БАРНОМАИ МИЛЛӢ — ДАР АМАЛ

Маъракаи ниҳолшинонии «Чиҳилрӯзаи долузарб» тибқи Барномаи умумимиллии «Макони сабз» дар вилояти Ҷиззах муташаккилӣ касб мекунад.

Кормандони Садорати экология ва ҳифзи муҳити зист ҷараёни корҳоро оид ба ниҳолшинонӣ ва парвариши минбаъдаи ниҳолҳо таҳти назорати худ  гирифтаанд. Назар ба гуфти роҳбари хидмати ахбори садорат Замира Абдуллоева дар ҳар як маҳалла «Харитаи экологӣ» таҳия ва мураттаб гардидааст. Дар асоси он  манзилҳоеро, ки ба кабудизоркунӣ мувофиқ мебошанд, муайян мекунанд. Ниҳолҳои манзаравӣ бештар дар атрофи роҳҳои калони мошингард, идораҳо, корхона ва ташкилотҳо шинонида мешаванд. Зеро мошинҳо аз худ карбонати  ангидрид хориҷ мекунанд. Анбӯҳи дарахтон бошад, ин газҳоро ҷаббида мегирад ва  аз худ оксиген хориҷ менамояд.
– Албатта, барои саривақт ва хушсифат ба анҷом расонидани корҳо омодакунии ниҳолҳо ҳам муҳим аст. Аз ин рӯ, ҳоло дар хоҷагии ниҳолпарварии «Пайванд нишонаси»-и ноҳияи Мирзочӯл қариб шаст ҳазор ниҳоли гуногун расонида дода мешавад.  Хоҷагии бешаи вилоят низ манбаи асосии кӯчаттайёркунӣ ба шумор меравад, – гуфт Замира Абдуллоева.
Агар саросари кишвари офтобиамон тибқи дастур ва пешниҳодҳои сарвари давлат 
Шавкат Мирзиёев шинонидану бенуқс парвариш намудани 75 миллион бех ниҳоли гуногунро то охири соли 2022 ба нақша гирифта бошанд,  аз ин шаш миллиону шашсад бехаш ба ҳудуди вилояти Ҷиззах рост меояд. 
Дар атрофи роҳҳо, майдонҳои кишт бештар дарахтони тут, сафедор, бед, сада   мешинонанд, ки ҳаворо аз чангу ғубор тоза нигоҳ медорад ва ҳам вазифаи иҳотакуниро дорад.
Тут, ток аз гармселу тафтбод заминҳои киштзорро ҳимоя мекунад.
Дар ҳудуди ноҳияи Зафаробод баробари шинонидани кӯчатҳо (то ҳозир 36 ҳазор бех ниҳол шинониданд) боз барои обёрикуниву парвариши он низ чораҳо меандешанд.
Дар саҳну ҳавлии мактабҳои маҳаллаҳои «Нарвон», «Нурак» ва «Эгизбулоқ»-и ноҳияи Фориш ҳазордонагӣ кӯчат шинониданд. Корҳои кабудизоркунӣ алҳол бо суръат идома доранд. Дарахтони чи манзаравӣ ва чи мевагӣ барои тозагии табиат, солимии инсон хеле зарур аст. Аз ҳама муҳимаш, барои наслҳои оянда мемонад. Охир беҳуда нагуфтаан: «аз нек – боғ».

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: