БАРДОШТҲОИ МАН АЗ МУСОҲИБАИ ПРЕЗИДЕНТ...

Ман дар хонаи меҳрубонӣ ба воя расидаам.

Ман дар хонаи меҳрубонӣ ба воя расидаам. Ҳоло дар Донишгоҳи ҳуқуқшиносӣ машғули таҳсил мебошам. Инчунин ба хабарнигорӣ иштиёқи баланд дорам. Барои ҳамин пешаи блогнависиро низ ихтиёр кардаам ва дар мавзӯъҳои гуногун хабару мақолаҳо менависам. Бо дӯстонам як роёнаи интернетӣ низ боз кардаем, ки матолиби он мавриди таваҷҷӯҳи муштариёни зиёд қарор гирифтааст. Аз тариқи он сиёсати Президентро тарғиб менамоем ва камбудиҳоро ошкор месозем.
Мусоҳибаи Президент бо рӯзномаи “Янги Ӯзбекистон” саропо қобили таваҷҷӯҳ мебошад ва он ҳамаи ҷанбаҳои сиёсати дохилӣ ва берунаи мамлакатамонро дар худ фаро гирифтааст. Дар хусуси он аллакай сиёсатмадорон, олимону адибон, коршиносон ва кормандони соҳаҳои гуногун вокуниш нишон додаву медиҳанд. Бо вуҷуди он ки ҳанӯз ҷавон ҳастам, ҷуръат намудам, ки доир ба баъзе нукоти мусоҳиба фикрҳоямро баён кунам.
Шавкат Миромонович зимни суҳбат гуфтааст, ки ҳар як миллат, ҳар халқе, ки дар назди худ бунёд намудани ҷомеаи одилона, зиндагии озод ва шукуфонро дар кишвари худ ҳадаф қарор медиҳад, роҳи душвор ва пурпечутобро тай мекунад. 
Дарвоқеъ, чунин аст. Мо, ҷавонон барои бунёди кишвари пешрафтаву муваффақ бояд дар паҳлӯи сарвари давлатамон қарор дошта бошем. Зеро тамоми талошҳои Президент барои бунёди ҷомеаи демокративу озод равона шудааст. Ҳоло дар кишварамон ислоҳоти доманфарох пиёда мешавад, ки дар меҳвари он беҳбуди ҳаёти мардум, аз ҷумла ҷавонон қарор гирифтааст.
Чунин гуфтаҳои сарвари давлатамон таваҷҷӯҳи маро ба худ ҷалб намуд: “Агар бигӯем, ки ғояи «Ӯзбекистони нав”, ки дар зеҳн ва қалби ҳамватанон ҷойгоҳи устувор гирифта, имрӯз ба як ҷунбиши миллӣ табдил ёфтааст, таҷассуми орзуҳову ормонҳои олимон ва мутафаккирони бузурги мост, ки ба давраи Эҳёи якум ва дуюм дар ин сарзамини бостонӣ асос гузоштаанд, ҳаргиз хато нахоҳад буд”.   
Тавре ки Президент дар мусоҳиба зикр намудааст, бунёди Ӯзбекистони нав ин танҳо хоҳиши субъективӣ нест, балки зарурати объективист, ки дорои пояҳои бунёдии таърихӣ мебошад. Барои ҳамин дар мамлакатамон барои бунёди он тамоми шароити созгор фароҳам оварда шудааст, ки  манфиатҳои миллии халқамонро мунъакис месозад.
Яке аз афзалиятнокии раванди ислоҳоти кунунӣ дар як ҷумла фаро хонда шудааст: «Мардум ба идораҳои давлатӣ не, идораҳои давлатӣ бояд ба мардум хидмат кунанд». Маҳз ҳамин шиори сарвари давлат буд, ки роҳбарони идораҳои болову пастро ба ҳушёрӣ водор намуд ва мавқеи онҳоро дар баробари хидмат ба мардум куллан тағйир дод.
Дар ҷои дигар Президент боз як нуктаи муҳимро ба забон овард, ки эътимод ва боварии ман ва ҷавонони зиёдро ба зиндагии имрӯза ва фардои дурахшон боз бештар афзуд. Вай гуфт: “Ман комилан дурӯғ ва намоиш доданро таҳаммул намекунам. Ин маънои зиндагии ман аст. Ман масъулияти сарнавишти миллионҳо одамонро ба ӯҳда гирифтаам. Сазовор шудан ба эътимоди баланди мардум, фароҳам овардани шароити муносиб барои онҳо маънӣ ва мақсади зиндагии ман аст”.
Оё қаблан чунин ҳарфҳоро мардум шунидааст? Оё воқеъият нест, ки сарвари давлат моро эътимоду боварӣ бахшиданист, то ки орому осуда машғули таҳсил ва кору зиндагии худ бошем? Ман тарафдори он ҳастам, ки ин суханҳои Президент бо ҳуруфи калон дар кӯчаву хиёбонҳо навиштаву тарғиб карда шаванд.

Шермуҳаммад ДЕҲҚОНОВ,
ҳуқуқшинос-блогнавис.

Шаҳри ФАРҒОНА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: