Зиндагӣ омадану рафтан аст.
. Ҳамин аст қисмати инсонҳо, аммо дар ин фосилаи будан метавонанд аз худ нишоне бигузоранд.
Омадан ва рафтан. Омадан бо эҳсоси хушҳолию нишот ва рафтан бо нигоҳи пурдард ва андӯҳ. Дар байни ин омаду рафт инсонҳо метавонанд аз худ номи нек гузоранд, дар дилу дидаи мардум ҷой бигиранд. Касоне, ки дар роҳи хидмат ба халқи худ ҷонсупорӣ мекунанд, ҳаргиз намемиранд. Мардум номи накӯи онҳоро ҳамеша дар ёди худ ҳифз мекунад.
Яке аз чунин некмардон бародарам Исомиддин Хуррамов буданд. Инсони некному фидоӣ, ботамкину инсонпарвар ва ҷоннисоре, ки атрофиён эҳтиром доштанд. Хотироти айёми кӯдакию наврасии худро варақ мезанам. Бародарам ба мо ҳамеша падарвор меҳрубону ғамхор буданд.
Ҳар сол омадани баҳорро бо зодрӯзи бародари ба ҷону дил баробарам пешвоз мегирифтем. Зеро бародари ҳолпурсу маслиҳатгарам ҳуқуқшиноси пурдон Исомиддин Хуррамов рӯзи аввали баҳор 1-уми марти соли 1954 ба дунё омада буданд. Илмомӯзию ба қуллаҳои мурод расидани бародарам ба осонӣ муяссар нашудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна барои ҳуқуқшинос шудан чанд сол заҳмат кашиданд. Пас ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро бомуваффақият хатм кардаанд. Баъд аз хатми донишгоҳ бародарам ба зодгоҳ баргашта, соли 1985 дар вазифаи ҳуқуқшинос дар хоҷагии ҷамоатӣ фаъолияти меҳнатиашонро давом медиҳанд. Аз рӯзҳои нахустини истиқлолият он касро ба соҳаи прокуратура даъват мекунанд. Дар вазифаи муфаттиш ва ёрдамчии прокурор дар ноҳияҳои Ангор, Узун, Сариосиё, Деҳнав, Олтинсой, Қумқӯрғон ва Музробод солиёни дароз меҳнат намуданд.
Соли 2014 ба нафақа баромада, дар иҳотаи фарзандону наберагон гузаронидани давлати пириро оғоз карданд. Инсони масъулиятшинос, ки буданд, он касро соли 2016 мудири Қабулхонаи халқи ноҳияи Узун таъйин намуданд. Шунидани арзу доди мардум ва қонунӣ ҳал намудани муаммои корафтодагон асабу иродаи мустаҳкам талаб мекард. Бародарам марди фурӯтану босабр ва маслиҳатгар буда атрофиёнро ҳурмат мекарданд.
Дар баробари кори пурмасъулият бародарам ба атрофиён хеле меҳрубону ҳолдон буданд. Аз ҳоли додарону хоҳарон пурсон мешуданд. Ҳар гоҳе мушкиле пеш ояд, барои маслиҳат наздашон мерафтам. Бо салобату тамкини ба худ хос хеле оқилонаю одилона масъаларо ҳал мекарданд.
Дар оила ҳам падари меҳрубону сахтгир буданд. Ҳамроҳи ҳамсарашон – янгаи муаллимаам соҳиби 5 нафар фарзандони соҳибмаълумот ва 18 нафар набера гаштанд. Писари калонашон Аслиддинҷон соҳибкор аст. Шамсиддин, ки аз хурдӣ касби падарро орзу мекард, ҳуқуқшинос шуд, ҳоло ёрдамчии прокурори ноҳияи Деҳнав мебошад. Писари сеюм Сайфиддин сардори хоҷагии фермерии «Хуррам Файз барака»-и ноҳияи Сариосиё аст. Духтарони хонадон Гулрухсор ва Гулсара омӯзгоранду ба фарзандони мардум таълиму тарбия медиҳанд.
Баъди гузаштани падарам хабаргирам бародари азизам Исомиддин гаштанд. Бародарам барои мо ба ҷойи падар ҳамеша роҳбару роҳнамо, мунису ғамхор ва меҳрубон буданд.
Оҳ, чӣ мудҳише буд он рӯзи маргашон, ки дили ҳамаи азизону хешовандон, ҳамкорону ҳамдеҳагон, хуллас қалби ҳамаро пора кард. Танҳо ашк тарҷумони дилҳои шикаста буд...
Ҳар саҳар аз назди дарвозаашон гузашта, ҷониби мактаб ба кор мераваму сӯйи дарвозаашон менигарам, ба умеди он ки боз боре симои нурониашонро бинаму дуо гирам. Вале афсӯс, дидани дидори Исомиддинакаам дигар насиб намекунад. Дигар шунидани суханҳои пурибрату таскинбахшашон армон гаштааст.
Ба ёдам меоянд суҳбатҳою насиҳатҳояшон ва дилам гум мезанад. Боварам намеояд, ки вафот кардаанд. Гоҳе ба андеша фурӯ меравам, ки мурдани наздиктарин инсонҳо чӣ қадар сахт будааст. Ба қавли шоир: «Ҷояшон дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтаанд».
Сад ҳайфу дареғ, ки бародари азизам ҳам аз байни мо рафтанд. Боз фасли сармо пушти сар шуда, баҳор омад, вале баҳори имсола бе бародари баҳорзоду баҳордӯст шукӯҳе надорад.
Барои таскини дил ин сатрҳоро рӯйи коғаз овардаму дар ҳаққашон дуо намудам. Аз инсон корҳои неку номи нек боқӣ мемонад.
Сурайё ХӮҶАЕВА,
ҷонишини директор доир ба корҳои маънавият ва маърифати
мактаби рақами 56-уми ноҳияи Сариосиё.