БАРНОМАИ ЯКСОЛАИ МАГИСТРАТУРА

Дар Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон бо ҳамкории Донишгоҳи Вебстери ИМА маросими ифтитоҳи барномаи магистратураи яксола, ки бинобар барномаи академии TESL – «Ба сифати забони дуввум омӯзондани забони англисӣ» ташкил мегардад, баргузор шуд.

Дар доираи чорабинӣ нишасти матбуотӣ низ ба амал омад.
Барномаи мазкур нахустин лоиҳаи таълими магистратураи донишгоҳи Амрико дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Барои рушди минбаъдаи ҳамкории тарафайни мамлакати мо бо ИМА, дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, дар соҳаи таълим ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ИМА моҳи сентябри соли 2017 нақши муҳим мебозад. Қарордоде, ки моҳи майи соли ҷорӣ ҳангоми ташрифи давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Амрико оиди рушди минбаъдаи ҳамкории байни ду давлат имзо шудааст, аҳамияти стратегӣ касб намуд.
Дар натиҷаи чунин саъю ҳаракат моҳи июли соли 2018 байни вазири таълими олӣ ва миёнаи махсус ва роҳбарияти Донишгоҳи Вебстер созишнома ба имзо расид. Дар асоси он бо мақсади дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт тайёр кардани мутахассисони соҳибмалака аз соли оянда Донишгоҳи Вебстер фаъолияти пурраи худро дар Ӯзбекистон ба роҳ мемонад.
Ба ҳайси қадами аввалин Донишгоҳи Вебстер дар назди ДДЗҶӮ бинобар равияи магистратура, ҷорӣ кардани барномаи яксолаи академӣ, ҳамчунин аз моҳи январи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд, Донишгоҳи технологияҳои ахбори Тошканд омодасозии кадрҳоро ба роҳ мемонад.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки дар соли хониши 2018-2019 барои иштирок дар барномаи магистратура на фақат аз Ӯзбекистон, балки аз ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳуҷҷат супурдани донишҷӯёнро ба эътибор гирифта, барои амалишавии он имконият фароҳам оварда мешавад. Ба магистратура беш аз 200 нафар довталабон ҳуҷҷат супурда, 125 нафари онҳо дар асоси озмун қабул гардиданд. Таълим дар магистратураи яксола ба пуррагӣ дар асоси барномаҳои таълимии Донишгоҳи Вебстер амалӣ мегардад.
– Дар Ӯзбекистон ба таълиму тарбияи ҷавонон эътибори калон дода мешавад, ки боиси хурсандист. Аз ҷумла, барои омӯзиши забони англисӣ корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Ҷавононе, ки барномаи яксолаи магистратураи Донишгоҳи Вебстерро азхуд мекунанд, соҳиби имкониятҳои калон мешаванд. Касоне, ки дорои дипломи соҳаи мазкур мегарданд, дар ҷойҳои дигар низ метавонанд аз забони англисӣ дарс диҳанд, – гуфт ректори ДДЗҶӮ Ғанишер Раҳимов.

Х.ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: