БАРОИ ЛОИҲАҲОИ ПЕШОМАДНОКИ САРМОЯВИЕ, КИ БА ФАРОВОНҲОЛИИ АҲОЛӢ ХИДМАТ МЕКУНАНД, ТАМОМИ ШАРОИТҲО ФАРОҲАМ ОВАРДА МЕШАВАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 январ бо лоиҳаҳои сармоявие, ки бояд соли 2019-ум дар шаҳри Тошканд татбиқ гарданд, шинос шуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 январ бо лоиҳаҳои сармоявие, ки бояд соли 2019-ум дар шаҳри Тошканд татбиқ гарданд, шинос шуд.
Роҳбари давлат дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Тошканд, ки 21 декабри соли 2018 ба вуқӯъ омад, зарурияти ба пойтахт ҷалб намудани намояндагони тиҷорати бузург ва сармоягузорони асосӣ, дар шаҳр  фароҳам овардани иқлими куллан мусоиди сармоявиро қайд карда буд.
Ба ин муносибат 4 январи соли равон аз ҷониби Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ барои рушди инфрасохтори шаҳри Тошканд» қабул гардид. Мувофиқи он дар соли 2019-ум ба иқтисодиёти Тошканд ҷалб намудани 2,7 миллиард доллар сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ва аз ин ҳисоб татбиқ сохтани 273 лоиҳа пешбинӣ шудааст.
Ҳангоми муаррифии лоиҳаҳо самт ва ҷойи татбиқсозӣ ва муҳлати аз худ кардани маблағҳо таҳлил гардиданд.
Чунончи, дар соҳаҳои филизот, бофандагӣ, хӯрокворӣ, сохтмон, дорусозӣ, нафту кимиё ва ҷанбаҳои дигари истеҳсолот татбиқ намудани 115 лоиҳа, дар соҳаи хидматрасонӣ 103 ва дар сохтмони манзил 55 лоиҳа пешбинӣ шудааст. Ин имкон медиҳад тақрибан 37 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оянд ва шароити маишии аҳолӣ беҳтар гардад.
Президент ба самарабахшии иқтисодӣ ва аҳамияти иҷтимоии лоиҳаҳо эътибори махсус дод. Барои кӯмакрасонӣ ба сармоягузорони хо-риҷӣ, назорати дар муҳлати муқарраршуда татбиқсозии лоиҳаҳо супоришҳо дод.
Иқтисодиёт бидуни сармояҳо пеш намеравад. Агар мо муҳити мувофиқ ва барои сармоягузорон инфрасохтори мусоид фароҳам оварем, ҷойҳои корӣ ба миён меоянд, истеҳсоли маҳсулот вусъат меёбад, пули андоз зиёд мегардад. Бояд корхонаҳоро рағбатнок намуд, то ки онҳо барои рушди худ маблағ ҷудо кунанд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар машварати видеоселекторӣ, ки 8 январ ба вуқӯъ омад, роҳбари давлат супориш дод, ки амалиёти ба моҳҳои охири сол вогузоштани азхудкунии қисми асосии маблағ аз миён бардошта, нишондиҳандаи азхудкунии маблағҳо дар тамоми самт ва минтақаҳо дар нимаи аввали сол ба 35 ва бино бар натиҷаи нӯҳ моҳ ба 70 фоиз расонда шавад. Мувофиқи ин дар шаҳри Тошканд низ дар семоҳаҳои якуму сеюм аз худ кардани 70 фоизи сармояҳои соли равон пешбинӣ шудааст. Барои ҳар кадом лоиҳа давр, муҳлати татбиқсозии онҳо ва шахсони барои онҳо масъул мушаххас карда шуданд.
Дар ҷараёни муаррифисозӣ аз хусуси механизми мониторинг ва назорати татбиқсозии лои-ҳаҳои сармоявӣ сухан рафт. Чунончи, дар ҳар як ноҳияи пойтахт бо сарварии прокуратураи шаҳри Тошканд гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Чораҳое, ки дар тамоми давраҳо – аз ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сармоягузорон то ба истифода супурдани иншоот амалӣ мешаванд, мушаххас карда шуданд. Ин шаффофият ва ҳалолкориро таъмин мекунад, тамаъкориро дар ҷараёни тартиб додан ва татбиқ намудани лоиҳаҳо  аз байн мебардорад.
Шавкат Мирзиёев зарурияти дастгирӣ намудани лоиҳаҳо, сари вақт ҳаллу фасл кардани масъалаҳоеро, ки ҳангоми татбиқсозии онҳо ба миён меоянд, қайд намуд, бояд барои кори самарабахши корхонаҳо, баъди ба кор супурдани онҳо низ кӯмак расонида шавад.
Боз як навгоние, ки дар иқтисодиёти Тошканд ба миён меояд, ин дар ноҳияи Сергелӣ дар пояи меъёрҳои аврупоӣ ташкил кардани хиёбони замонавии саноати техникӣ бо масоҳати зиёда аз 100 гектар ба шумор меравад.
Вай барои сармоягузорон аз он ҷиҳат мувофиқ хоҳад буд, ки тамоми бино ва иншоот куллан тайёр ва бо тамоми инфрасохтори зарурӣ супурда мешавад.
Ҳоли ҳозир кор бобати тарҳи хиёбони техникӣ оғоз ёфт, барои соҳибкорон 85 фоизи майдон ҷудо карда шуд. Дар ин ҷо фароҳам овардани зиёда аз 10 ҳазор ҷойҳои корӣ пешбинӣ шудааст.
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки муҳлати ба истифодасупории хиёбони техникиро тезонанд ва ба рушди истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловагӣ кӯмак расонанд.
Ҳамчунин ба масъалаҳои баланд бардоштани хидматрасонии коммуналӣ, бозсозии шабакаҳои муҳандисиву коммуникатсионӣ дар шаҳри Тошканд эътибор дода шуд.
Аз ҷумла дар бораи ба сифати таҷриба ба роҳбарони ширкатҳои касбӣ додани идоракунии хонаҳои бисёрҳуҷра дар ноҳияи Юнусобод маълумот пешкаш гардид.
Дар ноҳия 1212 хонаи бисёрошёна мавҷуд. Пешбинӣ мегардад, ки хидматрасонии онҳо ба зиммаи роҳбарони ширкатҳои касбӣ гузошта мешавад. Мақсад аз ин солимгардонии аҳволи моддии низоми хидматрасонии манзил, ҳаллу фасл намудани масъалаҳои  мушкили вобаста ба вом, мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникӣ аст. Дар натиҷа кор бо муроҷиатҳои аҳолӣ беҳтар ва хидмати шабонарӯзии садамавиву диспетчерӣ ба роҳ монда мешавад.
Президент таъкид сохт, ки ҳолати манзилҳои бисёрҳуҷра, фаровонҳолии сокинони онҳо аз ин низом вобаста мебошад, бобати ба ноҳияҳои дигари шаҳр ҳам ҷорӣ намудани таҷрибаи мазкур, такмил додани тайёркунии кадрҳои соҳа супориш дод.
Бино бар лоиҳаҳои сохтмони хонаҳои замонавӣ, меҳмонхонаҳо, муассисаҳои таълимиву тиббӣ, иншооти дигар, рушди низоми таъминоти гармӣ, созмон додани Маркази идораи хидматҳои коммуналӣ дар Тошканд супоришҳои дахлдор дода шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: