БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ ЗИЁД ПЕШБИНӢ ШУДААНД

Фарҳангистон бадеии Ӯзбекистон соли 2020-ро хеле хуб натиҷагирӣ намуд.

Фарҳангистон бадеии Ӯзбекистон соли 2020-ро хеле хуб натиҷагирӣ намуд. Ба хотири ривоҷ додани санъати тасвирӣ ва амалӣ, беҳбуди намудҳои гуногуни дизайн, баланд бардоштани сифати таълими академияи бадеӣ ва амсоли он корҳои зиёд ба сомон расонида шуданд. Раиси Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон Акмал Нур перомуни ин ва вазифаҳое, ки дар соли нави 2021 муқаррар шудаанд, дар нишасти матбуотӣ  маълумот дод.
Тавре ки вай гуфт, барои беҳбуди кори Фарҳангистони бадеӣ ва ниҳодҳое, ки марбути он мебошанд, як қарори сарвари давлат ва се қарори Девони Вазирон содир шудааст.
– Мо тамоми корҳои минбаъдаамонро бар асоси ҳамин қарорҳо роҳандозӣ хоҳем кард. Соли 2021 – Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ эълон шудааст. Бо мадди назар гирифтани он мо дар ин сол пуштибонии ҷавонони эҷодкор ва соҳибистеъдодро аз авлавиятҳои кору фаъолияти худ қарор додем, – изҳор кард Акмал Нур.
Вай афзуд, ки моҳи апрел баргузор намудани фестивали анъанавии “Санъати тасвирӣ ва амалӣ” мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошад. Дар ин фестивал ҷавонони лаёқатнок бо маҳсули эҷоди худ ширкат мекунанд. Гузашта аз ин, таҳти унвони “Пайравони Камолиддин Беҳзод” доир намудани озмуни васеъмиқёс пешбинӣ шудааст, ки дар он хоҳишмандон бо асарҳои миниатюрӣ ва санъати амалии худ иштирок карда метавонанд. 
– Дар айни ҳол роҳандозии озмунҳо аз тариқи онлайн ба ҳукми анъана даромадааст. Мо дар ин росто лозим донистем як сабқати ҷавононро ташкил намоем ва дар он эҷодкоронеро фаро хонем, ки ҳамватанони моянд, вале дар хориҷ аз кишварамон ба сар мебаранд. 
Мувофиқи қарори сарвари давлат ташкил намудани мактаби олии рассомии ба номи Павел Бенков ва бар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ ва техникии он барномарезӣ шудааст. Дар як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ сохтмони нигористонҳои санъат идома дорад. Соли равон вилоятҳои Фарғона ва Ҷиззах соҳиби чунин нигористонҳо хоҳанд шуд.
Зикр гардид, ки дар ҷараёни сол аз тарафи Фарҳангистони бадеӣ барои сазовор таҷлил намудани 80-солагии Қаҳрамони Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва Нависандаи халқии Ӯзбекистон Ӯткир Ҳошимов, 85-солагии Артисти халқии Ӯзбекистон Ботир Зокиров корҳои омодагирӣ вусъат ёфтаанд. Дар баробари ин, 110-солагии ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Олим Хӯҷаев ва Сойиб Хӯҷаев, ҷашнвораи ёдбуди Нависандаи халқии Ӯзбекистон Саид Аҳмад, 100-солагии олимони маъруф Саъдӣ Сироҷиддинов ва Иброҳим Ҳамробоев, 70-солагии Ходими шойистаи Ӯзбекистон шоир Шавкат Раҳмон ба таври васеъ ҷашн гирифта хоҳанд шуд.
Ҷанбаи дигари кори моро муносиб истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии истиқлолияти Ӯзбекистон ташкил медиҳад, ки он ба сифати санаи муҳими таърихӣ эътироф шудааст. Зимни иҷрои вазифаҳо пиёда кардани чорабиниҳое пешбинӣ шудаанд, ки мазмун ва моҳияти истиқлолияти Ватанамон, аҳамияти таърихии он ва дастовардҳои сӣ соли охирро равшану возеҳ мунъакис месозанд, – иброз дошт раиси Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: