БАРОИ БЕҲТАРИН СТАРТАПИ ДОНИШҶӮӢ 50 ҲАЗОР ДОЛЛАР

26 сентябр дар Намоишгоҳи комёбиҳои миллии «Ӯзэкспомарказ» кушоиши расмии озмуни ҷумҳуриявии байни донишҷӯёни Ӯзбекистон бино бар кашфиёти беҳтарин замимаи давлатии мобилӣ ««mGovAward» баргузор шуд.

Дар чорабинии мутантан Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва ҳайати Аморати Муттаҳидаи Араб бо сарварии вазири оид ба корҳои ҳукумат ва ояндаи Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) Муҳаммад бин Абдулло ал-Гергавӣ иштирок карданд.
Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов таъкид сохт, ки байни Ӯзбекистон ва АМА дар соҳаҳои такмил додани идораи давлатӣ, татбиқ намудани лоиҳаҳои нави баландтехнологӣ ҳамкориҳо вусъат меёбанд. Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ӯзбекистон дастгирӣ кардани ҷавонони соҳибистеъдод ба шумор меравад. Озмуни мазкур низ имконияти навбатии ба ҳаёт татбиқ сохтани ғояҳои пешқадамтарин  аст.
Озмуне, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони АМА гузаронида мешавад, ба рушд ва таҳкими иқтидори донишҷӯён дар соҳаҳои барномарезӣ ва коркарди замимаҳои мобилӣ нигаронида шудааст.
– Шаҳрҳои қадимаи Ӯзбекистон, аз ҷумла Тошканд, Самарқанд, Бухоро ва Хива марказҳои таърихии илм ва маърифат ба шумор мераванд, – мегӯяд вазири оид ба корҳои ҳукумат ва ояндаи Аморати Муттаҳидаи Араб Муҳаммад бин Абдулло ал-Гергавӣ. – Ӯзбекистон  метавонад бо олимони худ, ки дар байни онҳо Ибни Сино, Ал-Хоразмӣ, Ал-Бухорӣ, Ал-Берунӣ ҳастанд, ифтихор кунад.
Дар озмуни «mGovAward» ҳар як донишҷӯ метавонад новобаста аз ихтисоси мактаби олӣ иштирок намояд. Бояд гурӯҳе аз се нафар ва зиёдро ҷамъ овард, ба веб-сайти расмии озмун ариза дод, дар он навори видеоӣ ва ахбореро, ки моҳияти ғоя ё худ таъиноти замимаи мобилӣ сабт шудааст, ҷойгир кард. Ҳарчанд ба иштирокдорон озодии комили эҷодӣ пешниҳод шудааст, созмондиҳандагони озмун самти коркарди замимаҳои мобилиро интихоб намуданд. Яъне иштирокдорони озмун бояд аз панҷ самт: таълим, нигаҳдории тандурустӣ, сайёҳӣ ва маданият, соҳибкорӣ, нақлиёт ва логистика якто замимаро омода кунанд.
Бунёди ҷоизавии озмун 100 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ин маблағ дар байни ҷоизадорони озмун тақсим карда мешавад. Ба ғолиб 50 ҳазор доллар, ба иштирокдоре, ки ҷойи дувумро ишғол намудааст, 30 ҳазор доллар, ба барандаи ҷои сеюм бошад, дар ҳаҷми 20 ҳазор доллар мукофот дода мешавад.
Барои аз байн бардоштани рӯбардоркунӣ (плагиат) даъвогарони озмунро лозим аст, ки коди ибтидоии замимаҳои худро баҳри санҷиши экспертӣ бинобар иқтибос аз он пешниҳод намоянд.
Маросими мукофотонидани ғолибон 14 марти соли 2020 баргузор мешавад.

Роман БОНДАРЧУК,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: