“БАРОИ ОБОДӢ ҲИССАИ ХУДРО МЕГУЗОРАМ”

ин аст шиори ҳар як сокини ҷамоати Тоҷикқишлоқ

ин аст шиори ҳар як сокини ҷамоати Тоҷикқишлоқ


Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи  Тоҷикқишлоқи ноҳияи Қува бештар аз се ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Онҳо дар 870 оила муттаҳид шудаанд. Аз номи ҷамоатамон маълум аст, ки сокинони он асосан аз мардуми тоҷиктабор иборатанд. 
Дар ин ҷамоати шаҳрвандон ба сифати мутахассис фаъолият мебарам. Соли 1991 Донишкадаи маданияти Тошкандро хатм кардаам. Солҳои зиёд дар китобхонаи шӯъбаи фарҳанги ноҳия китобдор шуда кор кардам. Се сол муқаддам ба сифати мутахассиси ҷамоат пазируфта шудам.
Дар қаламрави ҷамоати Тоҷикқишлоқ як мактаби таълимоти умумӣ фаъолият мебарад. Дар он 484 нафар фарзандони мардум ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар як муассисаи таълими томактабӣ 90 нафар кӯдакон таълиму тарбия мегиранд.  Имрӯзҳо аз фарзандони аҳолии Тоҷикқишлоқ 10 нафар дар мактабҳои олӣ, 27 нафар дар коллеҷҳои касбу ҳунар ва 7 нафар дар литсейҳои академӣ машғули таҳсил мебошанд. 
 Ходимони бунгоҳи тиббии деҳот дар барқарор намудани саломатии аҳолӣ ҳамеша хидмати беминнат мерасонанд. Як дорухона ва ҳафт нуқтаи савдо дар хидмати мардуми ҷамоат қарор доранд.
Ба гузаштаи начандон дур назар андозем, мебинем, ки як гурӯҳи сокинони Тоҷикқишлоқ боиси ифтихори мардуми он мебошанд. Салимбобо Ҷалилов, Акбарбобо Қосимов, Асадулло Ҳусайнов, Акбаралӣ Тошматов ва Луқмонҷон Аҳмадов дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият бурда, номи деҳаи худро дар ноҳияву вилоят ва ҷумҳурӣ машҳур кардаанд.
Дар айни ҳол номи як идда тоҷикқишлоқиҳоро метавон зикр намуд, ки дар ноҳияву маркази вилоят бо меҳнати фидокоронаи худ соҳиби обрӯ ва эҳтироми умум гаштаанд. Насрулло Норматов, Шарофиддин Ашӯров, Зиёдулло Амонов, Зайниддин Ҳусайнов, Атоулло Акбаралиев, Юсуфҷон Ашӯров, Ӯринбой Шарифов, Шавкатҷон Шокиров, Шавкатҷон Амонов ва дигарон аз зумраи кадрҳои беҳтарини ҷамоати мо маҳсуб меёбанд. Онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ машғули фаъолият мебошанд.
Мардуми ҷамоати мо асосан ба кишту парвариши пахта, ғалла, зироати гуногун, боғпарварӣ ва чорводорӣ машғул ҳастанд. Онҳо дар хоҷагиҳои фермерии “Нилуфар Бибисоро Шабона”, “Қува олтин диёр”, “Дӯстмурод боғ”, “Адҳам Баҳодур баракаси”, “Имронбек Акобир” ва амсоли он, ки теъдоди умумии он 15-торо ташкил мекунад, заҳмат мекашанд.
Соли равон барои мардуми ҷамоати мо соли ободӣ эълон шудааст. Аз ин лиҳоз, “Барои ободӣ ҳиссаи худро мегузорам” ном шиорро дар миён гузоштаем. Дар ин маърака ҳар як сокини Тоҷикқишлоқ фаъолона иштирок менамояд. 
Дар солҳои охир кӯчаву хиёбонҳои мо беш аз пеш ободу зебо мегарданд. Дарахтони манзаравӣ шинондем, соле ду маротиба ҷӯйҳоро тоза мекунем. Деворҳои самти кӯчаву хиёбонҳоро ба тартиб меорем. Аммо баъзе мушкилоту масъалаҳои ҳалношуда низ дорем, ки умедворем бо кӯмаки молии ҳокимияти ноҳия ва ҳомиёни саховатманд онро низ ҳаллу фасл хоҳем кард.
Аз ҷумла, дар минтақаи ҳавлиҳои навбунёди ҷамоатамон бояд хати барқу лӯлаи гази табиӣ кашида шаванд. Роҳҳои онро низ ҳамвор мебояд кард.  
Мақсади асосии мо мунтазам омӯхтани тарзи зисти мардум, барқарор намудани муҳити иҷтимоиву маънавӣ, истифодаи самаранок аз замину майдонҳои наздиҳавлигӣ, фаровонгардонии ҳаёт ва ба рӯи об баровардани орзуву ормонҳои аҳолӣ мебошад.  
Барои татбиқи корҳои барномарезишуда аз ҳисоби фаъолон гурӯҳи корӣ таъсис додаем. Онҳо ба се гурӯҳ тақсим шуда, хонаводаҳои эҳтиёҷмандро муайян карданд. Мо бар асоси маълумоти онҳо рӯйхат тартиб додем. Маълум шуд, ки дар ҷамоати мо 14 хонаводаи камбизоат мавҷуд аст, ки ба кӯмакҳои моддиву маънавӣ ниёз доранд.
Маркази “Саховат ва кӯмак” ва гурӯҳи ҳомиён ба ин хонаводаҳо дасти ёрӣ дароз намуданд. Яке аз корҳои шоёни таҳсини фаъолони мо таъмини аъзои панҷ хонавода бо 0,5 сотих замини корам мебошад. Ҳамчунин, ба ихтиёри бархе аз оилаҳои камбизоат гармхонаи сохташуда дода шуданд. 
Гузашта аз ин, баъди ғунучини ҳосили гандум майдонҳои зиёд аз кишти ғалла холӣ шуд. Аз ҳисоби ҳамин заминҳо ба ҳар як хонаводаи эҳтиёҷманд 20 сотихӣ замин ҷудо карда додем. Ҷиҳати кишту парвариш онҳо бо тухмӣ ва маводи кимёвӣ низ таъмин карда шуданд. Дар муддати кӯтоҳ тавонистем, ки аз 14-то 9 хонаводаро аз феҳрасти оилаҳои камбизоат ихроҷ намоем.
Ногуфта намонад, ки кишоварзони Тоҷикқишлоқ соле аз майдонҳои кишти зироати гуногун то се маротиба ҳосил ба даст меоваранд. Ҳоло дар қаламрави ҷамоати мо сохтани гармхонаҳо ба ҳукми анъана даромадааст. 
Зикри як нуктаи муҳимро ҷоиз медонам. Бо ташаббуси раиси ҷамоат Шавкатҷон Шокиров ва фаъолони маҳалла  таҳти унвони “Хонаводаи обод», “Кӯчаи обод”, “Маданияти маишӣ”, “Хонаводаи намунавӣ” ва амсоли он тадбирҳо роҳандозӣ кардем. Ҳадаф аз пиёда кардани ин тадбирҳо боло бурдани фарҳанги мардум, сохтани ҳоҷатхонаҳои замонавӣ, танӯрҳои барҳавои нонпазӣ ва амсоли он мебошанд. 
Як гурӯҳ ҳомиёни саховатманд дар обод намудани қабристон, мумфарш кардани роҳрави он, тармими ҷанозахона ва бо ҷиҳози зарурӣ таъмин намудани он саҳми беназир гузоштанд ва ба ин васила савоб гирифтанд.
 Оила ячейкаи ибтидоии ҷамъият ва бар замми он муқаддас хонда мешавад. Ин маънӣ зимни корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ дар байни ҷавонон ҳамеша вирди забон аст. Барқарории муҳити солим, аз вартаи ҷудошавӣ нигоҳ доштани оилаҳо, сарсону саргардон накардани фарзандон аз масъалаҳоеанд, ки рӯз-марра мадди назари фаъолони ҷамоати мо қарор гирифтаанд.  
 Дар ҳашт моҳи соли равон дар қаламрави ҷамоати мо ягон ҷиноят содир нашудааст. Барои таъмини сулҳу осоиши мардум, пешгирии корҳои ҳуқуқвайронкунӣ чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. 

Муборакхон 
ХОЛИҚОВА,
мутахассиси ҷамоати шаҳрвандони
маҳаллаи Тоҷикқишлоқи ноҳияи Қуваи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: