БАРОИ ФАРОВОНҲОЛИИ АҲОЛӢ ВА РУШДИ КИШВАР ОВОЗ МЕДИҲЕМ

Конститутсия бо таҳрири нав дар мураттабсозии тамоми самтҳо ва рушди демократии кишварамон ҳамчун таҳкурсии муҳими ҳуқуқӣ хидмат хоҳад кард.

Меъёрҳои наве, ки ба лоиҳаи қонуни конститутсиявӣ дохил гардидаанд, дар пешбурди кулли соҳаҳо, аз ҷумла дар ташкили босамари ҳокимияти давлатӣ ёрӣ мерасонанд.
Тавассути референдуми умумихалқӣ амалӣ гардондани ислоҳоти конститутсионӣ воқеаи калони сиёсӣ буда, ба он ягон фарди ин сарзамин набояд бефарқ бошад.
Мо бо иштироки фаъоли худ дар ин воқеаи таърихӣ ба ояндаи нурафшони Ӯзбекистон овоз медиҳем. Аз тартиби овоздиҳӣ огоҳ  менамоем. Комиссияи қитъаҳо шаҳрвандонро доир ба ҷойи овоздиҳӣ 10 рӯз пеш аз гузаронидани раъйпурсӣ бохабар месозад. Шаҳрвандон бо шиносномаи худ ба манзили овоздиҳӣ рафта, аз рӯйхат мегузаранд. Баъди имзо гузоштан, аъзои комиссия ба онҳо варақаи овоздиҳӣ – бюллетенро тақдим менамоянд. Дар бюллетени референдум пурсиши «Оё шумо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул мекунед?» сабт шудааст. Овоздиҳандагон ба хонаи махсус барои овоздиҳӣ даромада, ба бюллетен аломати дилхоҳашонро мегузоранд.
Бояд таъкид кард, ки овоздиҳӣ аз соати 8.00 субҳ то 20.00 бегоҳ гузаронида мешавад. Шаҳрвандоне, ки рӯзи референдум имкони дар ҷойи зист буданро надоранд, ҳақ доранд пештар овоз диҳанд. Он 10 рӯз пеш оғоз ёфта, 3 рӯз  пеш ба гузаронидани референдум анҷом меёбад. Баргузории овоздиҳии пешакӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботӣ муайян карда, тавассути ВАО ба эътибори шаҳрвандону назоратчиён расонда мешавад.
Шаҳрвандоне, ки пешакӣ овоз додан мехоҳанд, ба комиссияи қитъавӣ бо ариза доир ба сабаби дар референдум иштирок карда натавонистан (таътил, сафари хидматӣ, ба хориҷ баромадан ва ҳоказо) муроҷиат мекунанд. Баъди гирифтани бюллетен бо иштироки 2 нафар аъзои комиссияи қитъа ба рӯйхат имзо мегузоранд. Сипас дар хонаи махсусе, ки барои овоздиҳӣ тайёр карда шудааст, даромада бюллетенро пур мекунанд ва ба конверт меандозанд. Ба конверт муҳр зада мешавад ва ду нафар аъзои комиссия имзо монда онро дар сейф мегузоранд.
Референдум баҳри татбиқи вазифаҳо доир ба фаровонҳолии аҳолӣ, рушду равнақи кишвар, мустаҳкам кардани қудрати иқтисодиву рақобатбардории мамлакати мо хидмат хоҳад кард.

Улуғбек ТУЛАГАНОВ,
роҳбари шуъбаи адлияи Маркази хидматрасонии 
ҳуқуқии ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: