Ба қарибӣ дар бинои ҳокимияти вилояти Сурхондарё конференсияи интихоботии V-уми занон ва духтарони вилоят баргузор шуд.
Маҷлиси интихоботиро депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят О.Соатов кушода, дар бораи нақши занону духтарон дар роҳи тараққиёти Ватанамон сухан ронд. Сипас муовини ҳокими вилоят, раиси Кумитаи занону духтарон М.Қобулова бобати фаъолияти Кумита ва нақши занону духтарон дар роҳи тараққиёти ислоҳоти иқтисодӣ ибрози назар намуда, диққати ҳозиринро бо як қатор далелҳои ҷолиб ҷалб намуд.
Пас аз маърӯза музокираҳо доир гашт. Баромадкунандагон Д.Суюнова, М.Саниева, В.Валодина қайд карданд, ки дар ин давр фаъолияти, занону духтарони вилоят воқеан ҳам ҷоннок гашта, дар роҳи тараққиёти Ватан ҳиссаи хешро гузоштанд.
Ҳамин тариқ дар конференсияи ташкилӣ ҳамагон бо як овоз М.Қобуловаро раиси кумитаи занон ва духтарони вилоят интихоб намуданд.
Дар конференсия иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Б.Пӯлатов ва муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, раиси кумитаи занон ва духтарони ҷумҳурӣ Т.Норбоева баромад карданд.
Нуралӣ РАҶАБ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.