БАРНОМАСОЗОНЕ, КИ ЗАБОНИ АНГЛИСИРО МУКАММАЛ МЕДОНАД, ОЯНДА ДОРАНД

Имрӯз суръати рушди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар саросари ҷаҳон соле аз 9-10 фоиз кам нест.

 Танҳо дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 4,3 триллион доллар расидааст.


Аз оғози ислоҳоти куллӣ бобати мавқеи мустаҳкам ишғол намудани Ӯзбекистон дар ин бозор даҳ сол нагузаштааст, вале мо дар муддати кӯтоҳи гузашта ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем.
Аз ҷумла, соли 2017 дар кишвар камтар аз 150 ширкати IT фаъолият дошта бошад, ҳоло теъдоди онҳо ба 2000 расидааст. Ҷойҳои корӣ низ 10 баробар афзуданд. Мо соли 2018-ро дар бахши IT бо ҳаҷми содироти 600 ҳазор доллари ИМА пешвоз гирифтем ва ба назарамон натиҷаи нисбӣ буд, то охири соли 2023 ин рақам аз 300 миллион доллар зиёд шуд.
Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир Ӯзбекистон дар ин соҳа дар Осиёи Марказӣ пешсафиро аз даст намедиҳад. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки барои фаъолияти ҳудуди 1400 нафар сокинони IT-парк, ки локомотиви соҳаи IT дар кишвари мо ба ҳисоб меравад, заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ фароҳам оварда шуданд.
Дар Стратегияи “Ӯзбекистон-2030” низ муайян  шудааст, ки кишвари мо айнан ба маркази технологияҳои иттилоотии Осиёи Марказӣ (IT-HUB) табдил дода шавад, ҳаҷми содироти солонаи хидматрасонии IT-ро ба 5 миллиард доллар расонда, шумораи ваклотхонаҳои ширкатҳои IT дар кишварамон ба 1000 нафар афзун гардонда, 300 000 нафар ҷавонон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ бо кор таъмин карда шаванд.
Инчунин, дар Ӯзбекистон дар доираи лоиҳаи хидматрасонии ITES то 11 маркази минтақавии ITES ба фаъолият оғоз карда, наздики 6200 нафар ҷавонон аз рӯйи барномаҳои асосии рушди малакаҳои касбӣ, аз ҷумла муошират, саводнокии компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ таълим мегиранд.
Ба шарофати чунин имкониятҳои нав дар соли 2024 ҳаҷми хидматрасонии IT ду баробар ва содироти он ба 800 миллион доллари ИМА расонида мешавад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо ба мо кадрҳое лозиманд, ки забонҳои хориҷӣ ва IT-ро хуб медонанд.
Айни замон зиёда аз 20 000 нафар ҷавонон мустақилона бо IT машғуланд. Дастгирии ҷавонони лаёқатманд дар соҳаи IT, пеш аз ҳама, аз рағбатноксозии таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони англисӣ ҳамчун забони барномасозӣ дар байни онҳо оғоз мешавад. Зеро, забони англисиро мукаммал надониста, маҳсулоти нармафзори рақобатпазир эҷод кардан ғайриимкон аст.
Ин аст, ки аз ҷониби давлат як қатор механизмҳои ҳавасмандгардонӣ таъсис дода шудаанд.
Якум, дар Ӯзбекистон  ба ташкилотҳои омӯзишии самти IT иҷозат дода шуд, ки забони англисии ба ихтисоси технологияҳои иттилоотӣ пешбинишударо омӯзонанд.
Дуюм, қарор дода шуд, ки озмуни президентӣ барои муайян кардани истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ баргузор карда, ба фонди ҷоиза 1 миллион доллар ҷудо карда шавад. Дар барномаҳои миллии таълимӣ муайян шудааст, ки ҳар як хонанда ва донишҷӯ дар мактабу литсейҳо, коллеҷҳо, техникум ва донишгоҳҳо бояд дониши IT ва забонҳои хориҷиро аз худ намояд.
Сеюм, Сарвари давлатамон дар соли 2024 вазифа гузошт, ки ҳудуди 8 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдод хоста гирифта, дар асоси барномаи ба талаботи ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ мувофиқ омода карда шаванд.
Қарори Президент “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии фаъолияти омодакунии мутахассисони соҳибихтисос дар соҳаи рақамисозӣ», ки моҳи феврали соли 2024 ба имзо расид, дар ин бобат асоси навбатии ҳуқуқӣ гардид. 
Тибқи ин ҳуҷҷат, аз 1 марти соли 2024 то 60 фоизи хароҷоти омӯзиш ва гирифтани ин шаҳодатномаҳо барои ҷавонони дорои шаҳодатномаҳои байналмилалии IT пӯшонда шавад,  хароҷоти гирифтани шаҳодатномаҳои технологияҳои иттилоотии ҷавононе, ки аз забони англисӣ шаҳодатномаҳои дараҷаи В2 ва аз он баландро соҳибанд, пурра пардохт карда мешавад. Ҳамзамон лоиҳаи «Дар ҳар маҳалла камаш ду барномасоз» роҳандозӣ шуд. Ба 30 000 нафар ҷавонон  забони англисиро омӯзонда, барои он ки аз IELTS камаш 7 балл, забони немисӣ ва дигар шаҳодатномаи В2 гиранд, шароит фароҳам оварда мешавад.  
Дар байни ҷавононе, ки дар минтақаҳо мустақилона ба IT машғуланд, онҳое кам нестанд, ки аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, тавассути платформаҳои байналмилалии онлайн маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар мефурӯшанд. Масалан, як барномасози ҷавони фарғонагӣ барномаеро офарид, ки алифбои брайлро тарҷума мекунад ва тавонист онро ба харидорон дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ба маблағи 150 ҳазор доллар фурӯшад.
Умуман, барои шахсе, ки забони англисиро намедонад, фаҳмидани барномасозӣ ва омӯхтани барномасозӣ хеле душвор аст. Зеро захираҳои омӯзиши IT бештар бо забони англисӣ омода шудаанд. Аз ин рӯ, барномасозе, ки ҳадафҳои баланд дорад, бояд забони англисиро омӯзад ва донад.

Умид ҶАББОРОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: