БАРНОМАИ АМАЛИЁТИ МАМЛАКАТ ДАР ПАНҶ СОЛИ ОЯНДА

Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар тӯли панҷ соли сипаришуда ба куллан ислоҳ гардидани тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷамъият нақши муҳим бозид.

Дар айни замон  бобати таъмини ҳуқуқи инсон, пурзӯр гардондани ҳисобдорӣ ва шаффофияти мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани нақши институтҳои ҷамоаи шаҳрвандӣ, расонаҳои ахбори оммавӣ, фаъолнокии сиёсии аҳолӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ корҳои низомнок ба амал бароварда мешаванд. Ба ибораи дигар барои бунёди Ӯзбекистони Нав таҳкурсии боэътимод фароҳам омадааст. Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 ва Барномаи давлатии татбиқи он дар Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол, ки дар асоси тамоюли «Барои шаъну шарафи инсон» таҳия ёфтааст, ҳафт самти афзалиятнокро ба бар гирифтааст.

Самти аввалин баланд бардоштани шаъну шарафи инсон ва рушди минбаъдаи ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ буда, мақсади асосӣ бунёди давлати инсонпарвар мебошад.
Аён аст, ки солҳои охир эътибор ба маҳалла ба дараҷаи мислаш диданашуда  афзуд. Албатта, ин бесабаб нест, зеро тамоми аҳолии мамлакат хоҳ дар шаҳр, хоҳ дар деҳот дар маҳалла умр басар мебарад. Аз ин рӯ ягон сохторе нест, ки вай ҷои маҳалларо иваз кунад. Агар масъалаҳои дар маҳалла ҷойдошта ҳалли худро ёбанд, орзую умедҳои аҳли маҳалла  ҷомаи амал пӯшанд, ин магар аз рӯзгори хушбахтонаи аҳолии мамлакат гувоҳӣ намедиҳад?!  Беҳуда нест, ки дар мамлакат ҳар сол барномаҳои давлатӣ амал мекунад, ё бо ташаббуси сарвари давлат Вазорати дастгирии маҳаллаю оила созмон ёфта, маҳалла ба ҷавлонгоҳи роҳбарони тоифаҳои гуногун – аз раиси маҳалла то вазир табдил ёфтааст. Соли ҷорӣ бошад, дар ҳар як маҳалла ба фаъолият оғоз намудани ёвари ҳокими ноҳия (шаҳр) оид ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ, инчунин пешвои ҷавонон давоми мантиқии ислоҳсозии кор дар маҳалла аст.
Фармони Президент аз 28 январи соли ҷорӣ «Дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026» масъулияти роҳбаронро вобаста ба ҳаёти маҳалла боз афзудааст: «тартиби омӯзиши мушкилот бинобар самти худ ва ҷустуҷӯи ҳалли онҳо аз ҷониби роҳбарони тамоми дараҷаҳо бо бевосита баромадан ба маҳаллаҳо ҷорӣ гардида, инчунин ҳолати кор дар маҳалла меъёри асосии баҳо додан ба фаъолияти вазоратҳо, идораҳо ва ҳокимиятҳо муайян карда шавад». Фармони номбурда бо мақсади зиёд гардондани нуфузи маҳалла дар байни аҳолӣ ба баланд бардоштани ҳамкории самарабахши қабулхонаҳои халқии Президент ва фароҳам овардани низоми муроҷиат ба мақомоти давлатӣ, инчунин мулоқот бо роҳбарон, расондани хидматҳои давлатию иҷтимоӣ бевосита дар маҳалла мусоидат мекунад. Маълум аст, ки ҳал гардидани бисёр масъалаҳо ба имкониятҳои иқтисодию молиявӣ вобаста аст. Дар Стратегияи рушд ин нукта ба назар гирифта шуда, «имконияти молиявии мақомоти худидоракунии шаҳрвандон бо баррасии ваколатҳои онҳо оид ба ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии маҳаллаҳо васеъ гардонда шаванд», гуфта шудааст. Албатта, самаранокии низоми дастгирии давлатии аҳолии маҳаллаҳо бо «нуқтаҳои афзоиш» ва махсусгардонии фаъолияти соҳибкории сокинони маҳалла вобастагии қавӣ дорад. Таҷрибаи дар ҳудудҳо сохта шудани муассисаҳои таълими томактабӣ бо роҳи шарикии давлатию хусусӣ судовар будани ин усулро собит мекунанд. Аз ин рӯ, бобати барпо кардани инфрасохторҳои иншооти варзишию фарҳангӣ, клубҳои эҷодӣ, марказҳои мусоидат бо шуғл ва таълимӣ, объектҳои соҳибкорӣ дар маҳаллаҳо ба роҳ мондани ин усул низ баҳри рӯи об баровардани мақсадҳоямон кӯмак мерасонанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳоло дар вилоят, аллакай, дар ин бора қадамҳои боварибахш гузошта мешаванд. Масалан, ташаббуси собиқадори меҳнат Гулнора Қӯлдошева аз ноҳияи Бухоро бобати ба маблағи барои ҳаҷ ҷамъкардааш дар маҳалла сохтани толори варзишро муҳимтар донистани вай ба ин мисол шуда метавонад. 

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: