БАРНОМАИ МАХСУС ДАР БОРАИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ШАБАКАИ АСОСИИ ТЕЛЕВИЗИОНИ МАЛАЙЗИЯ

Бо ташаббус ва кумаки сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Малайзия дар барномаи пагоҳирӯзии яке аз шабакаҳои асосии телевизиони ин мамлакат – «TV Alhijrah» дар бораи Ӯзбекистон сужети видеоӣ намоиш дода шуд.

Мақсади асосии шабакаи телевизионии Малайзия аз тарғибу ташвиқ ва рушди маданияту суннатҳои исломӣ дар Малайзия ва хориҷа иборат аст. Онро 2,5 миллион нафар тамошо мекунанд, аъзои онлайн беш аз 10 миллион нафар мебошанд. Барномаи «Ассалому алайкум» аз ҳама машҳур буда, ба ҳисоби миёна 1 миллион нафар тамошобин дорад. 
Дар барномаи махсуси вобаста ба Ӯзбекистон баранда бинандагонро бо арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҷойҳои дидании шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хива, фаъолияти гузаштагони бузурги мо, ки дар ташаккул ва рушди тамаддуни исломӣ саҳми бузург гузоштаанд, аз ҷумла Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Аҳмад Фарғонӣ, Имом Мотурудӣ, Баҳоуддини Нақшбанд шинос кард. 
Дар анҷоми барнома наворҳои видеоии сафоратхонаи Ӯзбекистон, аз ҷумла «Хуш омадед, ба Бухоро!», «Ба Хоразм меҳмон шавед!», ки ба имкониятҳои сайёҳии минтақаҳои мухталифи кишвари мо бахшида шудаанд, ҳамчунин лавҳаҳо аз тайёркунии таомҳои миллии Ӯзбекистон пешкаши тамошобинон гардиданд.
Барномаи бахшида ба Ӯзбекистон дар байни мардуми Малайзия рағбати зиёд бедор кард. Сокинони ҷазираҳои дурдасти Малайзия – Манукан ва Сапи, Реданг ва Перхентиан низ аз кишвари мо воқиф шуданд. 
Роҳбарияти «TV Alhijrah» бо дарназардошти муваффақияти барнома ва афзудани рағбати аҳолии мамлакат нисбат ба Ӯзбекистон ният дорад як қатор барнома ва наворҳои видеоиро дар бораи иншооти зиёратӣ ва дидании кишвари мо омода кунад.

ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: