Дар кишвари мо дар доираи татбиқ намудани ғояи умумимиллии «Миллати китобдӯст», ки дар «Стратегияи тараққиёти Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026» ва қарори Девони Вазирон «Дар бораи барномаи миллии дастгирии рушди маданияти китобхонӣ дар солҳои 2020-2025» зикр шудааст, корҳои назаррас амалӣ мешаванд.
Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон бо ҳамкории Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ дар Китобхонаи миллии ба номи Алишери Навоӣ тақдимоти китобҳои бачагонаро, ки таҳти рукнҳои «Бачаҳои китобхон» ва «Даҳоёни дунё» нашр шудаанд, баргузор намуд.
– Солҳои охир дар кишварамон ба масъалаи баланд бардоштани маданияти китобхонӣ эътибори алоҳида дода мешавад,– таъкид намуд ҷонишини директори Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ Дилшод Мадраҳимов. –Дар асоси самти чоруми панҷ ташаббуси муҳим, ки Президент Ш. Мирзиёев пеш гузоштааст, барои баланд бардоштани маънавияти ҷавонон, дар байни онҳо тарғиб намудани китобхонӣ, такмил додани салоҳияти интеллектуалии насли наврас як қатор корҳо амалӣ мегарданд. Зеро мавқеи китоб дар тарбияи авлоди баркамол, ки бо ҳисси ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан зиндагӣ мекунанд, беқиёс аст. Аз ҷумла, Иттиҳоди журналистон бобати татбиқсозии ин самти муҳими ташаббус ҳиссаи калон мегузорад.
Дар озмуне, ки баҳри ба амал баровардани лоиҳаҳои дорои аҳамияти муҳими иҷтимоӣ аз ҷониби Бунёди ҷамоатии дастгирии созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ва дигар институтҳои ҷамъияти шаҳрвандии назди Олий Маҷлис ташкил шуда буд, иттиҳодия бо лоиҳаи «Баланд бардоштани маданияти китобхонӣ ба мақсади такмил додани тафаккур ва ҷаҳонбинии аҳолӣ, махсусан, насли наврас, ҳаматарафа баркамол ба воя расидани онҳо» ғолиб омад.
Аз рӯйи ин лоиҳа масъалаҳои чопи 10 номгӯй китоб барои бачагони хурдсол ва наврасон, созмон додани шакли аудиои онҳо, тақдими ин китобҳо ба муассисаҳои ахбору китобхонаҳо ба нақша гирифта шуданд. Дар ҳамкорӣ бо агентӣ рӯйхати адабиёти бачаҳо тасдиқ гардида, бинобар чопи онҳо бо нашриётҳо шартномаҳо ба имзо расиданд.
Таҳти рукни «Бачаҳои китобхон» – асарҳои Ориф Тӯхташ «Шалола», Абдураҳмон Акбар «Бачаи харбузаи сафед», Муҳаббат Йӯлдошева «Ҳаммоми парвозкунанда», маҷмӯи шеърҳои омӯзгорони фахрӣ «Аз дасти бачагӣ дошта» дар нашриёти «Ӯзбекистон» чоп шуданд.
Чопи китобҳоеро, ки таҳти рукни «Даҳоёни дунё» нашр мешаванд, аз ҷумла «Стив Жобе – шахсе, ки ба компутер ҷон ато кард», «Муҳаммад Алӣ муштзани машҳури ҳама замонҳо», «Леонардо да Винчи – соҳиби ақли баланд», «Мосарт – даҳои мусиқа», «Алберт Эйнштейн – даҳои ҳамадон»-ро нашриёти ҶММ «Asaxiy books» ба ӯҳда гирифтааст.
Баромадкунандагон оид ба аҳамияти китобҳои чопшудаи бачагона, ороиши онҳо, мувофиқати мазмуни шеърҳо ба синну соли хурдтаракон фикру андешаҳои худро иброз доштанд. Аз ҷумла, директори Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ Умеда Тешабоева чунин гуфт:
– Ин рӯзро дер интизор будем. Ин кори нек, яъне барои бачаҳо чоп кардани китоб оғоз ёфт ва он давом хоҳад кард. Бачаҳо аз хурдсолӣ бояд бо китоб унс гиранд. Ба созмондиҳандагони лоиҳа миннатдории худро изҳор менамоям.
Дар чорабинӣ ба Китобхонаи миллӣ, мудирони ахбору китобхонаҳо ва муассисаҳои таълимии ноҳияҳои пойтахт, хонаҳои меҳрубонӣ, мактаб-интернатҳо ва мактабҳои Президентӣ маҷмӯи китобҳо тақдим гардиданд.
Г. Кабирова, хабарнигори «Овози тоҷик».