Дар Маркази матбуоти миллии Гулистон бо ташаббуси шуъбаи вилояти Вазорати таълими томактабӣ таҳти мавзӯи «Консепсияи рушди низоми таълими томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030» нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар он роҳбари садорати таълими томактабии вилоят Даврон Дӯстов ва роҳбарони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони соҳаи таълими халқ, фаъолони Иттифоқи ҷавонон, вакилони ҷамоатҳо ширкат варзиданд.
Д. Дӯстов таъкид намуд, ки консепсияи рушди низоми таълими томактабӣ дар ҳар як шаҳр ва ноҳия нахустин ҳуҷҷате мебошад, ки нишондодҳои дақиқро бинобар низоми фарогирии бачагон ба муассисаи таълими томактабӣ муайян мекунад. Қадами мазкур шаффофият ва объективӣ будани фаъолияти моро таъмин месозад. Бинобар зиёд кардани миқдори педагогҳо, ҳамчунин, саракунӣ, омодасозӣ ва баланд бардоштани малакаи ходимон барои татбиқ кардани муносибатҳои нав корҳоямонро идома медиҳем. Намояндагони вазорат имкони ҳар дақиқа назорат кардани фаъолияти ходимони маъсулро надоранд. Барои ҳамин дар ҷойҳо кор кардани инсонҳои соҳибмалакаву бовиҷдон барои мо муҳим аст.
Таъкид гардид, ки дар низоми таълими томактабӣ ҳолатҳои ришваситонӣ бо мисоли хӯрокворӣ вобаста мегарданд. Бинобар аз байн бардоштани ҳолати мазкур корҳои низомнок бурда мешаванд.
Ба сабаби он ки воситаҳои санитарӣ-гигиенӣ аз ҳисоби буҷети давлат марказонида ва расонда мешаванд, дар муассисаҳои томактабӣ аз падару модарон маблағ талаб карда намешавад. Касоне, ки бо ин ҳол дучор мешаванд, метавонанд ба вазорат муроҷиат кунанд ва ин муамморо дар якҷоягӣ ҳал намоянд.
Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки вобаста ба камбудиҳое, ки дар низоми таълими томактабӣ ба назар мерасанд, ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ ба вазорат шикоят намуда, масъалаҳои мавҷударо дар ҳамкорӣ омӯхта, ҳаллу фасл намоянд.
Беҳтар будани таъмини кӯдакон бо ғизо нисбат ба ноҳияҳо дар шаҳри Гулистон аз ҷониби иштирокдорони тадбир зикр гардид, масъулони вазорат бинобар ин масъала ибрози ақида карданд ва пешниҳод шуд, ки таҳти назорат гирифтани хӯроки бачагон аз ҳар ҷиҳат зарур аст.
Маълум шуд, ки дар соҳа камбудиҳо ба назар мерасанд, барои зина ба зина баланд бардоштани тарбияи кӯдакон нақшаҳои низомнок андешида мешаванд, то он ки низоми таълими томактабӣ ба соҳаи пешрафта табдил ёбад. Зеро хишти аввали ояндаи дурахшони бачагон дар мактаб не, балки дар кӯдакистонҳо гузошта мешавад.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти СИРДАРЁ.