БАРОИ ИМОРАТЕ, КИ ВАЙРОН КАРДА МЕШАВАД, МУВОФИҚИ АРЗИШАШ ҶУБРОНПУЛӢ ПАРДОХТА ХОҲАД ШУД

Имрӯз ба мақсади дахлнопазирии ҳуқуқи молу мулкро ба тарзи эътимодбахш ҳимоя кардан, ҳамчунин пешгирӣ намудани дахолати ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ба муносибатҳои молу мулк ва пурзӯр кардани кафолати ҳифзи он, бечуну чаро таъмин намудани ҳуқуқи молу мулк, аз ҷумла ҳуқуқ барои қитъаи замин устувории амволи хусусӣ ба сифати тамоюли асосӣ муайян карда шуд.

Низоми ҳифзи ҳуқуқи шахсе, ки бо эътимод ба маълумоти расмии идораҳои давлатӣ молу мулк харид кардааст, ҷорӣ гардид.

Вале бо вуҷуди ислоҳоти соҳаи ҳифзи мулки хусусӣ ва чораҳое, ки андешида мешаванд, ҳолатҳое мушоҳида мегарданд, ки бинобар беадолатӣ ва баҳонаҳои беасоси баъзе мансабдорон ҳуқуқи соҳибони мулки хусусӣ поймол мегардад, вазъиятҳои вайрон кардани асосҳои молу мулк ба назар мерасанд. 
Аз ҳама бадаш он мебошад, ки аз вайронкуниҳои ғайриқонунӣ ё худ ғайримақбул, пеш аз ҳама мардуми одӣ ҷабр мекашанд. Вобаста ба ин дар ҷомеа фикру андеша ва ҳароси «молу молки ман ба рӯйхати вайронкунӣ (снос) намеафтода бошад» ба миён омаданд. Онҳое, ки мехоҳанд хонаҳавлӣ харид кунанд, сараввал барои ба рӯйхати вайронкунӣ наафтодани он кафолат мепурсидагӣ шуданд. 
Мушкилоти вайронкунӣ, ки ба яке аз се муаммои рӯзмарра табдил ёфтааст, солҳои тӯлонист, ки аз ҷумлаи мушкилоти гарони ҷамъияти мост, барои ҳамин ҳам солҳои охир баҳри ҳаллу фасли он як қатор чораҳои амалӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла арзиши молу мулке, ки ба ин рӯйхат дохил шудааст, пешакӣ пардохта мешавад, дар ин бобат хазинаҳои махсус кушода ва назорати ҷамъиятӣ пурзӯр карда шуд. 
Вале бо вуҷуди андешидани чораву тадбирҳои зарурӣ то ҳол муаммои зикршуда ҳаллу фасли пурраи худро пайдо накардааст. Ин аст, ки талошҳои вобаста ба он гоҳ-гоҳ  мушоҳида мешаванд. 
Дар моддаи 47-уми Сарқонуни нав меъёри «Ҳеч кас бидуни қарори суд ва бар муқобили қонун аз хонаву манзили худ маҳрум карда намешавад. Мулкдоре, ки аз хонаву манзилаш маҳрум шудааст, арзиши ин мулк, ҳамчунин қимати зарари ба ӯ расидаро мувофиқи қонун ба даст меорад», сабт гардидааст, яъне дахлнопазирии амволи хусусӣ дар сатҳи Қонуни Асосӣ мустаҳкам карда мешавад. 
Ворид шудани меъёри мазкур ба Сарқонуни мо дар оянда барои беҳтар кардани фаровонҳолии ҳаёти аҳолӣ, беш аз пеш дастгирӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ кафолатнок сохтани муносибатҳои мулкдорӣ ва мустаҳкам кардани дахлнопазирии мулки хусусӣ такони бузург хоҳад шуд. Аз ҳама муҳимаш мушкилоти вайронкунӣ, ки чандин сол боз дар ҷамъияти мо аз ҷумлаи муаммоҳои шадид буд, ҳаллу фасли одилона пайдо кард. 
Бо моддаи мазкур нисбати мулкдорони хонаву манзил 2 навъ кафолати муҳими конститутсионӣ муайян карда шуданд: кафолати суд ва кафолати ҷубронпулӣ ҳангоми маҳрумшавӣ аз хонаву манзил. Кафолати суд маънои бидуни қарори суд аз ҳуқуқи молу мулк маҳрум накарданро дар назар дорад. Дар ин маврид ҳолатҳое, ки ба бекор карда шудани ҳуқуқи мулк сабаб мешаванд, аз ҷониби суд дар асоси ҳуҷҷатҳои қонуни дар амал ба тарзи воқеъбинона баррасӣ карда мешаванд. Бешубҳа, тартиби мазкур дар ҳама гуна ҳолат кафолати пешгирӣ намудани маҳрумшавии мулкдор аз ҳуқуқи мулк мебошад. 
Кафолати дуюм бинобар он ки ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мулкдор нигаронда шудааст, боиси эътибор мебошад. Ин меъёр дар вазъ ва тартибе, ки қонун муайян кардааст, ба пардохти арзиши баробари хонаву манзил ва зиёни расида кафолат медиҳад. 
Хулоса, дар Сарқонун бо таҳрири нав вобаста ба дахлнопазирии мулки хусусӣ кафолатҳои нав ворид карда шудаанд, ки ба ҳаллу фасли мушкилоти зиёд, ки боиси нигаронии одамони одӣ буданд, мусоидат мекунад ва барои аз байн бардоштани онҳо ҳамчун асоси ҳуқуқӣ хидмат менамояд.

Фарҳод ЗАЙНИЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: