БАРОИ ТАҒЙИР ДОДАНИ ҲАЁТ, ПАЙДО НАМУДАНИ ҶОЙГОҲАМОН ДАР БОЗОРИ ҶАҲОН КОРИ МАНФИАТНОКРО БОЯД АНҶОМ ДОД

Президент Шавкат Мирзиёев 1 июн ба мақсади шинос шудан бо ислоҳоти рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудудҳо, корҳои азими созанда ва иҷрои вазифаҳои қаблан додашуда ва муайян намудани нақшаҳо барои оянда ба вилояти Сурхондарё ташриф овард.

Президент Шавкат Мирзиёев 1 июн ба мақсади шинос шудан бо ислоҳоти рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудудҳо, корҳои азими созанда ва иҷрои вазифаҳои қаблан додашуда ва муайян намудани нақшаҳо барои оянда ба вилояти Сурхондарё ташриф овард.
Президент Шавкат Мирзиёев сафари худро ба вилоят аз ноҳияи Шеробод оғоз кард. Дар ин ҷо маросими гузоштани санги бунёди нерӯгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати «Masdar»-и Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд.
Дар чорабинии ба ин муносибат ташкилшуда фаъолони вилоят, нурониҳо, ҷавонон, ба воситаи  алоқаи видеоконфронс роҳбарияти Бонки осиёии  рушд ва ширкати «Masdar»-и Аморати Муттаҳидаи Араб ширкат варзиданд. 
Барои қонеъ кардани талаботи афзояндаи аҳолӣ ва иқтисодиёт ба нерӯи барқ дар мамлакати мо як қатор иншооти энергетикӣ сохта мешаванд. Аз ҷумла, ба истифодаи энергияи офтоб, ки дар шароити кунунии маҳдудияти захираҳои анъанавии энергетикӣ нақши муҳим мебозанд, таваҷҷӯҳи зиёд дода мешавад.
Соли равон ширкатҳои «Masdar»-и Аморати Муттаҳидаи Араб ва «Total Eren»-и Фаронса дар вилоятҳои Навоӣ ва Самарқанд нерӯгоҳҳои фотоэлектрикиеро, ки ҳар кадом 100 мегаватт иқтидор доранд, ба истифода медиҳанд.
Баробари ин, барои бунёди нерӯгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ дар ноҳияи Шеробод тендер эълон карда шуд. Бонки осиёии рушд барои тендер машваратҳои техникӣ ва молиявӣ дод.
Зиёда аз 50 ширкат ҳавасмандии худро барои татбиқи лоиҳа изҳор доштанд. Пас аз озмуни ду марҳилавӣ «Masdar» бо тарифи пасттарин ғолиб омад.
Дар доираи лоиҳа, ширкат дар майдони 601 гектаро нерӯгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ бо иқтидори 457 МВт бунёд мекунад. Инчунин барои пайвастшавӣ ба зеристгоҳи “Сурхон” зеристгоҳи нав бо шиддати 220 кВт ва хати интиқоли барқи 52 километр бунёд карда мешавад.
Барои истгоҳ қитъаи 601 гектара интихоб карда шудааст. «Masdar» 260 миллион доллар сармояи мустақимро ҷалб хоҳад кард. Иқтидори истеҳсолии солона 1,04 миллиард кВт/соат хоҳад буд.
Ширкати «Masdar» барои татбиқи лоиҳа 260 миллион доллар сармояи бевосита ҷалб мекунад. Иқтидори солонаи нерӯгоҳ 1,04 миллиард кВт/соат аст. Дар натиҷа, соле 340 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа гардида, 300 ҳазор хонадон бо нерӯи барқ таъмин карда мешавад.
Дар бунёди нерӯгоҳи фотоэлектрикӣ ҳазор нафар, ҳангоми баҳрабардоӣ — 120 мутахассис ҷалб карда мешаванд. Баҳрабардории ин иншооти бузург моҳи августи соли 2023 пешбинӣ шудааст.
Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки дар мамлакати мо ҷиҳати бунёди иқтисодиёти аз ҷиҳати энергетикӣ самарабахш ва экологӣ тоза як қатор корҳо анҷом дода шудаанд.
— Ин нерӯгоҳи фотоэлектрикӣ барои иқтисодиёти вилояти Сурхондарё имкони бузургест. Пайдо шудани имкони хариди нерӯи барқ бо нархи 1,8 сент барои як киловатт соат ба иқтисоди ҷумҳурии мо муваффақияти хеле бузург ва омили муҳими таъмини некӯаҳволии аҳолӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, бунёди ин нерӯгоҳ, энергияи тавлидшаванда ва инфрасохтори нав барои рушди ҳамаҷонибаи минтақа такони қавӣ хоҳад бахшид, — гуфт сарвари давлат.
– Аз он  беҳад шодам, ки маро ба маросими шурӯъ гардидани ин лоиҳаи нав даъват кардед. Аз номи Бонки осиёии рушд Шумо, Ҷаноби Президент ва ҳам мардуми Ӯзбекистонро бо гузоштани боз як қадам ба оянда аз таҳти дил табрик менамоям. Зери роҳбарии Шумо дар давоми ду соли гузашта дар асоси шарикии давлативу хусусӣ лоиҳаҳои бузург ба амал татбиқ гардиданд. Хусусан, дар соҳаи рушди энергияи барқароршаванда ҳиссаи калон гузошта шуд. Ман мамнунам, ки имрӯз ҳукумати Ӯзбекистон дар асоси лоиҳаҳои мо сармоя ҷалб  менамояд. Лоиҳаи Шеробод, ки аз нури офтоб энергияи электрикӣ истеҳсол менамояд, бузургтарин лоиҳаи Осиёи Марказӣ хоҳад гардид. Ин иқтидор дар навбати аввал аз лиҳози экологӣ тоза буда, молики манбаи сарфакор ва барқарор мебошад. Дар асоси ин муваффақият ҳукумати Ӯзбекистон, Бонки осиёии рушд ва ҳамкории сектори хусусӣ ниҳон аст, - гуфт ноиб-президенти Бонки осиёии рушд Ашок Лаваса.
– Ҳамкории байни Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ӯзбекистон ва муносибати дӯстонаи онҳо васеъ мегардад. Боварии комил дорем, ки ин ба соҳаҳои зиёди ҳаёти иқтисодӣ ва аҳолӣ таъсири мусбӣ хоҳад гузошт. Ширкати «Masdar» то имрӯз дар соҳаи энергияи барқароршаванда ба бештар аз 30 мамлакат сармоя ворид намудааст ва ҳаҷми умумии онҳо беш аз 20 миллиард доллари ИМА гаштааст. Қуввати умумии электрикии ин лоиҳаҳо беш аз 11 гегаваттро ташкил менамоянд. Ӯзбекистон ба нақша гирифтааст, ки то соли 2030 25 фоизи энергияи электрикиро аз ҳисоби манбаъҳои энергияи барқароршаванда истеҳсол менамояд. Мо хурсандем, ки дар ин дастрасӣ ба марраҳои бузург низ ширкат менамоем, - гуфт вазири энергетика ва инфрасохтори АМА Суҳайл ал-Мазруӣ. 
Пас аз он видеоролике намоиш дода шуд, ки дар бобати иқтидори барпошавандаи нерӯгоҳи фотоэлектри офтобии Шеробод ва нафъи он ба иқтисодиёти вилоят нақл менамуд.
Сипас Президент ба шарафи сохтмони нерӯгоҳи фотоэлектрикӣ капсула гузошт.
Зимни суханронӣ дар ин маросим сокинони Сурхондарё қайд карданд, ки корҳои азиме, ки дар вилоят таҳти роҳбарии сарвари давлат анҷом дода мешаванд, зиндагии мардумро тағйир медиҳад, аз ҷумла баробари сохтмони нерӯгоҳи нав шумораи иқтидорҳои нави истеҳсолӣ афзоиш ёфта, ба рӯзгори мардум даромад меоранд.
Лоиҳаи мазкур қисме аз барномаи сохтмони нерӯгоҳҳои фотоэлектрикии офтобӣ бо иқтидори умумии 1 ГВт мебошад, ки аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон бо дастгирии Бонки рушди Осиё амалӣ карда мешавад.
Ба нақша гирифта шудааст, ки дар вилоятҳои Самарқанд ва Ҷиззах нерӯгоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт, нерӯгоҳҳои бодӣ барои 100 мегаватт дар ноҳияҳои Берунӣ ва Кароӯзаки Қарақалпоқистон, инчунин 3 нерӯгоҳи бодӣ бо иқтидори умумии 1,5 ҳазор мегаватт дар Бухоро ва Навоӣ сохта мешаванд.
Ӯзбекистон дар назди худ мақсад гузоштааст, ки то соли 2030 иқтидори нерӯгоҳҳои барқии офтобиро ба 5 ҳазор, нерӯгоҳҳои барқии бодиро то 3 ҳазор, нерӯгоҳҳои барқии обиро то 4 ҳазор мегаватт расонад.
Дар ҷараёни ин сафар Президент анорзореро, ки ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сардорбек Султонбек» дар маҳаллаи Бӯстони ноҳияи Шеробод ташкил додааст, аз назар гузаронд.
Ҳар дафъа сарвари давлати мо дар назди маҷмӯи иқтисодӣ вазифаҳоро гузошта,  зарурати бо назардошти хусусиятҳои ҳар як ҳудуд тартиб додани нақшаҳо, ҷустуҷӯ ва рушди «нуқтаҳои афзоиш»-ро таъкид мекунад. 
— Яке аз чунин самтҳо дар вилояти Сурхондарё парвариши анор мебошад. Анори Шеробод калон, бомазза ва ҳосилдор мебошад. Аз ин сабаб, онҳо дар хориҷа низ маъмуланд. Дар Шеробод парвариши анор манбаи муҳими даромади аҳолии маҳаллӣ ба ҳисоб меравад. Аз 48 маҳаллаи ноҳия 33-тои он ба парвариши анор ихтисос ёфтааст.
Президент боғи анорро, ки дар майдони васеъ мерӯяд, аз назар гузаронд.
Дар ин ҷо дар 43 гектар беш аз 30 ҳазор бех анор шинонда шудааст. Як дона анори навъи «Қозоқӣ» метавонад қариб 1 килограмм вазн дошта бошад. Имсол ба нақша гирифта шудааст, ки беш аз ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ карда шавад.
— Давраи гузариш замони рақобат аст. Мо бояд зиндагии худро тағйир диҳем, барои ҷойгоҳи худ дар бозори ҷаҳонӣ мубориза барем ва лоиҳаҳои фоидаоварро татбиқ намоем. Мақсади асосии мо зиёд кардани даромади оилаҳо мебошад. Оилае, ки меҳнат карда, натиҷа ба даст овардааст, дар рӯзгори обод зиндагӣ мекунад, дар бораи саломатии худ ғамхорӣ мекунад ва ба фарзандон таҳсилоти хуб медиҳад. Ва фарзандони соҳибмаълумот дар оянда роҳи худро хоҳанд ёфт, — гуфт Президент. 
Инчунин бо муҳаққиқони филиали Тирмизии Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд суҳбат барпо гардид.
— Мо анъанаҳои парвариши анорро дорем, аммо на илм ҳаст, на китоб,  на лаборатория. Анор бо усули кӯҳна парвариш карда мешавад. На ҳама роҳи аз бемориҳо муҳофизат кардани растаниҳоро медонад. Аз ҳама асосиаш, офаридани навъҳои беҳтарини он мебошад. Баъд ин навъҳо бояд ба хонадонҳо расонида шаванд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Бар иловаи анор дастурҳо дар бораи дар Сурхондарё ташкил кардани пажӯҳишгоҳи рушди инноватсионии соҳаи кишоварзӣ, вусъат додани парвариши лиму ва хурмо  дода шуданд.
Сарвари давлат инчунин ба маҳаллаи Каттабоғ ташриф оварда, дар он ҷо бо оилаи анорпарвар Абдураҳмон Каримов мулоқот кард, бо шароити зисти аҳолӣ ва вазъи истифодаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ шинос шуд. Бо сокинони маҳалла, оқсақолҳо суҳбати самимона баргузор гардид.
Қайд карда шуд, ки дар ноҳияи Шеробод беш аз 5 ҳазор нафар ба парвариши анор машғуланд, боғҳои анор ба онҳо даромади назаррас меоранд.
Президент Шавкат Мирзиёев маҷмӯи замонавии гармхонаи ноҳияи Шерободро аз назар гузаронд.
Маҷмӯъро соли гузашта ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шеробод агро импекс» ташкил карда буд. Дар гармхонаи 29 гектара помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва бодинҷон парвариш карда мешавад. Аз онҳо 10 гектараш бо усули гидропоника рӯёнда мешавад.
Барои гармхона таҷҳизотро аз Кореяи Ҷанубӣ  оварда, 200 ҷойи корӣ фароҳам овардаанд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 100 тонна ҳосил руёнда шавад.
Маълум аст, ки гидропоника усули дар муҳити сунъӣ, бе хок парвариш кардани растаниҳо мебошад. Растаниҳо ғизои худро аз маҳлуле мегиранд, ки решаҳои онҳоро иҳота кардааст.
Гармхонаҳои гидропоникӣ, ки дар тамоми минтақаҳо бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани иқтидори кишоварзии кишвар таъсис дода шудаанд, натиҷаҳои хуб медиҳанд. Чунин гармхонаҳои ихчам ва самарабахш имкон медиҳанд, ки полизҳои хушсифат парвариш карда шаванд ва ҳазорҳо ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шаванд.
Афзалияти дигари гармхонаи навъи гидропоникӣ дар он аст, ки ниёз ба хоки ҳосилхези махсус нест. Онро системаи идоракунии комилан автоматӣ идора мекунад. Имкони истифодаи максималии ҷой вуҷуд дорад. Захираҳои энергетикӣ, ки барои парвариши маҳсулот истифода мешаванд, хеле арзонанд. Системаи сарфакоронаи обёрӣ ва ғизо вуҷуд дорад. Барои равшан кардан ва обёрӣ аз панелҳои махсуси офтобӣ истифода бурдан мумкин аст.
Таъкид карда шуд, ки арзиши аслии маҳсулотро аз ҳисоби зиёд гардондани ҳаҷми маҳсулот арзон кардан муҳим аст.
Корхонаи «Шеробод Анор Импекс» низ дар ин ҷо ташкил шудааст. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа ба маблағи 5 миллион доллар коркард ва банду басти анор ба роҳ монда шуд. Таҷҳизот аз Кореяи Ҷанубӣ ва Словения оварда шудааст.
Дар сурати набудани ашёи хом ширкат фаъолияти худро қатъ намекунад. Меваю сабзавот ва зироатҳои полизиро бастабандӣ карда, ба бозор мебароранд.
Иқтидори истеҳсолии корхона 6 ҳазор тонна маҳсулоти бастабандишуда ва 2 ҳазор тонна афшураи анор мебошад. Дар ин ҷо 70 нафар кор мекунанд.
Меваи анорро аз аҳолӣ ва хоҷагиҳои боғдорӣ харидорӣ мекунанд. Дар минтақаи Шеробод соле тақрибан 30 ҳазор тонна анор парвариш карда мешавад. Аз ин 8 ҳазор тоннааш ба хориҷ содир мешавад.
То вақтҳои охир дар ноҳия 2,4 хазор гектар анорзор буд. Имсол хоҷагиҳои фермерӣ ва соҳибкорон дар майдони камҳосили пахта ва ғалладона 3000 гектар боғҳои анор бунёд карданд. Дар натиҷаи ин иловагӣ 3 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам оварда шуданд, Дар се сол аз боғҳои нав 18 ҳазор тонна ҳосил гирифтан мумкин аст. Ба нақша гирифта шудааст, ки 8 ҳазор тоннаи анор аз нав  коркард ва 10 ҳазор тоннаи он содир карда шавад.
Президент Шавкат Мирзиёев аз кластери «Ангор Сурхон ғурури» дар ноҳияи Ангор боздид намуда, нумӯи ғалла ва пахтаро аз назар гузаронд.
Майдони умумии замини кластер беш аз 11 ҳазор гектар аст. Дар 4 ҳазору 870 гектари майдони мавҷуда ғалла парвариш мегардад. Имсол навъҳои ба беморӣ тобовар аз Федератсияи Русия оварда, кишт карда шуд. Интизор меравад, ки андаряк 80 сентнерӣ ҳосил ба даст меояд.
Дар кластер сабзавот ва ҳосили лӯбиёӣ низ парвариш мегардад. Дар он қариб ҳазор нафар бо кор банд ҳастанд.
Роҳбари давлат дар ин майдон, ки ҳосилаш пухта расидааст, комбайнро идора карда, ғалла даравид.
Президент Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Тирмиз посгоҳи боҷхонаи сарҳадии «Айритом»-ро аз назар гузаронд.
Маълум аст, ки иншооти мазкур ягона гузаргоҳе байни Ӯзбекистон ва Афғонистон мебошад. Алоқаҳои тиҷоративу иқтисодии мамлакатамон бо Афғонистон ва умуман давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ бо суръат ривоҷ меёбад. Посгоҳи боҷхонаи мазкур бо назардошти он дар тарҳи замонавӣ бозсозӣ гаштааст. Дар самти аз Ӯзбекистон хориҷ гардидан ва аз Афғонистон ба диёрамон ворид шудан дар ин ҷо толорҳои назоратии шиноснома ва боҷхона барпо гаштааст.
Роҳбари давлат шароитеро, ки дар ин маҷмӯаи нав ба вуҷуд оварда шудааст, аз назар гузаронд.
Посгоҳи сарҳадии боҷхона дар доираи барномаи «Ӯзбекистони рақамӣ - 2030» бо технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз гаштааст. Барои мисол, маҷмӯаи назоратии тамғаи «Z-portal» воситаҳои нақлиёти автомобилиро аз се ҷониб метавонад ба сурат гирад. Инчунин дар он мииқдори радиатсия ба ҳадди ақалл буда, ронанда бидуни ин ки аз мошин поён шавад, ба он хидмат расонда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки дар зарфи як соат то 200 воҳиди воситаи нақлиёт аз назорат гузаронда шавад. Дар дигар посгоҳҳои боҷхонаи мамлакат чунин васила соате 20 воҳидро ташкил менамояд. Умуман, дар посгоҳи боҷхонаи сарҳадӣ дар як шабонарӯз имконияти ба 2 ҳазор нафар мусофир хидмат расондан вуҷуд дорад.
– Барои ҳаёти имрӯза ин хуб аст. Лекин дунё соат то соат тағйир меёбад. Акнун ба дараҷаи нав бояд баромад. Дар ин ҷо якҷоя бо маркази вазъ маркази таҳлил низ бояд бошад. Дар бобати афзудани манфиатбахшии иқтисодӣ ва пешгирӣ намудани хатарҳо пешниҳодоти нав бояд изҳор гардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Боз як ҷиҳати ба худ хос, посгоҳи боҷхонаи сарҳадии «Айритом» универсалӣ буда, дар як вақт ҳам ба поезд ва ҳам нақлиёти автомобилӣ ба одамон хидмат мерасонад. Аз ин боис бо мақсади афзоиши суръати гузарандагӣ ва шароити муносиб фароҳам овардан ба роҳгузарҳо тамоюли даричаи ягона ҷорӣ гаштааст. Барои таъмин намудани бехатарӣ дастгоҳҳои тамғаи «Adani» ва «Rapiscan», низоми видеоназорат насб гаштааст.
Роҳбари давлат дар ҳамин ҷо ба вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ суҳбат намуд.
Дар шафати посгоҳи боҷхонаи сарҳадии «Айритом» Маркази байналхалқии савдои Тирмиз барпо мегардад.
Президент Шавкат Мирзиёев бо реҷаи асосии ин маркази байналхалқии савдо шинос гардид, ки дар асоси он корҳои зиёд анҷом дода мешаванд.
Барои маркази мазкур аз ноҳияи Тирмиз 26 гектар майдон ҷудо карда шудааст. Дар марказе, ки қимати умумиаш 75 миллион доллар мебошад, маҷмӯаҳои қабули маҳсулот, нигоҳдорӣ, азнавкоркард, саракунӣ ва зарфбандӣ сохта шуда, хидмати савдо роҳандозӣ мегардад. Шабакаҳои ногузири инфрасохтор барпо мегардад.
Бинобар лоиҳаи мазкур, дар ин ҷо 1800 нуқтаи савдо, маркази логистика, ду меҳмонхонаи молики 400 кат, беморхона, устохонаҳои хидматрасонии техникии автомобилӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ошёнаи якуми биноҳо нуқтаҳои савдо, дар ошёнаи дуюм ҷойгир намудани корхонаҳои истеҳсолии сабук дар назар аст.
Гардиши яксолаи тиҷоратии Маркази байналхалқии савдо 500 миллион доллар, ҳаҷми хидмат 10 миллион доллар ба ҳисоб гирифта шудааст. Дар он иқтидори экспорт ба миқдори 192 миллион доллар ба вуҷуд меояд.
Барои шурӯъ намудани корҳои сохтмони марказ аз Фонди таҷдид ва тараққиёт 10 миллион доллар ихтисос ёфтааст.
Роҳбари давлат дар бобати бо василаҳои сабук сохтани биноҳои марказ, дар ин ҷо фаъолият намудани соҳибкорони вилоят ва ба фаъолияти экспорт ҷалб намудани онҳо, тамоми шароитро барои соҳибкорони хориҷӣ фароҳам овардан ишораҳо намуд. Дар асоси таҷрибаи маҳаллӣ, минбаъд дар ҳудудҳои ҳамсарҳад  бо мамлакатҳои ҳамсоя низ ташкил намудани чунин марказҳои савдо зарур мебошад.
Ба нақша гирифта шудааст, ки Маркази байналхалқии савдои Тирмиз соли 2022 ба баҳрабардорӣ супурда мешавад.
Роҳбари давлат бо фаъолияти корхонаи «Afghan bazar carpets» дар шаҳри Тирмиз шинос гардид.
Маълум аст, ки дар Сурхондарё парвариши гӯсфанд зиёд аст. Аммо пашми  он қариб аз нав кор карда намешавад. Аз ин боис аз ҷониби Кумитаи рушди кирмак ва қарокӯлпарварӣ дар асоси таҷрибаи Афғонистон ба роҳ андохтани қолибофии пашмин роҳандозӣ мегардад.
Президент ин лоиҳаро маъқул дониста, супоришҳо дод, ки бо соҳибкорони Афғонистон якҷоя ҳамкориро васеъ намуда, зотҳои серпашми гӯсфанд зиёд карда шавад.
Шавкат Мирзиёев бо занону духтароне, ки дар корхона кор мекунанд, суҳбат орост.
Дар ин маҷмӯа корхонаи «Silk road tex» низ ташкил мегардад. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар он матои шоҳӣ, маҳсулоти омода, сумкаҳои варзишӣ ва сафарӣ ва ҳам қолиҳои шоҳӣ истеҳсол мегарданд. Мақсад гузошта шудааст, ки соле ба ҳаҷми беш аз 2 миллион доллар маҳсулот экспорт карда шавад.
Сафари Президент ба вилояти Сурхондарё давом дорад.

Матназар ЭЛМУРОДОВ,
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Холмӯъмин МАМАДРАЙИМОВ,
Абдулазиз МУСОЕВ,
хабарнигорони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: