Ҳоло дар вилояти Самарқанд ҳамагӣ 13 нафар иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар қайди ҳаёт буда, як нафари онҳо Аҳадбобо Очилов аз деҳаи Арабхонаи ноҳияи Самарқанд мебошад.
Дар тарабхонаи бошукӯҳе тадбири адабию фарҳангии «Вохӯрии се авлод» баргузор гардид.
Баранда риштаи суханро ба ягона иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ноҳияи Самарқанд, собиқадори таълими халқ Аҳадбобо Очилови 98-сола дод. Аввал хомӯшӣ ҳукмрон гардид ва баъди дуои хайр ва сипосгузории мӯйсафеди нуронии барнодил дер гоҳ кафкӯбӣ танинандоз шуд.
Воқеан, синни мубораки Аҳадбобо ба сад дакка задааст, вале вай ҳанӯз мисли ҷавонон чолоку серҳаракат аст. Аз ҳама муҳимтарин, хотираи қавӣ дорад.
Дар арафаи Рӯзи хотира ва қадр меҳмони собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳон гардида, аз суҳбати дилнишину гуворояш баҳраманд гардидем.
– Агар шумо нияти дар бораи ман навиштан доред, – таъкид намуд пирамарди нуронӣ,– аввало қайд кунед, ки сипосгузор ҳастам аз сарвари давлатамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев. Дар рӯзҳои таҷлили иди Рамазон ҳокимони вилояту ноҳияи Самарқанд ташриф фармуда 15 миллион сӯм маблағ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида таъбамро болида сохтанд. Соли гузашта ҳам мукофоти Президентро гирифта, дар истироҳатгоҳи беҳтарин саломатиамро мустаҳкам намуда будам.
Хушбахтона, имсол ҳам бо дастгирии Президент имтиёзҳои аҷоиб пешбинӣ шудааст. Ана барои чӣ даст ба омин бардошта, ба ҳақи сарвари давлатамон дуои хайр мекунем ва аз Парвардигори меҳрубон ба мардуми Ӯзбекистон осмони мусаффо, барори кор, тинҷӣ, хонаободӣ, дасторхони пурфайз мепурсам.
Дар омади гап таъкид намуд, ки имрӯзҳо кулбаи ман аз қадами меҳмонони воломақоми вилояту ноҳияи Самарқанд пурфайз аст.
Алалхусус, барои насли наврас саргузашти ман завқи баланд мебахшад, ки ана ба шумо ҳам такрор мекунам.
Мусоҳибам дар курсии нарму гарм бо фароғат нишасту чойи сардшударо нӯшид, лаҳзае ба гирдоби хаёлот афтод, фикрашро ҷамъ оварда ба нақл кардан пардохт:
– Соли 1941 фашистони олмонӣ аҳдшиканона сарҳади давлатии Иттиҳоди Шӯравиро вайрон карда, ба хоки муқаддаси мо ворид шуданд, – лаб ба сухан кушод Аҳадбобо,– мо ҳар рӯз назди радио ҷамъ меомадем ва ба хабарҳои охирин гӯш медодем. Чӣ ҷойи руст кардан аст, ки душманони ғоратгару ғаддор мӯру малах барин пеш меомаданд. Гарчанд ман ҷавон будам, вале ба хидмати ҳарбӣ даъват шудам. Дар баҳори соли 1942 дар шаҳри Ашқобод касби танкрониро омӯхта, ҷониби Қафқози Шимолӣ рахти сафар бастем. Оҳиста-оҳиста, бо талафот, баъзан гушнаву ташна пеш рафтем.
Ҷанги беамон дар кишвари Венгрия рух дод. Дар назди Будапешт аз сарам захм бардошта, дар госпитали ҳарбӣ шифо ёфтам. Ғалабаро дар Олмон пешвоз гирифта, то соли 1949 дар хидмати ҳарбӣ будам.
Аммо он рӯзи ба зодгоҳ – деҳаи Арабхона омаданам, хурсандии волидайн, хешу табор интиҳо надошт.
Бо маслиҳат ва дастгирии модари азиз ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Самарқанд дохил шуда, дар як мактаб 52 сол бо таълиму тарбияи насли наврас машғул шудам.
Ҳоло дар мактаби миёнаи рақами 3-юми ноҳияи Самарқанд шогирдони зиёди ман кайҳо боз омӯзгор мебошанд.
Гарчанд синну соли ман ба ҷое расидааст, баъзан ба таълимгоҳ рафта аз шароити мусоиди илм гирифтани наберагону абераҳо, фарзандони маҳалла курта-курта гӯшт мегирам. Зеро бо сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи сарвари давлатамон ба масъалаҳои муҳими таълиму тарбия диққати махсус дода мешавад.
«Кошкӣ, ҷавон бошаму боз бо муаллимӣ машғул шавам» мегӯям.
– Аҳадбобо, мо хабардор ҳастем ва гувоҳи онем, ки мактаби шумо тоҷикӣ буд ва шумо шеъру ғазалҳои дилнишину гуворо мегуфтед.
– Ҳозир ҳам чанд байт аз шоири ширинкалому хушбаёни тоҷик Абдулқосим Лоҳутӣ медонам, – бо завқ хандида қироат кард ӯ:
Хуни гарми ишқу ихлосу
садоқат бар ватан,
Хуни нафрат, хуни кин бо
душмани паймоншикан.
Ровии мо хомӯш монд, нигоҳаш ба нуқтаи номаълум дӯхта шуд. Ҳис кардан душвор набуд, ки хотираш фиреб дода истодааст. Аммо якбора қоматашро андак боло гирифт ва мағрур идома дод:
Бародарон, ба модари
ватан вафо кунем,
Агар ки сар талаб кунад,
ба вай фидо кунем!
Ҳозирон ҳама қарсак зада «Офарин!» гуфтем.
Аҳадбобо Очилови 98 низ ба мо ҳамроҳ шуд ва табассуми ширин дар лабонаш ҳувайдо гашт.
Суҳбати мо ба қавле қаймоқ мебаст, ки боз як гурӯҳ меҳмонон барои табрик омаданд.
Ба мо ғайр аз саломатии бардавом ва умри Шайх Саъдиро таманно намуда, бадар рафтан ва «суҳбат боқӣ» гуфтан дигар илоҷе набуд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.