БАРОДАРОНИ ДИЛОВАР

Соли 1932 вақте ки Мулло Тӯра вафот кард, тамоми машаққати оила ва идоракунии рӯзгор ба зиммаи Холи нӯҳсола афтида буд.

 Расул ҳамагӣ чорсола буд. Зиндагии пурмашаққат идома меёфт. Фасли тирамоҳи соли 1942. Ҷанги беамони фашистӣ давом мекард. Бародарон Хол ва Расул дар мавзеи Маталиқи қишлоқи Тӯда молбонӣ мекарданд. Яке аз субҳгоҳон ногаҳон мошини ҳарбие пеши чайлаи онҳо омада истод ва аз даруни он марди низомӣ ва ду нафар ҳарбӣ фаромада рост ба он ҷо омаданд. Бародарон ва модарашон Ойхолмомо (Момои Чағирӣ), ки навакак намози бомдодро хонда буд, аз ин ташрифи шахсони бегона дар ҳайрат монданд. Баъд аз салому алейк марди низомӣ худро шиносонд:
– Ман сардори комиссариати ҳарбии ноҳия Бӯрӣ Темиров ҳастам. Модарҷон, мо ҳар ду фарзанди шуморо ба хидмати Ватан бояд фиристонем, ин талаби давр аст. 
Ҳарчанд модар монеъгӣ мекард, ҳеҷ илоҷе набуд. Ӯ ашкрезон писаронашро дуо кард. Бародарон Хол ва Расул қатори даъватшудагон ба маркази ноҳия омада аз назорат гузаштанд. Маълум гашт, ки Расул акнун ба синни чордаҳ даромадааст. Мувофиқи қонуни давлатӣ чордаҳсоларо ба ҷанг фиристодан мумкин набуд. Бӯрӣ Темиров ба Расул бо суол муроҷиат намуд:
– Дар роҳи шарафу номуси ватандорӣ ба ҷанг меравӣ?
– Албатта, меравам, – гуфт Расули ҷавон бе ҳеҷ тарсу дудилагӣ. Аммо аз дил гузаронид, ки онҳо ба ҷанг раванд аҳволи модар чӣ мешуда бошад? Як худи модари муштипар чӣ кор мекарда бошад? Аммо ғурури ҷавонӣ ӯро ба ақиб гаштан намегузошт ва ҳамроҳи бародар ба ҷанг рафтанро ихтиёр намуд. Сардор ба ҳуҷҷати Расул як солро илова намуду қатори шариконаш ба Шӯрчӣ фиристод. 
Вақте бародарон ба ҳимояи Ватан рафтанд, Ойхолмомо бо кумаки чӯпонҳои ҳамсоя, ки  яке Мамат, дувумӣ Ботир ном доштанд, кори чорводориро давом медод. 
Даъватиҳо аз Бойсун то Шӯрчӣ пиёда рафтанд ва аз он ҷо ба поезд савор гаштанд. Ҷанг беамону бешафқат буд. Онҳо худро ба ҳукми тақдир супурданд. Дар шаҳрҳои Пенза, Бердичев ва Житомири советӣ, Познан, Людз ва Люблини Полша бо душман рӯбарӯ омаданд. 
Аз рӯйи нақли шодравон бобоям – Холбой вақте ки онҳо аз дарёи Днепр мегузаштанд, сахт тирпарронӣ мешавад. Аскарони бисёр нобуд мешаванд. Аз хуни одам дарё ранги сурх гирифта, ҷасадҳои беҷон рӯйи дарё шино мекарданд. Тақдир бародаронро аз ҳам ҷудо намуду аз якдигар хабар надоштанд. 
Бобоям Холбой минбаъд дар бисёр шаҳрҳои Украина ҷангида, оқибат аз дасти рост ҷароҳати сахт мегирад ва аз як ангушт маҳрум шуда, ба зодгоҳ бармегардад
Шодравон амакам Расулбой яке аз воқеаҳои ҷангро чунин нақл карда буд:
– Мо дар вилояти Житомир будем ва он ҷо шабона ба разведкаи ҳарбӣ бо сардории командир баромадем. Нохост командир сигор дуд карданӣ шуда гӯгирд зада буд, ки тири снайпери душман ӯро ҳалок кард ва моро ротаи немис таъқиб менамуд. Ҷанг шиддат гирифт. Ман бо як ҳамроҳам тирпарронӣ намуда, хазида ба баландие баромадам. Тасодуф тири душман ба тавони пойи ростам расид. Гӯё ҷон аз танам ҷудо гардид. Бо ҳамон ҳолат лангида-лангида роҳ мепаймудам. Мӯзаи пойи ростам пур аз хун буд. Базӯр мехазидам ва бо як даст тир мепаррондам. Ин вақт тири дигар ба банди дасти чапам расид. Ман худро аз як девори пастак он сӯ партофтам. Ҳамроҳам аз девор гузаштанӣ буд, ки тири дайду ба дилаш расида дар як он ҳалок гашт. Ман аз ҳуш рафта як шаб дар он ҷо мондам. Пагоҳӣ ба худ омада бинам, дар як хоначаи хаспӯш хоб мерафтам ва дар наздам мардаки русе рост меистод. Ӯ маро гуфт:
– Қариб мурда будӣ, бародар, туро Худо нигаҳ дошт. Ин ҷо наист, ки ҳалок мешавӣ. Ту нағзаш як кӯшиш куну ба роҳи калон баро, шояд гурӯҳи ёрирасон туро мадад кунад. 
— Ӯ ба ман шир ва порае нон дод ва баромада рафт. Хазида-хазида бо як машаққат ба роҳи калон баромадам. Нохост як чанаи ёрирасон аз дур намоён шуд. Телпаки худро бардошта ишора намудам. Онҳо наздик омада рақами ба либосам навишташударо дида “Не свои” (“Аз мо нест”) гӯён рафтанд. Ноумед шудам. Ду соати дигар он ҷо хобидам. Даруни мӯзаи пои ростам аз хуни лахта пур шуда, поям сахт ях мебаст. Дуюмин гурӯҳи ёрирасон намоён гашт. Бо ишораи ман ба пешам омад ва боз рақами либосамро диданд. Он дуруст омад ва ду мардак маро ба чана савор карданд. Ман аз ҳуш рафта будам ва вақте ки ба худ омадам, худро дар госпитали ҳарбӣ дидам. Хона гӯё ба сарам чарх мезад, тамоми вуҷудам месӯхт. 
Вақте ки маро бо ҷароҳатҳои зиёд ба хона ҷавоб доданд, моҳи феврали соли 1944 буд. Ба хона назди модарам омада дидам, ки аз ҳамон қадар чорвои бисёр ду барраву як бузғола мондаасту халос. Чӯпонҳое, ки мо боварӣ карда рафта будем, ба хиёнат даст задаанд. “Тамоми чорворо гург хӯрд”, – гуфта молҳоро аз они худ кардаанд.
Шаби хонадоршавиам боз  дуздӣ рӯй дод, дуздон  барраҳоро рабуданд ва дере нагузашта аз пайи дуздидани бузғолаи ягона омаданд. Ману модарам ҳушёрӣ намуда ба қасди онҳо баромадем.  Вале яке аз онҳо чапғалат дода бо таёқи заранги дасташ ба миёни модарам зад. Вай фиғонкунон ба замин афтид ва дар рӯшноии нури моҳ дуздро шинохт. “Ин туӣ, Мамат, илоҳо, нону намакам кӯр кунад туро”,– гирякунон гуфт модарам. Ман бо тамоми қаҳру ғазаб ба ӯ дарафтодам ва гӯё фашистро мекӯфта бошам, зада даҳану биниашро хуншор кардам ва дасту пояшро баста пагоҳӣ ба ҳукумат супоридам. Дуздон ҷазои даркориро гирифтанд. Ман куллан боварӣ дорам, ки барои зинда ба Ватан баргаштани мо – бародарон, албатта, дуоҳои сидқан ба даргоҳи Худованд кардаи модарамон сабаб гаштааст. 
Илоҳо Худованд ҷангро, даҳшатҳои онро ба ягон бандааш нишон надиҳад. Осмонамон беғубору Ватанамон тинҷу обод бошад, – гӯён даст ба дуо бардошта буд мӯсафед, ки як дасташ кор намекард. 

Анвар ХОЛОВ, 
деҳаи Бибиширини 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: