БАРОИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ҲИНДУСТОН ИМКОНИЯТҲОИ НАВ КУШОДА МЕШАВАНД

Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ӯзбекистон (ИТСБ) якҷоя бо яке аз марказҳои асосии илмии Ҳиндустон — Бунёди байналмилалии Вивекананда (VIF) ва бо дастгирии Сафорати кишвари мо рӯзи 4 декабр конфронси онлайнро дар мавзӯи «Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ӯзбекистон ва Ҳиндустон» баргузор намуд.

Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ӯзбекистон (ИТСБ) якҷоя бо яке аз марказҳои асосии илмии Ҳиндустон — Бунёди байналмилалии Вивекананда (VIF) ва бо дастгирии Сафорати кишвари мо рӯзи 4 декабр конфронси онлайнро дар мавзӯи «Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ӯзбекистон ва Ҳиндустон» баргузор намуд. 
Тибқи иттилои ИТСБ, конфронс ҳайати намояндагии иштирокчиёнро аз байни дипломатҳо, олимон ва муҳаққиқони барҷастаи соҳаи сиёсати байналмилалӣ гирд овард. Дар ҷараёни мулоқоти виртуалӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор оид ба самтҳои умедбахши ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Ҳиндустон ва нақши ду кишвар дар дигаргуниҳои мусбии дар Осиёи Марказӣ идомадошта сурат гирифт. Роҳҳои имконпазири тавсеаи ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Ҳиндустон, мусоидат ба раванди сулҳ дар Афғонистон ва татбиқи лоиҳаҳои гуногуни муштарак баррасӣ шуданд.
Директори ИТСБ Элдор Арипов чорабиниро ифтитоҳ намуда, ба сатҳи муносибатҳои Ӯзбекистон ва Ҳиндустон, ки дар солҳои охир дар асоси принсипҳои эҳтироми тарафайн ва ба назар гирифтани манфиатҳои ҳарду кишвар ба даст омада буданд, баҳои баланд дод. Вай нақши Президент Шавкат Мирзиёев ва Сарвазир Нарендра Модиро дар рушди босуръати ҳамкориҳои гуногунҷанба таъкид кард. Ба гуфтаи директори ИТСБ, ин дар худи табиати муносибатҳои роҳбарони ду кишвар ва шиддатнокии робитаҳои кории онҳо зоҳир мешавад.
Элдор Арипов ба имкониятҳои наве, ки барои амиқтар кардани муносибатҳои Ӯзбекистон ва Ҳиндустон вобаста ба татбиқи стратегияи рушди Ӯзбекистони нав фароҳам оварда шудаанд, диққати махсус дод, ки дар доираи он маҷмӯи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди иқтисодиёти ба содирот нигаронидашуда ва таҳкими институтҳои демократӣ амалӣ карда мешаванд.
Ҷониби Ҳиндустон инчунин ҳавасмандии худро ба густариши нав додан ба муносибатҳои Ҳиндустон ва Ӯзбекистон иброз дошт. Аз ҷумла, директори Бунёди Вивекананда Арвин Гупта зарурати тақвияти ҳамкориҳои байни кишварҳоро дар мубориза бо пандемия ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии онро қайд кард.
Дар ин росто ӯ ҷониби Ӯзбекистонро дар бораи нақшаҳои ҳукумати Ҳиндустон оид ба ташкили истеҳсоли оммавии ваксинаҳои гуногуни зидди коронавирус дар кишвар огоҳ намуда, дар ин самт ҳамкорӣ пешниҳод намуд. Вай ба ташаббуси роҳбари Ӯзбекистон оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи телемедитсина, ки дар ҳамоиши охирини СҲШ ба миён гузошта шуда, он дар муттаҳидсозии кӯшишҳои кишварҳои созмон оид ба мубориза бо пандемия дар фазои созмон саҳми назаррас гардид, баҳои баланд дод.
Арвин Гупта инчунин соҳаҳоеро аз қабили технологияҳои рақамӣ, тиб, маориф ва туризмро самтҳои умедбахши ҳамкорӣ муайян карда, омодагии ҷониби Ҳиндустонро оиди мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар рушди технологияҳои инноватсионӣ ва стартап-экосистемаҳо дар Ӯзбекистон иброз дошт.
Ба гуфтаи коршинос, таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт ба шавқу рағбати Ӯзбекистон оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ дар доираи барномае, ки  оиди дар мамлакат тайёр намудани «миллион нафар барномасозони ватанӣ» то соли 2025 бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев таҳия шудааст, ба таври равшан мувофиқат мекунад.
Сафири Ӯзбекистон дар Ҳиндустон Дилшод Аҳатов низ дидгоҳи худро дар бораи вазъи муносибатҳои дуҷониба иброз дошта қайд кард, ки тайи 2-3 соли охир ду кишвар ҳамкориҳоро аз ҷиҳати амалӣ афзоиш доданд. Ӯзбекистон ва Ҳиндустон инчунин оид ба аксари мушкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла масъалаҳои танзими Афғонистон ҳамдигарфаҳмии мукаммал пайдо мекунанд. Онҳо дар доираи СММ ва СҲШ, дар формати «Ҳиндустон - Осиёи Марказӣ» ҳамкории судманд доранд.
Тамоюли мусбати ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Ҳиндустон рушди ҳамкориҳо дар сатҳи минтақавии ду кишвар мебошад. Имзои Муоҳидаи ҳусни тафоҳум байни вилояти Андиҷон ва иёлати Гуҷарат имкон дод, ки робитаҳои мустақими тиҷоративу иқтисодии байни онҳо густариш ёбанд. Нақшаи васеъ намудани ин таҷриба тавассути роҳандозии ҳамкориҳои байни дигар минтақаҳои Ҳиндустон ва Ӯзбекистон, алалхусус вилояти Фарғона ва иёлати Ҳариана пешбинӣ шудааст.
Тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ бо Ҳиндустон дар соҳаи тайёр кардани мутахассисон тавассути Барномаи ҳамкории техникӣ ва иқтисодии Ҳиндустон (ITEC) ва Шӯрои робитаҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) муҳим аст. Сафир ҳавасмандии худро барои ҷалби технологияҳои пешрафтаи инноватсионӣ ва IT-и Ҳиндустон барои рушди соҳаҳои илмталаб, инчунин маориф ва тандурустӣ изҳор кард.
Ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва сайёҳӣ афзоиш ёбад, зеро Ӯзбекистон ва Ҳиндустон марказҳои қадимтарини тамаддуни ҷаҳонӣ, иқтидори азими фарҳангӣ ва сайёҳӣ доранд.
Сафири Ҳиндустон дар Ӯзбекистон Маниш Прабҳат низ ба талабот оид ба истифодаи имконоти истифоданашудаи ҳамкорӣ ишора кард. Дипломат таъкид кард, ки имкониятҳои васеъ барои густариши робитаҳои Ҳиндустон бо Ӯзбекистон ва дар маҷмӯъ бо минтақаи Осиёи Марказӣ ба туфайли динамикаи нави муносибатҳои байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар солҳои охир ба вуҷуд омадаанд, пайдо шуданд.
Вай чунин дигаргуниҳои мусбатро дар минтақа натиҷаи сиёсати таҷдидшудаи минтақавии Ӯзбекистон ва кӯшишҳои шахсии Президент Шавкат Мирзиёев арзёбӣ кард, ки ӯ ба куллан тағйир додани фазои сиёсии Осиёи Марказӣ муяссар шуд.
Ба андешаи ӯ, сиёсати дохилии Тошканд низ дастовардҳои назаррасро нишон медиҳад. Муваффақиятҳои Ӯзбекистон дар солҳои охир дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва таъмини шаффофияти иқтисодиёти кишвар  як пешравист, гуфт сафир.
Ҳамзамон коршиносони Ҳиндустон ва Ӯзбекистон ба хулоса омаданд, ки омили асосии боздорандаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба набудани масири мустақими нақлиётӣ ва логистикӣ мебошад.
Бо назардошти ин, Корманди шоистаи илмии Бунёди Вивекананда Динкар Пракаш Сривастава ба зарурати тақвияти робитаи байниҳамдигарии иқтисодиёти ду кишвар тавассути тезонидани раванди пайваст кардани марказҳои нақлиётӣ ва логистикӣ дар байни минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла, бо суръат бахшидани татбиқи долони байналмилалии нақлиётии «Шимол-Ҷануб» таъкид кард.
Дар ин росто ӯ ташаббуси Президенти Ӯзбекистонро дар сессияи 75-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Маркази минтақавии рушди нақлиёт ва коммуникатсияи байнишабака, ки дар сатҳи минтақавӣ ба миён гузошта шудааст, муҳим меҳисобад. Амалисозии ин ташаббус, ба гуфтаи коршинос, имконоти транзити минтақаро боз месозад ва ҳамчун воситаи иловагии рушди ҳамкориҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионии минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хидмат хоҳад кард.
Ҷониби Ҳиндустон муттаҳидсозии саъйҳоро барои мусоидат ба барқарорсозии иқтисодии Афғонистон ҳамчун як самти дигари афзалиятноки ҳамкорӣ мешуморад. Зарурати андешидани чораҳои муштарак аз ҷалби амиқи Деҳлӣ ва Тошканд дар пеш бурдани раванди сулҳ дар арсаи Афғонистон, инчунин мавҷудияти робитаҳои боэътимод ва қавӣ бо Қобули расмӣ аз ҳарду ҷониб вобаста аст.
Ба гуфтаи ӯ, Ӯзбекистон дар як муддати кӯтоҳ тавонист нақши худро ҳамчун як бозигари минтақавӣ мустаҳкам кунад, ки қодир аст ба равандҳои Афғонистон таъсири устувор расонад. Дар навбати худ, Ҳиндустон чун анъана дар қатори мамлакатҳои асосии донори Қобул бо сармоягузории дар ҳаҷми 3 миллиард доллари ИМА қарор дорад.
Муовини директори ИТСБ Санжар Валиев низ дар ин мавзӯъ истода гузашт. Вай ҷониби Ҳиндустонро даъват намуд, ки масъалаи иштироки фаъолонаи Ҳиндустонро дар лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таълимӣ ва энергетикӣ, ки Ӯзбекистон дар самти Афғонистон татбиқ мекунад, баррасӣ кунад. Дар байни онҳо, ба гуфтаи коршинос, татбиқи лои-ҳаҳои муштарак дар заминаи инфрасохтори рушдёбанда дар вилояти марзии Сурхондарё мебошад.
Имконияти баргузории як конфронси сеҷонибаи коршиносон бо иштироки намояндагони Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Афғонистон низ баррасӣ шуд. Ташкили чунин чорабинӣ имкон медиҳад, ки равишҳо ва тавсияҳои умумӣ барои лоиҳаҳои минбаъдаи иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба барқарорсозии иқтисодиёти осоиштаи Афғонистон нигаронида шудаанд, таҳия карда шаванд.
Ҳамзамон, сардори шӯъбаи ИТСБ Алишер Қодиров таваҷҷӯҳро ба талабот оид ба амалҳои муштарак ҷиҳати рафъи оқибатҳои манфии пандемияи коронавирус, аз ҷумла, таҳдид ба амнияти озуқаворӣ ҷалб кард. Дар ин самт, ӯ даъват ба амал овард, ки корҳо оид ба имзои Созишномаи тиҷорати имтиёзнок ва Созишнома доир ба мусоидат ва ҳимояи сармоягузорӣ тақвият, инчунин масъалаи бартараф кардани намудҳои гуногуни маҳдудиятҳо дар тиҷорати мутақобила таҳия гардад.
Дар маҷмӯъ, коршиносон ба мувофиқа расиданд, ки Ӯзбекистон ва Ҳиндустон дар марҳилаи кунунӣ бояд парадигмаи нави муносибатҳоро бо роҳандозии лоиҳаҳои иловагии стратегӣ, ки бо сармоягузории баландсифат таъмин карда мешаванд, таҳия кунанд. Чунин рушди шарикии Ӯзбекистон ва Ҳиндустон такягоҳи боэътимоди ҳамкориҳои дарозмуддати Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бо ҳамгироии Афғонистон ба низоми робитаҳои минтақавӣ хоҳад шуд.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: