БАРНОМА БЕШТАР ИНЪИКОСИ ХУДРО ЁБАД

Дар хонаи матбуоти вилоят таҳти мавзӯи «Иҷрои барномаи давлатии «Ҳар як оила – тадбиркор: комёбиҳо, муаммоҳо ва вазифаҳо» конфронс ба амал омад.

Дар он раиси Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Саъдулло Ҳакимов ва депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, узви кумита Расул Кушербоев иштирок карданд.
Меҳмонон ва рӯзноманигорон нахуст дар хиёбони ба номи арбоби барҷастаи давлатӣ Шароф Рашидов, шоирони номвар Ҳамид Олимҷон ва Зулфия таваққуф намуда, ба пояи муҷассамаи ёдгории онҳо гулдаста гузоштанд.
Дар ҷумҳурӣ баҳри дастгирӣ намудани ғояҳои инноватсионӣ, тадбиркории фаъол ва ба ин роҳ ба аҳолӣ шароити мусоиди зист муҳайё сохтан корҳои васеъмиқёс ба сомон мерасанд. Дар ин бора, хусусан қарори Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев «Дар бораи амалӣ намудани Барномаи давлатии «Ҳар як оила – тадбиркор» аз 7 июни соли 2018 аҳамияти муҳим касб намудааст. Баъди қабули қарори мазкур дар миқёси вилоят ба 2537 оила ҷамъ 67 миллиарду 604 миллион сӯмина кредитҳо ҷудо карда шудааст. Дар натиҷа соҳаҳои чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, паррандапарварӣ, ташкили гармхонаҳо, боғдорӣ, дӯзандагӣ, қаннодӣ ва ғайра инкишоф меёбанд.
Дар конфронс Саъдулло Ҳакимов доир ба маводҳои марбут ба соҳа, ки дар саҳифаҳои нашрҳои вилоятӣ дарҷ ёфтаанд, таваққуф намуда, аз ҷумла гуфт: «Дар назди рӯзноманигорон боз ҳам вазифаҳои пурмасъулият қарор доранд. Зарур аст, ки Барнома аз ҳар нигоҳ амиқтар тарғиб карда шавад. Дар ин роҳ таҷрибаи бои қаламкашони собиқадорро бояд истифода кард. Ба ҷавонони умедбахш умед мебандем».
Депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, узви кумитаи рушди инноватсионӣ, масъалаҳои сиёсати ахбор ва технологияҳо Расул Кушербоев дар маърӯзаи худ оид ба дигаргунӣ ва тағйиротҳое, ки тайи солҳои охир дар қонунгузорӣ, аз ҷумла қонун «Дар бораи воситаҳои ахбори оммавӣ» ва «Дар бораи ҳимоя намудани фаъолияти журналистӣ» рӯй додаанд, гуфта гузашт.
Роҳбари садорати Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилоят Улуғбек Одилов дар хусуси комёбӣ ва камбудиҳое, ки зимни дарҷи Барномаи давлатии «Ҳар як оила – тадбиркор» дар воситаҳои ахбори оммавии вилоят роҳ дода мешавад, ҳарф зад.
Дар конфронс сокини ноҳияи Дӯстлик Жозил Эргашев аз таҷрибаи кории худ, ки Барномаи давлатӣ даст додааст, ба ҳозирон нақл кард. Ба ходимони ВАО изҳори ташаккур кард, ки таҷрибаи ӯро дар саросари ҷумҳурӣ паҳн мекунанд.
Саъдулло Ҳакимов ба ҳайати таҳририи рӯзномаи «Дӯстлик ҳаёти» маҷмӯи компутер ва ба якчанд рӯзноманигорони фаъол ифтихорномаҳои иттиҳодро тақдим намуд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: