Дар қаламрави ҷумҳуриамон аз қадим қавму миллатҳои гуногун аҳлу тифоқ умр ба сар мебаранд.
Дар қаламрави ҷумҳуриамон аз қадим қавму миллатҳои гуногун аҳлу тифоқ умр ба сар мебаранд. Барои боз ҳам мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ алалхусус тайи ду-се соли охир эътибор зиёд шуд. Дар ин бобат нақши марказҳои миллию маданӣ хеле назаррас аст.
Бобоёнам ҳанӯз охирҳои солҳои сиюми асри гузашта аз деҳаи Ӯхм ба хоҷагии «Қизилқум» кӯчида омадаанд. Аз ҳамон давр инҷониб дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунем.
Ман зодаи Қизилқум мебошам. То ба ҷумҳурии ҳамсояи Қазоқистон кӯч бастани як қисми аҳолӣ қишри асосии аҳолии маҳалро қазоқон ташкил мекарданд. Аз ин рӯ таълим дар мактаб бо забонҳои ӯзбекӣ, қазоқӣ ва русӣ ҷараён дошт. Ман ҳам дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами нӯҳуми ба номи Абай ба забони қазоқӣ таҳсил гирифтаам. Дар синф танҳо ман тоҷик будаму якҷо бо ӯзбек ва қазоқбачаҳо ба камол расидам. Касе касеро таҳқир ё сарзаниш накардааст. Баъди хатми мактаб аввал дар омӯзишгоҳ, сипас дар донишкада хондам. Солҳои дароз бо бародарони ӯзбеку қазоқ паҳлӯ ба паҳлӯ истода меҳнат кардем. Дар бадали ин қадар солҳо ягон бор муноқиша накардаем. Халқҳои бародар ба ҳам дӯсту рафиқанд. Аз ин боис ба онҳо беандоза эҳтиром дорам.
Соли 2001 дар мактабамон бистсолагии хатмро гузаронидем. Бо ҳамсинфон дар даромадгоҳи мактаб нимтанаи мутафаккири қазоқ Абайро гузоштем. Ҳамин ҳам собит менамояд, ки дар Ӯзбекистон барои рушду инкишофи забон ва фарҳанги миллатҳои гуногун эътибори калон дода мешавад.
Дар вақтҳои фориғ аз кор машқи қалам мекунам. Шеърҳоям дар саҳифаҳои матбуот ба забони қазоқӣ мунтазам ба нашр мерасанд. Бо ходимони рӯзномаи «Нурли жол» ҳамкории эҷодӣ дорам. Маҳз ба туфайли кӯмаку дастгирии онон намунаҳои ашъорам ба маҷмӯаҳо ворид гардиданд. Номам аз қатори шоиру нависандагоне, ки дар ҷумҳурӣ ба забони қазоқӣ эҷод мекунанд, ҷой гирифт.
Соли 2007 дар нашриёти «Алматы» «Жузiм бағы» («Боғи ангур»), соли 2014 дар нашриёти «Адиб» «Шуғылалы елд iн шабыты» («Илҳомҳои диёри нурафшон»), соли 2017 «О’збекстандық қазақ ақындары жырларынық антологиясы» («Антологияи шеърияти шоирони қазоқи Ӯзбекистон») ном маҷмӯаҳо ба нашр расиданд ва ба онҳо намунаҳои ашъори ман ҳам дохил гардиданд. Албатта, ин барои ман барин омӯзгори оддӣ, ки ҳамзабони Ҳазрати Ҷомӣ мебошаму ба забони Абай эҷод мекунам, руҳу илҳом мебахшад.
Порсол Соли ҷумҳуриҳо дар кишварҳои якдигар дар савияи баланд гузаштанд. Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамеша пайи таҳким бахшидани ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо ҳамсоякишварҳо саъю ҳаракат мекунад, ки айни муддаост. Беҳуда : «Бародарӣ баробарист», нагуфтаанд.
Раҳматулло МУҲИДДИНОВ,
омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 9-уми
ноҳияи Фориши
вилояти Ҷиззах.