.
* * *
Охирҳои соли 2018 роҳбари «Бухоро агрокластер» Азамат Султонов бо раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ш. Рашидов» («Вардонзе»-и аввала) Барака рӯ ба рӯ шуда, ба мақсад гузашт:
– Мо Шуморо, ки таҷрибаи зиёди хоҷагидорию роҳбарӣ доред, ба вазифаи сардори ҳудуди «Вардонзе» муносиб дидем. Таклифи ногаҳонӣ Баракаро ба андеша водор кард.
– Дар арафаи ба нафақабароӣ боз як масъулияти нав? Чӣ гуна мешавад?
– Хуб мешавад.
– Фикр карда мебинам, – ҷавоб дод вай.
Ду-се рӯз сонӣ Азамат Акрамович ба Усмонов занг зад.
– Ба фикрам Шумо иқлими минтақаи моро хуб медонед, – оғоз кард раиси маҳалла. – Азбаски ҳудуди Вардонзе дар домани дашти Ҷилвон воқеъ гардидааст, зимистонаш хеле хунуку тобистонаш беҳад гарм аст. Камобӣ масъалаи аввалиндараҷаи мост. Агар бобати кофтани чоҳҳои обёрикунӣ кӯмак мерасондед, мушкилоти хоҷагиҳои фермериамон осон мешуд, – арзи дил намуд вай.
Ҳамин тариқа, роҳбари кластер хароҷоти кофтани чоҳҳоро ба гардан гирифту Усмонов сардори ҳудуди «Вардонзе» таъин шуд. Масъулияти нав ӯро ноором кард. Вай аз вазъи кори ҳамаи 74-то хоҷагии фермерии ҳудуд, ки соҳиби 21 ҳазор гектар замин буда, дар 3,5 ҳазор гектари он асосан зироати ғаллаю пахта мерӯёнанд, хуб огоҳ буд. Аз ин рӯ, роҳбарони хоҷагиҳои фермериро водор намуд, ки баҳри рӯёндани ҳосили фаровон бояд аз сари сол азму кӯшиш кунанд. Деҳқонони асил беҳуда нагуфтаанд: «Деҳу тамаъ кун.» Барои ҳосилхез шудани киштзор бояд таркиби хок серғизо бошад. Барои ин дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ба қитъаҳо партофтани нурии маҳаллӣ зарур аст. Шудгору обёрии саривақтӣ, хусусан аз чиллаоб сер кардани майдонҳо аз як тараф шӯри киштзорро кам кунад, аз тарафи дигар имконият медиҳад, ки то мавсими киштукор намнокии хок нигоҳ дошта шаваду замин чун хамири расида ба пахтакорӣ тайёр гардад. Эътибори ҷудогона ба ин ҷараён, риояи қатъии қоидаҳои агротехникӣ ва дар фасли баҳор ба ваъдааш вафо карда, ба фотеҳони дашт чоҳҳои обёриро дастрас намудани «Бухоро агрокластер» деҳқонони асили ҳудудро хеле рӯҳбаланд намуд. Дар натиҷа меҳнати фидокоронаи онҳо бесамар намонд. Заршиносон ҳам дар соҳаи ғаллапарварӣ, ҳам дар соҳаи пахтакорӣ нақшаҳояшонро бо муваффақият иҷро карда, дар вилоят пешсаф гаштанд. Дар охири сол роҳбари ҳудуд Б. Усмонов ба туҳфаи Президенти мамлакат Ш. Мирзиёев – автомобили «Спарк» сазовор гардид.
* * *
Маъракае, ки вай маро ба он даъват намуд, ба ҳамин муносибат будааст. Хоксориро бинед, ки ӯ дар ин бора чизе нагуфт.
* * *
Ҳамин тариқ, деҳқонони асили ҳудуди «Вардонзе» нақшаҳои солонаи ба давлат супоридани пилла, ғалла ва пахтаро ҳар сол бо муваффақият иҷро мекунанд. Соли равон низ ҳудуд нақшаи солонаи ба давлат супоридани пахтаро дар давоми 33 рӯзи корӣ дар вилоят аввалин шуда ба сомон расонд. Ҳимматбаландони вардонзеӣ ба давлат ба ҷойи 3925 тонна зиёда аз 4500 тонна пахта супорида, нақшаи солонаро 114 фоиз иҷро карданд. Ба ин комёбӣ саҳми хоҷагиҳои фермерии «Салимбобо» (сардораш Назирбой Салимов), «Ҳикоят-98» (Ҷӯрабек Саидов), «Соҳиб» (Шавкат Ботиров), «Ҳидоят Дилшод» (Назар Ҳидоятов), «КРУФ» (Аҳмад Холиқов), «Олимҷон оқ олтини» (Олимҷон Салимов), «Меҳнатсевар Ёрқул» (Ёрқул Салимов), «Полвонбобо» (Амон Раҳматов), «Нурислом – Ҷавоҳир омад» (Ҷамшед Орифов) ва дигарон, ки нақшаи солонаашонро 100-220 фоизӣ иҷро кардаанд, калон шуд.
– Таҳти роҳбарии Президенти мамлакат ислоҳоти хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла, ташкил ёфтани кластерҳо барои мо – кормандони соҳа судовар гардид. Бо дастгирии иқтисодии «Бухоро агрокластер» дар ҳудуд кофта шудани қариб 100 чоҳи обёрикунӣ мушкили деҳқононамонро осон карда, омили муҳими комёбӣ шуд, ба саҳро бароварда шудани нуриҳои маъданӣ, сӯзишворӣ ва таъминоти техникаи зарурӣ ба ҷараёни кори деҳқонон болу пар бахшид,– изҳори хушнудӣ намуд сарвари деҳқонони ҳудуд Б. Усмонов.
Гуфтан ҷоиз аст, ки Барака бо ҳамсараш Зулфия ҳафт фарзандро ба воя расонда, соҳиби хонаю дар гардондаанд. Онҳо пайравони муносиби волидони худ мебошанд.
Хидматҳои хоксоронаи Барака Усмонов бо нишони сарисинагии «25-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва ифтихорномаҳо тақдир ёфтааст. Ӯ сарбаланд аст, ки баҳри саодатмандии мардум ва ободии диёр саҳм мегузорад.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.