Барои саломатии инсон хатарнок будани об дар зарфи пластикӣ маълум гардид

Дар Қатар пажӯҳишгарони ширкати Weill Cornell Medicine хатарнок будани оби зарфҳои пластикиро барои саломатии инсон ва муҳити зист муайян карданд.

Бинобар гуфтаи онҳо зарфҳои пластикӣ барои стандартҳои нигоҳ доштани об ҷавоб намедиҳанд. Тадқиқотчиён таъкид карданд, ки муддати дароз ва дар ҳарорати баланд дар зарфҳои пластикӣ нигоҳ доштани об аз зарфҳои мазкур моддаҳои кимиёвӣ хориҷ мешавад. Масалан, ин микропластикҳои вайронкунандаи сохтори гармоналӣ буданаш мумкин.

Олимон барои таҳлил кардан аз маълумотҳои гуногуне, ки маълумотҳо дар бораи сифати об ҷамъоварӣ шудааст истифода карданд. Тадқиқотҳо ҳаминро маълум кард, ки намунаҳои оби дар зарфҳои пластикӣ аз 10 то 78 дарсад аз микропластикҳо ва дигар зараркунандаҳо, аз қабили фталатҳо ва бисфенол А доранд, ки онҳо метавонанд боиси фишори оксидитивӣ шаванд ва ба рагҳои хунгарди дил мушкилӣ пеш оваранд.

Ҳамчунин, тадқиқоти мазкур барои муҳити зист зараррасон будани зарфҳои пластикиро нишон дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: