БАРОИ МАРДУМ ХИДМАТ ХОҲАД КАРД

Дар маркази ноҳияи Фориш – шаҳраки Боғдон бинои Маркази фарҳанг аз нав таъмир гардида, ба истифода супорида шуд.

Дар маркази ноҳияи Фориш – шаҳраки Боғдон бинои Маркази фарҳанг аз нав таъмир гардида, ба истифода супорида шуд. 

Фарҳангу ҳунар ҳаст, ки одамон зебоӣ меофаранд. Мероси ғании халқ маҳз туфайли ҳунар ва фарҳанг зинда ва пойдор мемонад. 
Хушбахтона, дар ҷумҳурӣ пайи беҳбуди марказҳои фарҳангӣ ва бо ин роҳ инкишоф додани маданият, санъат ва ҳунар эътибори доимӣ дода мешавад. Ҳоло дар ноҳияи Фориш дастаҳои бадеии «Тоғ шалоласи» ва ҷамоаи халқии фолклорию этнографии  «Боғдон гуллари» фаъолият доранд.  Ҳунарварони ин дастаҳои ҳунарӣ барои эҳё намудани суруду таронаҳои мардумӣ саъю кӯшиш мекунанд.  Онҳо дар анҷуману ҷашнвораҳои гуногун, ба мисли «Баҳори Бойсун», «Садойи қарнҳо» дар дараи Сармишсойи ноҳияи Навбаҳори вилояти Навоӣ, соли 2016 дар фестивали «Абрешим ва зираворҳо»-и шаҳри Бухоро бомуваффақатият иштирок намуда, сазовори мукофот гардидаанд. 
Алҳол, ки маркази ноҳия аз ҳар ҷиҳат обод мешавад, маркази фарҳанг ба он ҳусни нав мебахшад.  Бинои замонавӣ дорои китобхона буда, дар он барои нобиноён низ тақрибан 200 номгӯй адабиёт бо алифбои брайл, панҷоҳ диск ва сад дона адабиёти аудиоӣ мавҷуданд.  Дар ин ҷо Осорхонаи кишваршиносии Фориш низ ҷой гирифтааст. Дар марказ 16 маҳфил амал мекунад. Толори он 220 ҷойи нишаст дорад.  
– Шароитҳоямон хеле беҳ гардид, – мегӯяд корманди марказ Суҳроб Иброҳимов. – Ин имкониятҳо аз мо тақозо менамоянд, ки беш аз пеш ба халқ хидмат расонем. 
Дар маросими кушодашавии марказ ва бинои театри лӯхтаки ҷавонони вилоят вазири фарҳанг О.Назарбеков иштирок кард.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: