17 декабр дар қароргоҳи «Чонг Ва Дэ»-и Президенти Ҷумҳурии Куриё дар шаҳри Сеул маросими тантанавии истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба амал омад.
Ба шарафи меҳмони олӣ ва ҳамсари ӯ қаровули фахрӣ саф орост. Мадҳияҳои давлатии ҳар ду мамлакат садо доданд. Маросими тантанавӣ таҷассумгари таърихи бостонӣ ва муосири дурахшони Кишвари таровати субҳ буд.
Сипас сарони давлатҳо бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар мулоқот анҷом доданд.
Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чжэ Ин меҳмони олиқадрро хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки Сеул ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо Тошканд оид ба ҷанбаи васеи самтҳо аҳамияти калон медиҳад.
– Ҷаноби муҳтарам Шавкат Мирзиёев, бародари азизамро хайрамақдам мегӯям. Хуш омадед ба Сеул. Ман вохӯрии онлайнии моро дар моҳи январи соли равон хуб дар ёд дорам. Ин мулоқотамон аввалин вохӯрии соли ҷории ман дар сатҳи олӣ буд. Имрӯз мо бо Шумо дар охири сол дидор мебинем. Махсусан хурсандиовар аст, ки ҷадвали дипломатии ман дар ин сол бо Шумо оғоз ёфт ва ба охир мерасад. Куриё ва Ӯзбекистон шарикони махсуси стратегӣ мебошанд. Бо саъю кӯшиши муштарак лоиҳаҳои мухталиф дар чунин соҳаҳо ба мисли истеҳсоли таҷҳизоти кишоварзӣ ва электротехника, соҳаи электротехникӣ ва энергетика, инчунин сохтмони корхонаҳои саноатӣ татбиқ мегарданд. Дар доираи сафари Шумо як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим имзо хоҳанд шуд. Мо омодаем, бо Ӯзбекистон даст ба даст гирифта, ба ҷавобан тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ҳамкориро дар чунин самтҳои пешомаднок ба мисли созмон додани шаҳрҳои «оқил», хоҷагиҳои интеллектуалӣ, ТАК, истеҳсоли автомобилҳои барқӣ инкишоф диҳем. Дар соли оянда моро 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ интизор аст. Боварӣ дорам, ки дар соли нав мо якҷоя саҳифаи нави шукуфоӣ боз менамоем.
Президент Шавкат Мирзиёев барои даъват миннатдорӣ изҳор намуда, қайд кард, ки рӯшодӣ ва эҳтироми тарафайн барои рушди муносибатҳои байни ду мамлакат пойгоҳи мустаҳкам ба ҳисоб мераванд.
– Аз вохӯрӣ бо шумо хеле шодам. Барои даъват ба Куриёи зебоманзар ба сафари давлатӣ ва барои истиқболи гарми анъанавӣ арзи сипос менамоям. ӯоло ҳаво хунук аст, аммо рӯҳи бародарони куриёии мо хеле гарм аст. Дар ин ҷо, дар иҳотаи дӯстон қарор гирифта, мо худро дар хона ҳис мекунем. Мо ба мамлакати шумо ва халқи Куриё ба таври махсус муносибат зоҳир менамоем. Мо тинат, анъана ва арзишҳои маънавии якхела дорем. Татбиқи «Сиёсати нав»-и Шумо имкони мустаҳкам намудани мавқеи пешсафии мамлакатро дар соҳаи технологияҳои баланд, рақамисозӣ, рушди инноватсионӣ ва «сабз», ифшо намудани нерӯи бузурги зеҳнии халқи боистеъдоди Куриё фароҳам меорад, – гуфт Президенти Ӯзбекистон.
Кишварҳои мо 15 сол боз шарикони стратегӣ мебошанд. Дӯстӣ ва иродаи сиёсии Шавкат Мирзиёев ва Мун Чжэ Ин барои таҳрики нав бахшидан ба ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Куриё рағбати пурқудрат гардид.
Ин чаҳорумин мулоқоти сарони давлатҳо мебошад. Дар моҳи октябри соли 2017 Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Куриё боздиди аввалини давлатиро анҷом дод. Дар моҳи апрели соли 2019 ташрифи ҷавобии Президент Мун Чжэ Ин ба Ӯзбекистон ба амал омад, ки дар доираи он Эъломияи муштарак дар бораи шарикии махсуси стратегӣ қабул гардид. Як қатор ташаббусҳои нави мубрам оид ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо аз ҷониби роҳбарон дар рафти ҳамоиши онлайнӣ моҳи январи соли 2021 эълон шуданд.
Ташрифи ҳолоина ба Куриё идомаи мантиқии муколамаи пуршиддат мебошад.
Роҳбари Ӯзбекистон алоҳида қайд намуд, ки имрӯз худи замон аз мо тақозо мекунад, ки афзалиятҳои шарикии амалии дарозмуддатро аз нав дида бароем. ӯамкориҳои ду кишвар бояд ба даъватҳои замонавии иқтисоди ҷаҳонӣ пурра ҷавобгӯ бошанд.
Ҷумҳурии Куриё яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Муомилоти мол ва шумораи корхонаҳои муштарак дар солҳои охир қариб ду баробар афзуданд. Сарфи назар аз оқибатҳои пандемия муносибатҳои бисёрҷониба ба таври динамикӣ инкишоф меёбанд. Ӯзбекистон ва Куриё дар масъалаи ба имзо расондани Созишнома дар бораи тиҷорати озод ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ин мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки бо имзои он дар соли оянда имкони афзоиш ва мувозинати нишондиҳандаҳои муомилоти мол пайдо мешавад.
Ҳаҷми сармоягузории Куриё ба иқтисодиёти Ӯзбекистон беш аз 7 миллиард долларро ташкил медиҳад. Дар соли равон 320 миллион доллар азхуд карда шуд, ки нисбат ба соли 2020 20 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳисоби ин сармоя лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кимиё, нафту кимиё, бофандагӣ, саноати сохтмон, кишоварзӣ татбиқ мегарданд.
Ҳамкории самарабахши бисёрсола бо Эксимбонки Куриё инчунин, Фонди рушди иқтисодӣ ва ҳамкорӣ (EDCF) сазовори таваҷҷӯҳи ҷудогона аст. Масалан, танҳо бинобар хатти фонди мазкур маблағгузорӣ то 1 миллиард доллар афзоиш ёфт. Маблағҳои зиёд барои татбиқи лоиҳаҳои нав дар Ӯзбекистон то соли 2023 равон карда мешаванд. Ҳамкориҳои судманд бо Агентии ҳамкории байналмилалии Куриё (KOICA) низ густариш меёбанд.
Президенти Ӯзбекистон се самти асосии наздиктарини рӯзномаро муайян кард: рушди «сабз», рақамисозӣ ва мустаҳкам кардани низоми ҳифзи иҷтимоӣ. Пешниҳод шуд, ки ҳамаи лоиҳаҳо, барномаҳо ва нақшаҳои муштараки пешомаднок дар асоси ҳамин афзалиятҳои асосӣ баррасӣ шаванд.
Президент Шавкат Мирзиёев алоҳида таъкид намуд, ки бо муттаҳид намудани сармояи инсонӣ ва захираҳои табиии Ӯзбекистон бо технологияҳои пешқадам ва донишҳои Ҷумҳурии Куриё барои рушди истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ серталаб асоси хуб фароҳам овардан мумкин аст. Ба ин муносибат сарвари давлатамон пешниҳод намуд, ки бо ҷалби Фонди мусоидат ба рушди иқтисодӣ (EDPF) кластери Ӯзбекистону Куриё оид ба истеҳсоли нимноқилҳо ва электроника дар вилояти Тошканд созмон дода шавад. Ба ҳудуди он муассисаҳои илмию таълимӣ, марказҳои тадқиқотҳо ва коркардҳо дар соҳаи технологияҳои пешқадам ҷойгир карда мешаванд.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки фаъолияти технопарки бофандагӣ ва Маркази мошинсозии кишоварзӣ, ки якҷоя дар мамлакатамон созмон дода шуданд, ҳамаҷониба ҳавасманд ва рушд хоҳанд ёфт.
Ӯзбекистон аз истифода бурдан аз комёбиҳои Куриё дар соҳаи рушди иқтисодиёти «рақамӣ», интеллекти сунъӣ, «шаҳрҳои оқил», аутсорсинг, авлоди нави алоқа ва технологияҳои интернетӣ манфиатдор аст.
Мамлакатҳои мо дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, муассисаҳои томактабӣ ва маълумоти олӣ ҳамкорӣ доранд. Аз соли гузашта дар Тошканд Клиникаи серсоҳаи бачагона – лоиҳаи аввалини муштараки бузург дар соҳаи тиб фаъолият нишон медиҳад.
Модули таълими Куриё дар ҷаҳон яке аз беҳтарин ба ҳисоб меравад. Маҳз аз ин рӯ дар мамлакатамон низоми таълими томактабиро дар асоси таҷрибаи пешқадам ва дониши шарикон аз Куриё куллан ислоҳ намуданд.
Президенти Ӯзбекистон аҳамияти рушди ҳамкории инноватсионӣ байни донишгоҳҳоро таъкид намуда, пешниҳод кард, ки барои муколамаи мунтазами онҳо майдони доимӣ таъсис дода, соли оянда Форуми ректорони донишгоҳҳои ду кишвар баргузор карда шавад.
Дар рафти музокирот таъкид гардид, ки яке аз локомотивҳои рушди иқтисодӣ дар давраи пас аз пандемия метавонад соҳаи сайёҳӣ гардад. Ӯзбекистон иштироки ширкатҳои куриёиро дар лоиҳаҳо оид ба сохтмони меҳмонхонаҳо ва инфрасохтор дастгирӣ менамояд.
Соли оянда кишварҳои мо 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ва 85-умин солагарди истиқомати корейсҳоро дар Ӯзбекистон ҷашн мегиранд.
Роҳбари мамлакатамон пешниҳод намуд, ки соли 2022 «Соли мубодилаҳои тарафайн байни Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Куриё» эълон карда, оид ба таъсиси Музейи таърихи корейсҳо, инчунин китобхонаи назди Хонаи фарҳанг ва санъати корейсҳо дар Тошканд лоиҳа татбиқ карда шавад.
Инчунин, оид ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ӯзбекистон ва Куриё дар бисёр масъалаҳо мавқеъҳои якхела доранд. Мамлакатҳо дар арсаи байналмилалӣ якдигарро дастгирӣ мекунанд. Ҷумҳурии Куриё барои ҳамчун узви Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон интихоб шудани Ӯзбекистон, инчунин ба номзадии Самарқанд ҳамчун ҷои баргузории сессияи 25-уми Ассамблеяи Генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар соли 2023 баромад кард. Дар навбати худ Ӯзбекистон ниятҳои Куриёро оиди узви бевоситаи Шӯрои амнияти СММ шудан дар солҳои 2024-2025 дастгирӣ менамояд.
Президент Шавкат Мирзиёев ба баланд гардидани нақши Форуми «Ҷумҳурии Куриё – Осиёи Марказӣ» дар мусоидат ба рушди устувори минтақаамон баҳои баланд дод.
Раҳбари Ӯзбекистон пешниҳод намуд, ки механизмҳои нави самарабахши мулоқот дар доираи парлумонҳо ва ҳукуматҳо ба мақсади пеш бурдани лоиҳаҳои пешомаднок ва барномаҳои ҳамкории мутақобил ҷорӣ карда шаванд.
Аз рӯйи аҳамияти қарорҳои қабулшуда ва созишномаҳои ҳосилшуда сафари давлатии Президенти мамлакатамон руйдоди таърихӣ гардида, барои ба сатҳи боз ҳам баландтар бардоштани муносибатҳои шарикии махсуси стратегӣ заминаи мустаҳкам гузошт.