Аз таронаҳои шӯрангез ва дардноки Одина Ҳошим кӣ ба ваҷд наомадааст?
Аз таронаҳои шӯрангез ва дардноки Одина Ҳошим кӣ ба ваҷд наомадааст? Сурудаш қувваю сеҳри оҳанрабоӣ дошт ва таваҷҷӯҳи ҳамаро ба худ мекашид. Натанҳо сурудаш ҷаззобу дилнавоз, балки суҳбаташ низ басо ширину гуворо буд, дар интихоби шеър маҳорати комил зоҳир мекард.
Гулчини ашъори таронаҳояш ва шеърҳои мақбулашро дар дафтари калоне сабт намуда, онҳоро бо худ гирифта мегашт. Шеърҳои Бедил, Сайидо, Ҳилолӣ, Туғрал, Лоҳутӣ ва дигар шуароро бо як дилбастагии хосса тараннум мекард.
Аз Сайидо шеърҳои зиёдеро аз бар медонист. Ин байти шоирро бисёр такрор мекард:
Аз замин чӣ меҷӯӣ ва аз
фалак чӣ мехоҳӣ,
Гунбази тилисм аст он,
чодари хаёл аст ин.
Баъд аз хондан ба завқ омада, мегуфт:
– Баҳ-баҳ! Зебоиву маънии суханро, нозукиву табъи баландро бингаред!
Одина Ҳошим шеъру сухани нобро муқаддас меҳисобид. Касе, ки шеърро ғалат мехонд, ғалат маънидод мекард, ба эътирози сахти ӯ дучор мешуд.
Рӯзе дар маъракае мансабдоре як байт шеър мехонад ва қофияву радифу вазнро дарҳам-барҳам мезанад. Одина Ҳошим тоқат накарда, мегӯяд:
– Хонаи шеърро сӯхтед-ку. Ҳунар, ки надоред, чаро шеър мехонед?
Роҳбари ноҳия аз ин суханон сахт меранҷад ва баъд ба сардори идораи милиса амр медиҳад, ки баҳонае пайдо карда, Одина Ҳошимро ҷазо диҳад. Онҳо маҷбуран ҳофизро ба ҳабс мегиранд ва ӯ баъди як моҳ бо ёрии дӯстонаш озод мегардад. Ҳофиз ин воқеаро бо алами зиёд ба ёд оварда, аз бесаводӣ ва бемаърифатии баъзе роҳбарон шиква мекард.
Одина Ҳошим шахси хоксору фурӯтан, шикастанафс ва дарвештабиат буд. Ба зебу ороиш ва либосҳои гаронбаҳо ҳавас надошт, бо ҳунари волояш хидмат намудан ба мардумро хушбахтии бузург меҳисобид. Дар ҳар куҷо, ки андак шароити мусоид фароҳам ояд, мардумро бо ҳунараш шод менамуд.
Рӯзе ҳамроҳи писараш Раҳматулло аз минтақаи Себистони ноҳияи Данғара мошинсавор гузар мекунад. Мебинад, ки мардуми бисёр ба мевачинию даравгарию корҳои саҳроӣ машғуланд.
– Раҳматуллоҷон, мошинро нигоҳ дор, – мегӯяд ба писараш.
– Чӣ шуд, ота? – мепурсад Раҳматулло.
– Бачам, биё, камтар вақти ҳамин мардуми заҳматкашро шод гардонем.
– Не, ота, намешавад, О, мо кори зарур дорем. Рӯз ҳам бевақт мешавад. Бояд шитоб кунем.
– Э, бачам, аз шитоб ба ҷое намерасем. Мошинро дор.
Одина Ҳошим аз мошин фаромада, ба назди мӯйсафеде рафта, пас аз салому алейк мепурсад:
– Ота, маро шинохтед?
– Чеҳраат, писарам, ба назарам бисёр гарм метобад. Одина Ҳошим-ку нестӣ?
– Бале, ота. Одина манам.
– Э, дар овозат садқа. Аз куҷо меоӣ?
– Ота, мардумро фарёд кунед, камтар суруд хонда, хастагиашонро барорем.
– Аҷаб кори савобе мекунӣ, Одинаҷон.
Чун мӯйсафед аз омадани Одина Ҳошим мардумро хабар мекунад, дар чанд лаҳза майдони васеъ аз одам пур мегардад.
Одина Ҳошим ба сари теппачае нишаста, дуторчаашро бо кафи даст молиш дода, сипас онро ба наво оварда, ба хондани суруд сар мекунад. Боди форам садои ӯро ба дуриҳои дур мебурд.
Мардуми аз кори саҳро хасташуда ба сурудҳои Одина Ҳошим гӯш фаро дода, оламу одамро фаромӯш мекарданд. Ҳофизи хушадо қариб ду соат дар рӯ ба рӯйи деҳқонон сурудхонӣ мекунад ва ба онҳо қувваю мадори тоза мебахшад.
Чун сурудхонӣ поён меёбад ва Одина Ҳошим азми рафтан мекунад, мевачинҳо чун арзи сипос ду-се сатил себ оварда, ба мошинаш мерезанд.
Мошин ба роҳ медарояд ва Одина Ҳошим бо кордчааш себ пӯст канда, бо завқу иштиҳо хӯрдан мегирад. Писараш Раҳматулло, ки дар сари рул нишаста буд, ба падараш нигариста мегӯяд:
– Ота, забонам аз ташнагӣ хушк шуд, ягон дона себ медиҳед?
– Э, дилакатон себ кашид магар? Себро, ҷони оташ, ҳамон кас мехӯрад, ки хидмат карда бошад. Шумо сурудхонии маро намехостед-ку. Дар кадом асос ба шумо себ диҳам?
Падару писар бо завқ механданд ва Одина Ҳошим чанд себи сурхи серобро ҷудо карда, ба писараш Раҳматулло медиҳад.
Вақте дар Тоҷикистон нооромиҳо оғоз ёфтанд, майдонбозиҳо ва ҷанги хештанкушӣ сар шуд, ҳаёти Одина Ҳошим ба маҷрои дигар ворид гашт. Ба ҷойи сурудҳои дилошӯб ашку дарду нола домангираш шуд. Бо дарду ҳасрат мегуфт:
– Агар рӯзе гузорам ба он майдон афтад, ин майдон маро хоин меҳисобад. Ва агар маро дар ин майдон бинанд, он майдон ба ман нафрат мехонад. Душманон аз паси парда истода, моро ба якдигар тезондаанд. Аммо мо кӯр шудаем, ақламон тира гаштааст ва инро дида наметавонем. Душманро дар симои якдигар мебинем. Э, вой бар мо, э, вой бар мо!
Одина Ҳошим дигар он Одина Ҳошими пешин набуд. Рӯз аз рӯз харобу лоғар ва пажмурда мешуд. Фоҷиаи Ватан ба фоҷиаи ҳаёти ӯ табдил ёфта буд. Вай ба ҷаҳони худ ва андешаҳояш сахт фурӯ рафта, ҳамдаму ҳамроз ва тасаллобахшаш танҳо шеър буду дутораш. Дар шабҳои фироқ ва ғамгудоз танҳо бо дили худ дар гуфтугӯ қарор дошт:
Рафт умрам дар сари
савдои дил,
В-аз ғами дил нестам
парвои дил.
Дил ба қасди ҷони ман
бархоста,
Ман нишаста, то чӣ бошад
рои дил.
Хоби шаб бар чашми худ
кардам ҳаром,
То бубинам субҳдам симои
дил.
Қадди ман ҳамчун камон
шуд аз рукӯъ,
То бубинам қомати болои
дил.
(Мавлоно).
Агар касе аз ҳолу аҳвол ва саломатии Одина Ҳошим пурсон шавад, беихтиёр, дар чашмонаш ашк падид меомад ва дар ҷавоб ин байти Сайидоро ба забон меовард:
Намерезад касе бар оташи
бетобиям обе,
Ба ҳолам ошно мегиряду
бегона месӯзад.
Хусусан, аҳволи фирориёни Афғонистон дарди Одина Ҳошимро даҳчанд афзун карда ва дар дилаш ҷароҳати хуншоре гузошта буд.
Рӯзе ба хонаи радио омад, болои курсии хурде нишаст, пойҳояшро боло бардошта чорзону зад ва гӯё болои кӯрпачае қарор дошт. Баъд чунин арзи муддао кард:
– Бар асоси “Ғарибнома”-и Саноӣ суруди омодакардаам, чӣ мешавад, ки онро сабт намуда, шунавонем. Шояд ба дили фирориён марҳаме гардад ва барои ба ватан баргаштанашон мусоидат намояд.
Ин пешниҳоди ӯ зуд пазируфта шуд ва студияи сабти овоз барояш омода гашт. Азбаски ҳаво гарм буд, ӯ баробари ба студия дохил шудан рӯйи курсӣ нишастанро қабул накард, тани майкаву лозимӣ шуд ва болои гилем чорзону нишаст. Микрафонро рӯ ба рӯяш гузошт. Дуторчаашро бо маром ба наво дароварда, баъд ба хондани “Ғарибнома” оғоз кард.
Нағмаву савтиёташ лаҳза ба лаҳза авҷи нав пайдо мекард, аз аъмоқи дилаш нолаҳои ҷонгудоз берун меҷастанд ва ба дару девор бархӯрда, онро ба ларзиш меоварданд. Бо нолаҳояш аҳволи пурдард ва ғамангези як ҷавони ғарибафтодаро бозгӯ менамуд:
Ҷавон мурдаст, рӯҳ аз вай
паридаст,
Танаш пурҳасрату рӯяш ба
девор.
Ба зери паҳлӯяш чизе
надидам,
Ба тори сар ниҳода кафшу
дастор.
Ба пешаш косаи бишкаста
дидам,
Ду пора нони қоқу нимаи
нор...
Ҳангоми сурудани ин байтҳо аз чашмонаш ашк фурӯ мерехт. Чун сурудашро ба поён расонд, якбора нафас рост накарда, ба фиғон даромад: “Во ғарибо, во ғарибо, во ғариб!” Гӯё дару девор аз ин нолаи ҷонгудоз ба фиғон омада, ҳамроҳи Одина Ҳошим ашк мерехт.
“Ғарибнома”-и сурудаи ӯ аз 45 дақиқа фароҳам омад ва борҳо аз тариқи барномаҳои берунмарзии радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои дигари он садо доданд.
Дарди Одина Ҳошим дигар дармон наёфт. Чеҳрааш ранги барги хазонрасидаву хушкидаеро гирифт. Оқибат, баргрезони умраш фаро расид ва дар Лучоб, дар радифи фарзандони фарзонаи миллат макони абадиашро дарёфт. Ӯ рафт, аммо сурудаш боқӣ монд ва ҳар рӯз баланду шево садо медиҳад.
Раҷабалӣ ҚУДРАТЗОДА.