Барои бачаҳо

Қандакатро чой хӯрдаст

Барои бачаҳо

Қандакатро чой хӯрдаст

Фиғон дорад аз саҳар,
Хоҳарчаам Нилуфар.
«Қандам канӣ, қандамро
Ёфта медиҳед шумо!»
Ин дафъа ба пиёла,
Қанд гузорад Зулола.
Нилуфар аз ин рафтор,
Хурсанд мешавад бисёр.
Аммо пас аз чанде боз,
Мегӯяд аз сари ноз.
«Қандаки ман куҷо шуд?
Дар шиками кӣ ҷо шуд?»
Бобояш бо навозиш,
Аз Нилуфар кард хоҳиш:
– Қандата фаромӯш кун,
Чойи ширинро нӯш кун.
Қандакат бисёр будаст,
Ҳамаашро чой хӯрдаст.

Дилрабо НАСИМӢ


ДӮСТИ 
ҚИЁМАТӢ
(Ривоят)

Дар замони хеле қадим дар Бухоро ду дӯсти ба ҳам қарин умр ба сар бурдаанд. Меҳрубонии байни онҳо ҳатто аз фарзандони як оила болотар будааст. Рӯзе аз рӯзҳо онҳо ба қароре меоянд, ки ин дӯстӣ то қиёмат бояд пойдор бошад. Солҳои зиёд гузашта, ин дӯстон пасу пеш чашм аз олам мепӯшанд. Қиёмат қоим шуда ҳамаи фавтидагон аз қабр хеста сӯйи маҳшаргоҳ мераванд. Байнашон он ду дӯст низ буданд. Яке аз онҳо назди тарозу омада ҳисоби корҳои савоби номаи аъмолашро донистан мехоҳад. Миқдори умумии онҳо 99-то буда, барои воридшавӣ ба биҳишт як савоб намерасид.
– Рав, боз якто савоб ёфта биё,  баъд туро ба ҷаннат роҳ медиҳем, – мегӯянд нозирон.
Вай савоб ҷуста назди падару модар, бародарон, ҳамсараш рафта, бо дасти холӣ бармегардад.
– Ту 99-то савоб доштаӣ, маълум нест, ки аз они ман ба 70-то мерасад, ё не. Бо ин аҳвол ба ту чӣ гуна ёрӣ расонам? – гуфтааст падараш.   
– Корҳои савоби тую падарат кам набудааст. Бо чил савоб ҳоли ман чӣ мешавад? – нолидааст модараш.
Бад-ин тариқ аз ҳеҷ кас савобе гирифта натавониста, вай зери дарахте дароз кашида, хобаш бурдааст. Вақте бедор шуда, дӯсти азизашро дар наздаш мебинад, хурсанд мешавад.
– Ҷӯраҷон, чӣ аҳвол дорӣ? – пурсидааст рафиқаш ӯро ба оғӯш гирифта.
– Напурс, барои биҳиштӣ шуданам як савоб нарасид, на падару модарам ёрӣ расонда тавонисту на додару бародарам, на ҳамсарам, – изҳори ноумедӣ кард ӯ.
– Ту бою бадавлат будаӣ! Ман буду шуд якто савоб доштаам. Ҳатто, нагузоштанд, ки назди тарозу равам...
– Ин тавр бошад, ҳамон савоби ягонаатро ба ман медиҳӣ? Охир, мо дӯсти қиёматием?!
– Албатта, медиҳам. Як не, агар садто мешуд ҳам садақаи сарат мекардам, – ҷавонмардӣ зоҳир  намудааст рафиқаш.
Онҳо ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, хайру хуш кардаанд.
Дӯсташ бо номаи аъмол шодикунон сӯйи тарозу рафтааст. Вақте дарвозабон савобҳои ӯро шуморида сӯйи ҷаннат роҳ мекушод, ногаҳ нидои осмонӣ онҳоро ба ҳайрат меоварад:
– Сабр, ба биҳишт аввал шахсе медарояд, ки савоби ягонаи худро ба дӯсташ бахшидааст. Пас, ба дӯсти ӯ низ иҷозат мешавад! Мақоми бандаи ба дӯсташ некикарда назди Аллоҳ ҳамеша баланд аст.

Таҳияи  А.АНВАР,
ноҳияи Шофиркон.


Устоди санъати навозандагӣ ва сарояндагӣ
Яке аз устодони барҷастаи «Шашмақом»-и Бухоро, ҳунарманди моҳир Ота Ғиёс Абдуғаниев (1859-1927) мебошад. Вай дар давраи аморати Бухоро ва баъд аз он ҳамчун танбӯрнавози беҳамто, мусиқишиноси беназир, донишманди  бузурги қисми мушкилот – мусиқии «Шашмақом» шуҳрат ёфта буд. Солҳои зиёд ҳамчун созандаи рикобии дарбори амирони манғити Бухоро хидмат кардааст.
Ӯ дар сарой баробари такмил додани шуъбаҳои «Шашмақом» бобати тайёр кардани танбӯрнавозони шоиста хидматҳои беминнат кардааст. Обрӯю эътибори Ота Ғиёс дар рикоби амир монанди Ота Ҷалол воло буд. Беҳуда нест, ки  ин ҳар ду санъаткори нотакрор соҳиби нисбаи «Ота» гардида буданд.  
Ота Ғиёс баъди сарнагуншавии сохти амирӣ солҳои 20-ум дар мактаби мусиқаи Шарқи Бухоро ҳамчун мураббӣ фаъолият нишон додааст. Вай дар ин даргоҳи ҳунар ба соҳибистеъдодҳои ҷавон оҳангҳои «Шашмақом» ва асрори танбӯрнавозиро меомӯзонад. 
Бузургтарин хидмати ӯ дар он аст, ки  соли 1924 бо ҳамкории Ота Ҷалол Носиров, Мирзоназруллоҳи Танбӯрӣ таҳти роҳбарии В. Успенский ва дастгирии А.Фитрат «Шашмақом»-и Бухороро ба адвор дароварда, боиси дар Маскав дар шакли китоб аз нашр баромадани он мегардад. 
Агар гӯем, ки Ота Ғиёс Абдуғаниев асосгузори мактаби ба худ хоси танбӯрнавозӣ дар Бухорост, муболиға нахоҳем кард. Шогирдони зиёди ӯ кайҳост, ки дар Ӯзбекистону Тоҷикистон ба дараҷаи устодӣ расида, дастпарваронашон ҳоло баҳри нашъунамои боғи санъати ду халқи бародар саҳми арзанда мегузоранд.
 
А.  АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: