БАРНОМАИ «РОҲИ РАВОН ВА БЕХАТАР» – ДАР АМАЛ

Қарори Президент аз 12 июли соли 2022 «Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи умумимиллии «Роҳи равон ва бехатар», ки барои солҳои 2022-2026 муқаррар гаштааст» дастури муҳим аст.

Дар асоси қарори мазкур чандин чорабинӣ оид ба пурзӯр намудани корҳои ташвиқотиву фаҳмондадиҳӣ бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати роҳ, татбиқи таълими амалии кӯдакон ба қоидаҳои ҳаракати роҳ ба амал меоянд.
– Дар минтақа барои бартараф намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, кам кардани бори роҳ, таъмини бехатарии пиёдагардон ва савораҳо корҳои васеъмиқёс ба амал меоянд, – гуфт саринспектори Гурӯҳи ахбори СБҲР  СКД вилояти Андиҷон, капитан Диёрбек Абдураззоқов. – Аз он ҷумла, ба риояи қатъии қоидаи ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандагон ва пиёдаҳо, баланд бардоштани дониши хонандагон дар бораи қоидаҳои ҳаракати роҳ, самаранокии корҳои фаҳмондадиҳӣ эътибори алоҳида нигаронда мешавад.
Ҳамин тариқ, дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ дар байни аҳолӣ, тарбиягирандагони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва хонандагони мактабҳои таълими ҳамагонӣ чорабиниҳои профилактикии «Диққат, пиёдагард!», «Диққат, бачаҳо!» баргузор мегарданд. Дар кӯдакистонҳо ва мактабҳои шаҳрҳои Андиҷон, ноҳияҳои Андиҷон, Пахтаобод, Бӯстон, Марҳамат, Хоҷаобод чунин чорабиниҳо ташкил гардида, ҳазорон хонандагон ва кӯдакон, ки аз ин дониши худро дар бораи қоидаҳои ҳаракати роҳ зиёд намуданд, ҷалб гардиданд. Ғайр аз ин, ба мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва муассисаҳои таълими томактабӣ ходимони садорати бехатарии ҳаракати роҳи вилоят вобаста карда шудаанд ва дар асоси ҷадвали муқарраргардида онҳо бо насли наврас бинобар риояи қоидаи ҳаракати роҳ машғулот мегузаронанд.
Дар чорабинии «Автомобилистони наврас», ки дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «And tex avto»-и ноҳияи Андиҷон ташкил гардид, хонандагони тамоми мактабҳои таълими ҳамагонии ноҳия ширкат намуданд. Дар доираи он машғулоте баргузор гардид, ки ба бартарафсозии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва риоя намудани қоидаи бехатарӣ дар роҳ нигаронда шудааст. Дар тамоми ноҳия ва шаҳрҳои вилоят инчунин озмун-азназаргузарониҳои «Ранги сабз», «Донандаи БҲР», «Пиёдагарди намунавӣ» баргузор гардиданд. Ғолибон ва ҷоизадорони озмунҳо муносиб қадр гардиданд.
Ғайр аз ин, дар ҳамоишҳои ташвиқотие, ки дар ноҳияҳои Ҷалақудуқ, Бӯстон, Булоқбошӣ, Асака, Қӯрғонтеппа, Шаҳрихон, Олтинкӯл, Избоскан баргузор гардиданд, бачаҳо ва хонандагон бо қоидаҳои бехатарии ҳаракати роҳ шинос гардиданд. Дар якҷоягӣ бо ҳокимиятҳои ноҳияҳо, ташкилотҳои роҳсозӣ ва дигар сохторҳои масъул доир ба фароҳам овардани шароити мусоид барои пиёдаҳо, роҳ нагузоштан ба тирбандӣ дар чорроҳаҳои серҳаракат кор бурда мешавад.
Мақсади асосии чунин чорабиниҳо огоҳии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, хусусан бо иштироки пиёдаҳо ва кӯдакон мебошад. Хуллас, дар вилояти Андиҷон дар доираи Барномаи умумимиллии «Роҳи бехатар ва равон» кори бонизом бурда мешавад.

Фахриддин 
УБАЙДУЛЛОЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: