Коршиносон ва мутахассисон чорабинии навбатӣ – сеюмин вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро дар тафреҳгоҳи «Аваза»-и Туркманистон чун марҳилаи муҳими ҳамгароии минтақа қаламдод мекунанд.
Коршиносон ва мутахассисон чорабинии навбатӣ – сеюмин вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро дар тафреҳгоҳи «Аваза»-и Туркманистон чун марҳилаи муҳими ҳамгароии минтақа қаламдод мекунанд. Агар ба домани васеи масъалаҳои баррасигардида ва иродаву хоҳиши пешвоёни ҷумҳуриҳо назар андохта шавад, ин нишонаҳо баръало маълум мегарданд.
Новобаста аз мавқеи ҷуғрофии минтақаҳо ва ҳавзаҳои онҳо дар харитаи кураи Замин мамлакатҳо ва ҳудудҳо барои ҳамкорӣ ва робита маҳкум ҳастанд. Воқиан дар бисёре аз минтақаҳои ҷаҳон иттиҳодҳои иқтисодӣ ва ё сиёсиву дигар эътилофҳо ташкил гаштаанд, ки Иттиҳоди Аврупо аз мисоли равшантарини онҳо ба шумор меравад.
Мувофиқан ба минтақаи мо – Осиёи Марказӣ ин таъбирҳоро – аз давраи даст ёфтани ҷумҳуриҳо ба истиқлолияти сиёсӣ – кор бурдан амри муҳол буд, зеро ки барои ин на хоҳиш ва на иродаи сиёсӣ вуҷуд дошт. Дар натиҷа қариб се даҳсола аз даст рафт, ки дар ин муддат бисёр холигиҳо – чи иқтисодиву сиёсӣ ва чи маданиву гуманитариро пур кардан мумкин буд. Дар натиҷаи аз арсаи зиндагӣ ва сиёсат нопадид гардидани ягона режими мамониатгари собиқ ва ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев ба тамоми масъалаҳои мавриди назар на танҳо нигоҳи тоза дӯхта шуд, балки онҳо ба тарзи тасаввурнопазир ба амал татбиқ гардиданд ва дар пеш ончунон лоиҳаҳое вуҷуд доранд, ки ҳанӯз чанд сол пеш хушбинтарин касон барои ба кор гирифта шудани онҳо бовар намекарданд.
Дар бобати ҳамсоягии давлатҳо ва бинобар сӯи тафоҳуми онҳо аз давлатмардони бузурги аввали асри XXI Владимир Путин боре гуфта буд: «Бо ҳар гуна мамлакати дур муносибати хуб ба роҳ гузоштан мумкин, аммо бо ҳамсоягон забон ёфтан санъат аст». Санъат дар сиёсат таҳаммул, гузашти ногузир, шикастанафсӣ ва ҷойи муносиби худро шинохтан аст. Вагарна ҳар гуна бузургманишӣ ва иддаову такаббури безамина ғолибан ба роҳи бумбаст мебарад.
Ин ва дигар масъалаҳо – ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи сиёсат ва бехатарӣ, ҳамкории минтақавӣ дар ҷиҳати иқтисодиёт, сармоя ва энергетика ва ниҳоят равобити маданиву гуманитарӣ дар режими конфронси онлайн зери унвони «Ҳолат ва истиқболи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» дар партави анҷоми сарони ҷумҳуриҳои минтақа дар «Аваза» мавриди назари мутахассисон ва расмиёни ин ҷумҳуриҳо қарор гирифт, ки онро Институти байналхалқии Осиёи Марказӣ (Тошканд) созмон дод.
Директори институт Анвар Носиров иштирокдоронро даъват намуд, ки намояндаи ҳар як ҷумҳурӣ аз бардошт ва натиҷагириҳояш аз ҳамоиши «Аваза» бозгӯйӣ кунад, то ки дар маҷмӯъ ба як хулосаи умумии умда бирасанд.
Дар бахши аввали анҷуман – равобит бобати бехатарӣ ва сиёсат мавзӯи Афғонистон ва вазъи сиёсии он, ки рӯз то рӯз тағйир меёбад, ногузир дар меҳвари суҳбат қарор гирифт. Азбаски ҳар гуна равобит, хусусан алоқаи иқтисодӣ дар замони мо бе коммуникатсия тасаввурнопазир аст, барои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дастёбӣ ба обҳои кушоди ҷаҳон хеле муҳим аст. Аз ин рӯ самти Афғонистон чун кишвари тронзит барои баромадан ба бандарҳои Покистон кӯтоҳтарин роҳ аст, ғалаёнҳои ҳафтаҳои охири ин кишвари ҷангзада ҳеч киро бефарқ гузошта наметавонист. Бо ин далелҳо, ҳар гоҳ, ки аз хусуси робитаву ҳамгароии ҷумҳуриҳои минтақа сухан меравад, албатта вазъу мавзӯи Афғонистон ба забон гирифта мешавад. Ва ҳатто дар партави ба ҳам пайвастани соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти минтақа ин ҳамсояи ҷанубӣ аз ҳалқаи муҳим ҳам шумурда мешавад.
Бино бар муштаракоти фарҳангӣ ва шабоҳати маишиву суннатӣ барои мардумонамон алоқаҳои маданиву гуманитарӣ ба руҳу қалб наздик менамояд. Ва қадри ин арзишҳо дар чоряк асри каме пеш барои халқҳоямон дучандон маълум гардид. Аз ин боис ба ғайр аз табодулҳои фарҳангиву сайёҳӣ, сафарҳои ҳунарии дастаҳо ва эҷодкорон таъсиси муассисаҳои таълимӣ хеле ногузир ба шумор меравад. Дотсенти филиали тошкандии Донишгоҳи иқтисодиёти Русия Равшан Назаров ба ин нукта таваҷҷӯҳ намуда, донишгоҳҳои муштараки славянии Тоҷикистону Русия ва Қирғизистону Русияро ба сифати мисол ба забон гирифт, ки ҳамчунин муассисаҳои таълимии гуманитариро дар ҷумҳуриҳои ҳамдигар боз намудан мумкин аст.
Воқиан дар шинохти хубтари қавму миллатҳо беҳтарин роҳ омӯзиши таъриху суннату забон ва маданияти ҳамдигар мебошад. Аз ин боис таъсиси риштаҳои таълимии гуманитарӣ усул ва шеваи беҳтару муфидтар барои қаринсозии миллату кишварҳо аст, то ин ки ягон факултаву гурӯҳи иқтисоду ҳисобу китобу молия, зеро ин фанҳои дақиқ дар ҳама ҷо бо як методу равиш таълим дода мешаванд ва муҳим нест ин пешаҳоро дар куҷо касб менамоянд.
Дар ҳар сурат ҳоло забону дили ҳама роҳбарон як аст ва гузашта аз ин барои боз ҳам муваффақтарашон «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» таъсис дода шудааст, ки бо нахустини он роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мушарраф гардонда шуд.
Тоҷибой ИКРОМОВ,
шореҳи сиёсии
«Овози тоҷик».