БАРОИ РАВНАҚИ САНЪАТИ МУСИҚӢ

Ҳокими вилояти Намангон Хайрулло Бозоров ғайр аз аҳолӣ, бо ҷавонони вилоят низ вохӯриҳо гузаронида, барои ҳаллу фасли муаммоҳои пешистодаашон кӯшиш мекунад.

Ҳокими вилояти Намангон Хайрулло Бозоров ғайр аз аҳолӣ, бо ҷавонони вилоят низ вохӯриҳо гузаронида, барои ҳаллу фасли муаммоҳои пешистодаашон кӯшиш мекунад.
Ба қарибӣ дар Маркази маданияти вилоят вохӯрии навбатии ҳоким бо ҷавононе, ки ба мусиқӣ ва санъат меҳр пайдо кардаанд, баргузор гардид.
Дар чаҳорчӯбаи вохӯрӣ дар толори маркази номбурда намоиши масолеҳи ҳунармандии дастпарварони мактабҳои бачагонаи «Баркамол авлод», ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият доранд, ба роҳ монда шуд. Инчунин баромади театри лӯхтак ва садои созҳои мусиқӣ ба чорабинӣ рӯҳи идона бахшид.
Мулоқоте, ки дар маркази маданияти муҳташами замонавӣ баргузор шуд, ҷавонон ба ҳокими вилоят бо савол ва дархостҳояшон муроҷиат карданд.
Дар вохӯрӣ ҷавонон оиди кушодани мактабҳо аз рӯйи соҳибкорӣ, журналистика, марказҳои забони англисӣ, ташкил кардани ансамблҳои мусиқӣ ва театри лӯхтак таклифҳо пешниҳод намуданд.
Ҳокими вилоят орзу ва мақсадҳои ҷавононро дастгирӣ кард ва аз рӯйи мусиқии анъанавии мақом, опера, сурудҳои эстрадӣ ташкил намудани озмуни «Афсона музик»-ро таъкид кард.
– Вохӯрии навбатии сарвари вилоят барои ҳар як иштирокдор дубора илҳом бахшид ва дар оянда барои равнақи эҷодии ҷавонон омили муҳим гардид, – гуфт роҳбари маҳфили робототехникии мактаби бачагонаи «Баркамол авлод»-и ноҳияи Чуст Маъруфҷон Маҳкамов.
Соли ҷорӣ мувофиқи иҷрои панҷ ташаббуси Президент дар мактабҳои таълими умумии вилоят фаъолияти 1370 маҳфили гуногун ба роҳ монда шуд. 
Дар вохӯрӣ бо ташаббуси ҳокими вилоят ба мудирони шуъбаи таълими халқи шаҳру ноҳияҳо, барои мустаҳкам кардани базаи моддию техникии маҳфилҳои номбурда 1 миллиарду 300 миллион сӯмина анҷомҳои мусиқӣ пешниҳод карда шуд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: