Модели миллии Ӯзбекистон оид ба коҳиш додани камбизоатӣ дар мактаби иқтисодиёти Париж тақдим гардид.
Директори Маркази тадқиқотҳои иқтисодӣ ва ислоҳот Обид Ҳакимов дар мактаби иқтисодиёти Париж таҳти мавзӯи «Самарабахшии барномаҳое, ки Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби усули миллии коҳиш додани камбизоатӣ татбиқ менамояд» маърӯза кард.
Меҳмонон ва иштирокдорони махсуси чорабинӣ барандаи ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодиёт Абҳиҷит Банерҷӣ, директор оид ба сиёсати J-PAL Europe Киллиан Нолан, инчунин як қатор доираҳои бонуфузи намояндагии илмии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гардиданд. Шавқу рағбат ба ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегардад, гирди чорабинӣ қариб 30 коршиносони бонуфузи илмӣ ва байналмилалиро ҷамъ овард.
Директори МТИИ ташаббусҳои Ӯзбекистонро оид ба мубориза бо камбизоатӣ муаррифӣ намуд. Таъкид гардид, ки бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ дар кишвар бори аввал «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» роҳандозӣ гардид. Агар дар соли 2017 миқдори оилаҳои гирандаи ҳифзи иҷтимоӣ 500 ҳазор нафар бошад, пас то соли 2023 ба 2,3 миллион нафар расид. Дар баробари ин хароҷоти иҷтимоӣ дар тӯли панҷ сол 3,7 баробар афзуд.
Ҳамзамон роҳандозии низоми «Маҳаллабайъ» яке аз қарорҳои муассири сиёсӣ номбар шуд. Ҳамин тариқ, дар доираи барномаи солҳои 2022-2024 як миллион нафар барои лоиҳаҳои тиҷорати оилавӣ қарзҳои хурд гирифтанд. 152 ҳазор нафар шаҳрвандони дигар тавонистанд субсидия гиранд ва ташаббусҳои «Дафтари занон» ва «Дафтари оҳанин» 1,5 миллион бонувон ва 610 ҳазор эҳтиёҷмандонро дастгирӣ кард.
Дар бораи нақши барномаи давлатӣ ва мақсаднокии ислоҳот сухан ронда, барномаҳои «Ҳар як оила – соҳибкор», «Занони соҳибкор», «Бист ҳазор соҳибкорон ва 500 ҳазор мутахассисони соҳибихтисос» муаррифӣ гардиданд.
Боз як ташаббус – боғчаҳои бачагонаи оилавӣ ба бонувон имкон дод, ки дар маҳалла тиҷорати худро боз кунанд. Гуфта мешавад, ки ҳудуди 15 ҳазор оила аз ин фурсат истифода бурда, кумакпулӣ ва як қисми ҷуброни музди меҳнатро гирифтанд. Дар натиҷа дар тӯли шаш сол фарогирӣ ба таълими томактабӣ аз 25 то 70 фоиз афзоиш ёфт.
Дар натиҷаи барномаҳои ислоҳот, ки ба ҳал намудани мушкилоти камбизоатӣ ва нобаробарӣ нигаронда шудаанд, аз аввали соли 2021 сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 17 то 11 фоиз поён рафт. Тақрибан 2 миллион нафар аз камбизоатӣ раҳо шуданд.
Дар давраи қиёсан кӯтоҳ ба дараҷаи назаррас коҳиш дода шудани миқёси камбизоатиро директори МТИИ «Дастоварди назаррас ва натиҷаи сиёсати самараноки иҷтимоӣ» номид.
Барандаи ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодиёт Абҳиҷит Банерҷӣ дар шарҳи арзёбии ислоҳот дар Ӯзбекистон ба табиати бисёрҷанбаи оилаҳои камбизоат ишора карда, таъкид сохт, ки «Дар ҷаҳон оилаҳои камбизоат зиёданд, аммо ҳам як оилаи камбизоат ба таври худ камбағал аст».
Профессор Банерҷӣ ба равиши Ӯзбекистон бобати мубориза бо камбизоатӣ – мақсаднокии баланди он ва хусусияти инфиродӣ алоҳида истода гузашта, қайд намуд, ки «низоми маҳаллабайъ» дар Ӯзбекистон оиди аз камбизоатӣ баровардани ҳар як оилаи эҳтиёҷманд ресепти ба худ хос дорад.
Дар рафти тақдимоти Индекси бисёрҷанбаи камбизоатӣ ба иштирокчиён натиҷаҳои аввалини тадқиқоти МТИИ пешниҳод карда шуданд. Аз ҷумла, барои аҳолие, ки аз душвориҳо азият мекашанд, нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ бодиққат таҳлил карда шуданд. Ба инҳо дастрасӣ ба беҳдошт, ҳисобсуратҳои бонкӣ, оби ошомиданӣ, манзил, хидматрасонии тиббӣ, воситаҳои алоқа, гармӣ, бехатарии озуқаворӣ, доштани активҳо, сатҳи таълим ва шуғли ғайрирасмӣ дохил гардиданд. Таҳлили аз ҷониби МТИИ пешниҳодшуда нишон дод, ки ҳалли мушкилот дар соҳаи таълим, бехатарии озуқаворӣ ва шуғл самти муҳим барои минбаъд коҳиш додани сатҳи камбизоатии бисёрҷониба дар Ӯзбекистон мебошад. Мақсаднок ҳал намудани мушкилот дар ин соҳаҳо барои коҳиш додани мушкилоти сершумор дар байни аҳолии осебпазир иқтидори бузург дорад.
Дар хотима таъкид гардид, ки сарфи назар аз мушкилоти боқимонда, арзёбиҳои пешниҳодшуда аз пешрафти назаррасе, ки Ӯзбекистон дар мубориза бо камбизоатӣ ва нобаробарӣ ба даст овардааст, шаҳодат медиҳад.
Ин саъю кӯшишро идома дода, Ӯзбекистон метавонад сатҳи муносиби ҳаётро барои тамоми шаҳрвандон таъмин кунад, камбизоатиро аз байн барад ва пайравии худро ба Рӯзномаи СММ то соли 2030» тасдиқ кунад, – қайд намуд коршинос.
Тақдимоте, ки аз ҷониби директори МТИИ гузаронда шуд, таваҷҷуҳи хоссаи коршиносони мактаби иқтисодиёти Париж ва таҳлилгарони J-PAL-ро ҷалб кард. Намояндагони маркази тадқиқотии J-PAL Europe, ки ба таҳия ва татбиқи равишҳои ба далелҳо асосёфта дар сиёсати иҷтимоӣ машғул аст, ба ҳамкориҳои минбаъда бо МТИИ изҳори ҳавасмандӣ карданд. Коршиносони байналмилалӣ ба тадқиқот ва натиҷаҳои ислоҳоти пешниҳодшуда, гузарондани муҳокимаи ҳамаҷонибаи илмии онҳо баҳои баланд доданд. Дар натиҷаи чорабинӣ ҷомеаи бонуфузи коршиносони байналмилалӣ, Модели миллии коҳиши камбизоатӣ дар Ӯзбекистон ҳамчун намунаи муваффақи сазовори паҳнкунӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ эътироф карда шуд.
АИ «Дунё»,
шаҳри ПАРИЖ.