БАРНОМАЕ, КИ БАРОИ ДАСТГИРИИ ОИЛАҲО ХИДМАТ МЕКУНАД

Дар мамлакатамон баҳри дастгирӣ намудани ғояҳои инноватсионӣ, тадбиркории фаъол ва бо ин роҳ ба аҳолӣ фароҳам овардани шароити мусоиди зист корҳои васеъмиқёс ба роҳ монда мешаванд.

 Дар ин бора қарори сарвари давлатамон «Дар бораи амалӣ намудани Барномаи давлатии «Ҳар як оила – тадбиркор» аз 7 июни соли 2018 аҳамияти муҳим касб менамояд. 
Мувофиқи иҷрои барнома дар ноҳияамон низ бисёр корҳои ташкилӣ-молиявӣ андешида шуда, дар ин самт зиёда аз 102 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шудааст.
Инчунин аз рӯи иҷрои барнома дар ноҳия гурӯҳи корӣ амал мекунад, аз тарафи аъзои гурӯҳ рафти кор таҳлил карда мешавад. Аз аҳволи 3680 оилаи камтаъмин ва нафақахӯр хабар гирифта, барои онҳое, ки соҳибкор шуданианд, вомҳои имтиёзнок ҷудо карда мешавад. Аз ин оилаҳо 7520-тоашон кӯшиш намуданд, ки аз бонк воми имтиёзнок гиранд. То ҳозир ба 1896 нафар шаҳрвандон воми имтиёзнок ҷудо карда шуд.
Чуноне ки сарвари давлатамон борҳо таъкид карданд, маблағ беҳуда нарафта, албатта ба ҳар як оила серию фаровониҳо меоварад. Барои ҳамин ҳам вомҳои имтиёзноки ба шаҳрвандон пешбинишуда таҳти назоратанд.
Қобили қайд аст, ки барои ривоҷёбии соҳибкорӣ анъана ва хусусиятҳои ҳудуд низ ба эътибор гирифта мешавад. Президентамон дар машварати видеоселекторӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Чуст, ҳунарҳои қадимаи тоқидӯзӣ ва кордсозиро таъкид кард, ки ин дар ноҳия барои минбаъд ҳам ривоҷёбии ҳунармандӣ замина ҳозир кард. Дарҳақиқат, бошандагони ноҳияамон, аз қадим бо ҳунармандӣ шуғл дошта, бо тоқиҳо ва кордҳои миллиашон ном баровардаанд.
Бо ҳамин муносибат дар маҳаллаҳои шаҳри Чуст, дар асоси барномаи «Як маҳалла – як маҳсулот» корҳои ҷолиби диққат ба роҳ монданро ба нақша гирифтем. Оре, Барномаи давлатии «Ҳар як оила – тадбиркор» барои фаровонии оилаҳо нигаронида шудааст, ки корҳо дар ин самт яке аз шохаҳои муҳими фаъолиятамон буда, барои иҷрои саривақтии онҳо аз ҳамаи имкониятҳоямон васеъ ва ҳамаҷониба истифода мебарем.

Ҷ. БАҲОДИРОВ,
ҷонишини аввали ҳокими ноҳияи Чусти вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: