БАРНОМАИ ТАРАҚҚИЁТИ НОМЗАД БАРОИ ОЯНДА

Дар кишвари мо вобаста ба интихоботи Президентӣ корҳои фаъолонаи тарғиботиву ташвиқотӣ бурда мешаванд.

Дар кишвари мо вобаста ба интихоботи Президентӣ корҳои фаъолонаи тарғиботиву ташвиқотӣ бурда мешаванд. Ҳар як шаҳрванд ба ин ҷараён эътибори махсус медиҳад, эҳсоси олии дахлдории худро ба тақдири мамлакат зоҳир менамояд. Зеро интихоботи президентӣ танҳо ҳодисаи муқаррарӣ нест, балки ҷараёни муҳими баргузинии инсони комил, пешқадам, роҳбари давлат мебошад, ки ҳаёти хушбахтонаи кишвари мо, халқи моро дар тӯли панҷ соли наздиктарин муайян мекунад, касест, ки барои ояндаи дурахшони ҷавонони мо, фарзандони мо хидмат карда, дар тамоми соҳаҳои мамлакат роҳи инкишофро таъин менамояд.
Маълум аст, ки дар интихоботи кунунии президентӣ панҷ номзад аз панҷ ҳизб пешбарӣ шудаанд. Онҳо Барномаҳои пешазинтихоботии худро барои халқи мо эълон карданд. Ин зуҳуроти ба худ хоси равандҳои демократӣ, рӯшодии интихобот, волоияти адолат дар мамлакати мо гардид. Акнун бояд халқамон номзади муносибро ба мансаби президентӣ интихоб кунад.
Дар ин бобат ғояҳое, ки номзад ба президентӣ аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» – Раиси Шӯрои Сиёсии он дар барномаи худ изҳор доштааст, ба ман хеле писанд омаданд. Номзади мазкур бо чи гуна сифати ҳаётӣ ва фаъолияти хеш барои ҳамватанони мо намуна шуда метавонад? Биёед, пеш аз ҳама, аз ин хусус суҳбат кунем.
Ман номзади мазкурро хуб медонам, зеро узви Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ба шумор меравам ва дар соҳаи илм кор мекунам. Пеш аз ҳама, Баҳром Абдуҳалимов инсони самимӣ ва соҳибэҳтиром мебошад. Ӯ ба ҳар як кор бо масъулият муносибат мекунад. Ҳангоме ки ба ягон кор оғоз кард, саъй менамояд, ки онро хуб ба анҷом расонад. Адолат ва мубориза барои тантанаи ҳақиқат шиори ҳаёти ӯст. Роҳи илмиаш низ осон набуд. Б.Абдуҳалимов соли 1981 дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошканд филологияи арабро омӯхт.
Чун одат хатмкардагони факултаи шарқшиносӣ ба олами сиёсат ғӯтавар мешаванд, мехоҳанд дар кишварҳои хориҷӣ кор кунанд. Дар байни онҳо кам касонеро дучор меоед, ки орзуи машғул шудан бо илм, аз ҷумла бо таърихи гузаштаи дури халқи моро дошта бошанд. Баҳром Абдуҳалимов ҳамчун ховаршинос ҳам бо сиёсат ва ҳам бо таҳқиқоти соҳаи илм машғул шуд.
Солҳои 1981-1983 дар Ҷумҳурии Лубнон Араб ба сифати тарҷумон кор кард, солҳои 1983-1985 ходими пешбари департаменти «Ҳамкориҳои илмиву техникӣ бо кишварҳои хориҷӣ»-и Вазорати хоҷагии қишлоқи Ӯзбекистон, солҳои 1987-1990 дар Ҷумҳурии Ямани Араб тарҷумони ҳарбӣ буд. Ин корҳо ба ӯ кӯмак расонданд, ки бо олами сиёсат, ҳаёти ҷаҳони хориҷӣ шинос гардад. Ҳамзамон сафарҳои мазкур ба ӯ имконияти ба тарзи мукаммал омӯхтани забонҳои арабӣ, англисӣ ва ғайраро фароҳам оварданд. 
Илм соҳаи душвор ва ҷараёни мураккаб мебошад. Баҳром Абдуҳалимов дар соҳаи илму эҷод низ самарабахш кор кард. Дар ин бобат ӯ корро соли 1985 аз вазифаи ходими хурди илмии Донишкадаи ховаршиносии Академияи илмҳои Ӯзбекистон оғоз намуда, соли 2003-юм ба дараҷаи муовини директор оид ба таълими он расид. Вай тадқиқотҳои илмӣ бурд ва сазовори унвони илмии номзади улуми таърих, доктори улуми таърих гардид.
Ӯ солҳои 2003-2005-ум ҳамчун проректори Донишгоҳи байналмилалии Вестминистер дар Тошканд, сипас директори  Донишкадаи ховаршиносии Академияи улум, солҳои 2006-2008 бошад, мушовири Президент оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва корҳои динӣ дар Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон кор карда, ҳам таҷрибаи ҳаётӣ ҳосил гирифт ва ҳам малакаи роҳбарии сиёсиро аз худ намуд. Ҳоли ҳозир Баҳром Абдуҳалимов директори Донишкадаи ховаршиносии Академияи улум ва ноиб-президенти Академияи улум, ҳамчунин раиси Шӯрои сиёсии ҲСД «Адолат» мебошад.
Алҳол Баҳром Абдуҳалимов мутахассиси пешбар дар соҳаи таърихи Осиёи Миёна, ислом, дастнависҳои шарқӣ, кишварҳои араб ва забони арабӣ, олими шинохта нафақат дар Ӯзбекистон, балки дар хориҷи он ба шумор меравад. Мавзӯи асосии тадқиқоти ӯ ба тақдири «Байт-ул-ҳикма», ки дар асри IX дар Бағдод амал мекард, вобаста аст. Дар ин муассисаи илмию маърифатӣ, ки дар таърих ҳамчун Академияи Маъмун дар Бағдод маъруф аст, дар соҳаҳои риёзиёт, нуҷум, тиб, кимё, ҷуғрофия ва илмҳои дигар кашфиётҳои зиёд амалӣ шудаанд, ки дар кашф ва татбиқи онҳо хидматҳои олимони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Муҳаммад Мӯсо Хоразмӣ, Аҳмад Фарғонӣ, Аҳмад Марвазӣ, Яҳё ибни Абӯ Мансур, Аҳмад ас-Сарахсӣ, Аббос ал-Ҷавҳарӣ, Аҳмад ас-Сағонӣ, Абдулло ибни Аҳмадҷур ат-Туркӣ хеле бузург аст. Баҳром Абдуҳалимов дар бораи нақши академияи мазкур дар таърихи илм ва саҳми олимони Осиёи Марказӣ дар ин бобат «Байт ал-Ҳикма»-ро офарид ва рисолаи калонҳаҷми «Фаъолияти илмии олимони Осиёи Миёна дар Бағдод (илмҳои дақиқи ва табиӣ дар асрҳои IX-XI)»-ро навишт. Рисола ба як қатор забонҳои хориҷӣ тарҷума шуд ва тарҷума мешавад.
Солҳои гуногун Баҳром Абдуҳалимов дар ташкил кардани конфронсҳои байналмилалӣ, аз ҷумла «Тошканд – пойтахти тамаддуни исломӣ», «Академияи Маъмун дар Хоразм», «Нақши олимон ва мутафаккирони Осиёи Марказӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ», «Осиёи Марказӣ», «Эҳёи Осиёи Марказӣ» ва ғайра иштирок карда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуд.
Олим ҳамчунин мактаби нодири илмиро ташаккул дода, даҳҳо номзад ва докторони илмро тайёр кард.
Баҳром Абдуҳалимов ҳамчун ноиб-президенти Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҷорӣ намудани натиҷаҳои зиёди тадқиқоти илмӣ, рушди низоми қаробати илм ва таълим роҳбарӣ мекунад. Ӯ корҳои илмиву ташкилиро, ки ба тайёркунии мутахассисони баландихтисоси илмӣ ва тезондани ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ дар ин ҷараён, баланд бардоштани обрӯ ва мақоми иҷтимоии олимон нигаронида шудаанд, ҳамоҳанг месозад. Аз ҷумла, бо иштироки фаъол ва самарабахши ӯ бинои нави Донишкадаи ховаршиносӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Султонати Уммон бунёд шудааст, маркази муҳими илмиву ташкилии нафақат Академияи улуми ҷумҳурӣ, балки маркази дорои аҳамияти байналмилалӣ гардид.
Таҷрибаи ғании кории ӯ ҳамчун тарҷумон, корманди илмӣ, проректор, директори донишкада, ноиб-президенти Академия, мушовири давлатӣ ва шуғл дар соҳаҳои мухталиф, бешубҳа, минбаъд барои такмил ёфтани Ватани мо ва беҳтар намудани ҳаёти халқамон кӯмак мерасонанд.
Баҳром Абдуҳалимов ҳамчунин дар коркард ва татбиқ сохтани чорабиниҳое, ки ба минбаъд баланд бардоштани обрӯи ҳизб, навсозии ҳайати миқдорӣ ва сифатии он, пурзӯр кардани фаъолияти гурӯҳҳои депутатии Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» дар мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ нигаронида шудаанд, фаъолона иштирок менамояд.
ҲСД «Адолат» дар назди худ вазифаҳои зерини кӯтоҳмуддат ва дарозмуҳлати стратегиву татбиқ сохтани онҳоро гузоштааст: беш аз пеш мустаҳкам кардани иқтидори кишвари мо; идома додани сохтмони давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, ки ба иқтисодиёти озоди бозаргонӣ такя мекунад; тезондани ташаккулдиҳии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мустаҳкам намудани идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ; минбаъд баланд бардоштани дараҷаи ҳаёти халқи мо; боло бурдани нуфузи Ӯзбекистон ва вусъат додани иштироки он дар муносибатҳои байналмилалӣ. Ин ва масъалаҳои дигар дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба Президентӣ Баҳром Абдуҳалимов ба сифати 10 самти бартаринок инъикос ёфтаанд.
Ман ҳамчун олим мехоҳам баъзе ҷиҳатҳои барномаи пешазинтихоботии номзадро мушаххас намоям. Сохтмони ҷамъияти одил ва давлати одил; муқаррар намудани адолати иҷтимоӣ; таъмин сохтани афзалияти адолат дар таълим; илм омили адолат ва пешрафт мақсади мост.
Аз ҷумла самти «Илм – омили адолат ва пешрафт» барои тамоми олимон аҳамияти бузург дорад. Алҳол дар тамоми ҷаҳон метавон гуфт барои рушди тамоми соҳаҳо муҳити рақобати ҷиддӣ вуҷуд дорад. Дар чунин шароит танҳо аз ҳисоби васеъ ҷорӣ намудани илмҳои замонавӣ, дастовардҳои технологияҳои олӣ ва инноватсионӣ метавон ба пешрафт муваффақ гардид. ҲСД «Адолат» чораҳоро бобати балнд бардоштани аҳамияти таълим ва инноватсия дастгирӣ менамояд. Дар тӯли панҷ соли охир, ба шарофати эътибор ба илм ва таълим миқдори муассисаҳои таълими олӣ ду баробар афзуд. Квотаҳо барои қабул ба  25 фоиз расиданд. Фаъолияти пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии Академияи улум барқарор шуданд. Музди меҳнати намояндагони таълим ва илм 3 баробар зиёд гардид. Дар таърихи Ӯзбекистон бори аввал Қонун «Дар бораи илм ва фаъолияти илмӣ» қабул шуд. Консепсияи рушди илм то соли 2030-юм тасдиқ гардид. Зеро таълим ва илм – маҳаки асосӣ, муҳаррики рушди ҷамъият маҳсуб меёбанд.
Дар Барномаи пешазинтихоботӣ роҳбари ҲСД «Адолат» ба пешниҳоди манзили ройгон барои муҳаққиқон ва олимоне, ки бо таълим ва илм машғуланд, эътибори махсус дод. Вай ғояи дар соли 2030-юм то 2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд кардани миқдори маблағҳоеро, ки барои таъминоти илм харҷ мешаванд ва минбаъд зина ба зина аз буҷаи давлат бо маблағ таъмин кардани онҳоро пеш мегузорад.
Баҳром Абдуҳалимов рағбатноксозӣ, дастгирӣ кардани нафақат олимон, балки ҳама гуна кашфиёт ва кошифон, барои онҳо фароҳам овардани шароитҳои заруриро аз ҷумлаи самтҳои асосии барномаи худ муайян кардааст.
Дар Барномаи пешазинтихоботии Баҳром Абдуҳалимов ба вазифаҳои мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодии мамлакат аз тариқи кори мустақимона оид ба ҷорӣ намудани натиҷаҳои мусбате, ки дар мамлакати мо аз илмҳои асосӣ ва соҳаҳои зерин, аз ҷумла тиб ва нигаҳдории тандурустӣ; хоҷагии қишлоқ, амнияти хӯрокворӣ ва биотехникаҳо, гидрология ва мушкилоти об; энергетика, манбаъҳои муқобили энергия, технологияҳои сарфакунандаи захираҳо; экология, ҳифзи муҳити атроф ва ғайра ба даст омадаанд, эътибори ҷиддӣ дода шудааст.
Фаъолият дар соҳаи баланд бардоштани илми мамлакат то ба сатҳи кишварҳои пешқадами ҷаҳон мунтазам давом дода мешавад. Дар ин маврид олимон бо лабораторияҳои хубу ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ба мақсади рушди минбаъдаи фаъолияти муассисаҳои таълими олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, таҳкими пойгоҳи моддиву техникии онҳо таъмин карда мешаванд. Кор дар соҳаи омӯзиши анъанаҳои пешқадами мероси илмии гузаштагони мо бо истифодаи самарабахши расадхонаи Майдонак, ки метавонад бо расадхонаҳои машҳури Гавая, Канар ва Чили озодона рақобат кунад, идома хоҳад ёфт. Ин, дар навбати худ, ба баланд гардидани рағбати ҷавонон ба илм ва технологияҳои олӣ хидмат хоҳад кард.
Ӯзбекистон яке аз кишварҳои пешқадам дар соҳаи илми риёзиёт (математика) ба шумор меравад. Бинобар ҳамин ҳам дар барномаи номзад боз як самти бартаринок фаъол сохтани тайёркунии кадрҳои миллӣ якҷо бо донишгоҳҳо, марказҳои машҳури ИМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ИДМ дар соҳаи мазкур, созмон додани водии Миллии Силиконовӣ ба шумор меравад.
Офаридани мошинҳои миллии ҳисобкунаки электронӣ ва ба роҳ мондани сохтмони саноати миллӣ дар пояи онҳо бобати мусаллаҳ сохтани саноати миллии мо бо техника ва технологияҳои нав ҳамчун асос хизмат мекунанд. Баҳром Абдуҳалимов ҳамчунин дар Барномаи пешазинтихоботии худ масъалаи рушди тадқиқоти самти мазкурро дар донишкадаҳои технологияҳои муҳандисӣ ва муассисаҳои дахлдори таълими олӣ пеш мегузорад. Дар ин маврид механизми асосии ҳаллу фасли вазифаҳои мазкур ташкил кардани кластерҳо дар пойгоҳи пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба шумор меравад.
Боз як самти афзалиятноки Барномаи пешазинтихоботии номзад дар соҳаи рушди илм ташаккул додани иқтисодиёти сабз, кам кардани партовҳои дуокисаи карбон ба атмосфера, минбаъд рағбатноксозии тадқиқоти миллии сарфакунандаи об ба шумор меравад, ки ба шароити минтақа ва талаботи аҳолӣ мувофиқат мекунанд, ҳамчунин ба беҳтар шудани сифати об имкон медиҳанд. Зеро саломатӣ ва пешрафти иҷтимоии насли оянда бо ҳифзи эътидоли муҳити атроф сахт вобаста мебошад.
Ӯзбекон – халқи оилапарваранд. Бинобар ҳамин ҳам мақсади асосии номзад кашф кардану ҷорӣ намудани технологияҳое мебошад, ки майдонҳои сохтмон ва ашёро барои беҳтар намудани тадқиқот дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ бо назардошти талаботи аҳолӣ ба манзил сарфа менамоянд.
Дар хотима бояд таъкид кард, ки роҳбари ҲСД «Адолат» Баҳром Абдуҳалимов ҳамчун сиёсатмадор, ҳамчун шахсият ва ҳамчун ташкилотчиву олим дар интихоботи пешистодаи президентӣ номзади муносиб ба шумор меравад. Барномаи пешазинтихоботии ӯро, агар «Барномаи пешрафти мамлакат барои оянда» гӯем, аз рӯйи адолат хоҳад буд. Ман ба Баҳром Абдуҳалимов овоз медиҳам ва Шумо – интихобкунандагони азизро даъват менамоям, ки номзадии ӯро дастгирӣ кунед.

Тоҳир ПОЛВОНОВ,
раиси Шӯрои ҲСД «Адолат»-и вилояти Хоразм.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: