Чанд сол қабл аснои сафар ба вилоятҳои Ҷиззах ва Навоӣ ва сайр дар кӯчаҳои деҳот воқеъ дар кӯҳистон дар бому бомгӯшаи қисмате аз хонадонҳо девораҳои аз офтоб энергиягирандаро мушоҳида карда будем.
Чанд сол қабл аснои сафар ба вилоятҳои Ҷиззах ва Навоӣ ва сайр дар кӯчаҳои деҳот воқеъ дар кӯҳистон дар бому бомгӯшаи қисмате аз хонадонҳо девораҳои аз офтоб энергиягирандаро мушоҳида карда будем. Деҳа ба энергияи барқ пурра таъмин. Пас зарурат чист, ки мардуми деҳот, ба душвориҳои таъмини техникӣ дар шароити кӯҳсори дурдаст нигоҳ накарда, панелҳои махсусро дар манзилҳояшон устувор кардаанд?
Ба мо фаҳмонданд, ки офтоб, шамол, биогаз манбаъҳои муҳими азнавбарқароршаванда буда, имкон медиҳанд энергияи барқ хеле сарфа карда шавад.
Ҳаёти имрӯзаро бе барқ тасаввур кардан душвор. Нафақат баҳри рушд ва барқарории иқтисодии мамлакат, балки барои ҳар хонадон он чун обу ҳаво зарур. Як замонҳо барқ танҳо барои таъмини равшанӣ хидмат мекард. Имрӯз дар дурдасттарин нуқтаҳои аҳолинишин аз мошинҳои дарздӯзию либосшӯӣ, яхдону кондисионер ва амсоли инҳо муттасил истифода мекунанд, ки ин гуна асбобҳои техникӣ-маишӣ бе барқ кор намекунанд.
Тақрибан даҳ сол пештар нафақат дар деҳаҳои ҷудогона, балки қисмате аз шаҳрҳо чароғи электрикӣ хомӯш шуда меистод ё барқ дар муддати муайяни шабонарӯз фиристода мешуд, ки ин нороҳатии зиёд тавлид месохт. Мардум арзу шикоят менавишт, вале азбаски аз рӯи ноилоҷӣ ин ҳолат ба вуқӯъ мепайваст, шикоятҳо бенатиҷа мемонданд.
Ёд дорам, ин мавзуъ дар як нишасти матбуотӣ бо иштироки масъулони Вазорати энергетика низ мавриди гуфтугӯи ҷиддӣ қарор гарифта буд. Журналисте гуфт,чанде пеш дар Қӯқанд будем, аввали шаб электр хомӯш ва ҳама ҷо торикистон гардид. Гап дар хусуси бечароғии деҳоти дурдаст не, дар бораи зуд- зуд хомӯшшавии барқ дар яке аз шаҳрҳои ба назар намоёни ҷумҳурӣ меравад.
Сабаби ин ҳолат чист? Чаро дар давраи шӯравӣ ва солҳои аввали истиқлолият бечароғӣ муаммо набуд? Ҳатто қисмате аз ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои ҳамсояро Ӯзбекистон бо барқ таъмин мекард.
Пеш меравем ё қафо?
Ба ҳолатҳои ногуворе, ки дар таъмини знергияи барқ рӯй медиҳанд, масъулони вазорат иқрор шуданд. Ва фаҳмонданд, сабаби асосии ин гуна вазъ афзудани аҳолӣ, зиёд шудани талабот ва эҳтиёҷ ба неруи барқ аст. Ҳар қадар корхонаҳои истеҳсолӣ ба фаъолият сар кунанд, шаҳр ва деҳотамон доманфарох ва обод гарданд, ниёз ба барқ ҳамон қадар зиёдтар мешавад. Бо назардошти ҳамин вақтҳои охир якчанд истгоҳи истеҳсолкунандаи барқ сохта шуданд. Хусусан, барпои гидроэлектроистгоҳҳои хурд дар маҳалҳои ҷудогона босуръат идома доранд.
Ҷуз ин ба яке аз муҳимтарин масъалаҳои ҳаёт – сарфаи маҳсулоти нафту барқ эътибор пурзӯр ва дар ин самт ҳуҷҷатҳои муҳим ба имзо мерасанд. Умед аст солҳои наздик муаммои хомӯшшавии чароғ ва таъмини барқ куллан ҳаллу фасл гардад, гуфта буд намоянда аз идораи энергетикӣ дар фуроварди сухан.
Воқеан вақти зиёд нагузашта ин масъала то андозае ҳал гардид, шикоятҳо дар ин мавзӯъ қариб қатъ ёфтанд. Ин рӯзҳо хеле муътадилии вазъ дар маҳалҳоро равшан мушоҳида менамоем. Худо нахоста садама ё ҳолати ногаҳонӣ рӯй надиҳад, таъмини муттасили энергетикӣ идома меёбад. Зеро, дарк кардаем баногаҳ хомӯшшавии барқ — қатъшавии “ҳаёти техникист».
Самаранокии кор дар ин самт ба чӣ вобаста?
Якум, ба истифодаи оқилона аз манбаъҳои энергетикӣ. То имкон будан эҳтиёт ва сарфа кардани он. Истифодаи оқилона ва сарфакорӣ, зимнан, аз муҳимтарин омилҳои рентабелнокии истеҳсолӣ мебошад. Ақл ва идрокро ба кор андозем, ба амнияти энергетикӣ низ даст ёфта ва пеш меравем, ба ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани дараҷаи зиндагии аҳолӣ ва тараққиёти кишвар муяссар мегардем.
Тӯли се-чаҳор соли охир оиди баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ дар нуқтаҳои иқтисодӣ, ҷорӣ сохтани технологияи сарфакунанда, истеҳсоли энергияи барқ аз манбаъҳои азнавбарқароршаванда як қатор чораю тадбирҳои зарурӣ ба амал бароварда шуданд.
10 июли соли 2020 қарори Президент “Дар бораи чораҳои иловагӣ доири коҳиш додани тобеӣ ба маҳсулоти сӯзишворӣ-энергетикӣ дар нуқтаҳои иқтисодиёт тавассути баланд бардоштани самаранокии энергетикии иқтисодӣ ва ҷалбсозии захираҳои мавҷуда” ба имзо расид. Дар ин ҳуҷҷат роҳҳои расидан ба натиҷаҳое, ки қайд кардем, аниқ муайян карда шудаанд.
Масъалаи ҷалб сохтани сармоягузорони хориҷӣ дар барпои истгоҳҳои энергияи офтоб ва шамол, ки то 1мВт нерӯ доранд, дида баромада шуд. Нархҳои аниқи харид муайян гаштанд. Баҳри ба амал баровардани нуктаҳое, ки дар қарор таъкид ёфтаанд, яъне татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи истифода аз манбаъҳои энергетикии барқароршаванда (ғайр аз гидроэлектростантсияҳо) баҳри аниқсозии потенсиали сармоягузорон савдоҳои музоядаи шаффоф рӯи кор омаданд. То ин вақт дар мамлакат, ҳарчанд аҳамияти ГЭС-ҳои хурд ба касе сир набуд,барои барпои онҳо ҳаракат зоҳир намешуд. Ҷалбсозии сармояҳои хусусиро ба ин масъала касе ба гӯшаи хотир намеовард. Акнун дар асоси қарори роҳбари давлат ҳамасола таҳти ҳамдастии масъулони идораю вазоратҳои дахлдор ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ рӯихати барпои ин гуна истгоҳҳо мураттаб гардонида ва сармоягузорон таклиф карда мешаванд.
Тавре мутахассисон аниқ кардаанд, дар ҳудудҳои дурдаст ба ивази барпои ГЭС-ҳои хурд ҳар сол 350 миллион киловатт соат истеҳсол кардани энергияи барқӣ, дар истгоҳҳои барқии гармдиҳанда сарфа кардани 100 миллион кубометр газ имконпазир мегардад.
Дар қарори зикршуда тӯли солҳои 2020-2022 оиди параметрҳои мақсадноки захираҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ дар иқтисодиёт, сарфасозии захираҳои мавҷуда дар нуқтаҳои иқтисодӣ “харитаи роҳ” тасдиқ ёфтааст.
Назар ба маълумоти мутахассисони “Ӯзэнергоинспексия”, имрӯзҳо ҳар як хонадон имкон дорад бо истифодаи оқилона аз барқ соле ба ҳисоби миёна 400 кВт соат энергияи электрикро сарфа намояд. Агар ҳар як оила ин тавр сарфакорӣ созад, миқдори нерӯи барқии сарфашуда дар ҷумҳурӣ 1,8 млрд кВт соатро ташкил карданаш мумкин. Агар ба 150 ҳазор хонадон панелҳои офтоб ва сохторҳои обгармкунанда устувор карда шаванд, соле 319 миллион куб гази табиӣ сарфа карда мешавад.
Самаранокӣ ва сарфакорӣ, бешубҳа, болу пари тараққиёт мебошанд. Бо ифодаи дигар, манбаъҳои энергияи барқароршаванда ҳар қадар васеъ мавриди истифода гарданд, таъмини энергияи барқ ва маҳсулоти нафту газ дар нуқтаҳи иқтисодӣ ва хонадонҳо осонтар мекӯчад.
Қарори дар боло қайдшудаи роҳбари давлати мо пурра татбиқи амалии худро ёбад, имконият фароҳам меояд чораҳои самаранокии энергетикӣ пурзӯр гашта, то миёнаҳои соли 2022 3,3 млрд кВт соат энергияи барқ,2,6 млрд кубометр гази табиӣ, 16, 5 ҳазор тонна маҳсулоти нафт сарфа карда шавад.
Тавре оқилон гуфтаанд, баракат дар сарфакорист.
М. ШОДИЕВ,
шореҳи иқтисодии
“Овози тоҷик”.