БАРОИ ТАЪЛИМИ ДИНӢ ШАРТ НЕСТ, КИ БА ХОРИҶА БИРАВЕМ

Дар Мактаби илми ҳадис ба мақсади ҳифзи шуури хонанда аз таъсири ғояҳои бегона бо донишҷӯёне, ки дар кишварҳои хориҷӣ таълими динӣ мегиранд, вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар тадбир роҳбари Кумитаи корҳои динии вилоят, ҷонишини сарвари Садорати вилоятии Хадамоти амнияти давлатӣ, ҷонишини ҳокими вилоят доир ба робита бо ташкилотҳои ҷамоатӣ ва динӣ, уламо ва падару модарони чунин ҷавонон иштирок карданд. 
Баромадкардагон дар бораи таҳдидҳое, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ба тарбия ва шуури ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, қурбони ғояҳои бегона гардидани онҳо  ҳарф заданд. 
– Бино ба ҳолати моҳи июни соли 2022 аз вилоятамон барои таълими динӣ 187 нафар ҷавонони ноболиғ ба Ҷумҳурии Мисри Араб рафтаанд, – гуфт ҷонишини ҳокими вилоят Баҳодур Қодиров. – Бо иштироки гурӯҳи кории дахлдор бо падару модар ва наздикони ин ҷавонон мулоқот ороста, корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуд. Дар натиҷа соли гузашта 60 нафар, дар муддати сипаришудаи соли ҷорӣ 43 нафар ҷавонон ба канори оилаи худ баргаштанд. Инчунин, соли ҷорӣ ба хориҷа рафтани 6 нафар ҷавони ноболиғро пешгирӣ карданд. Ба Миср рафтани 6 нафари дигар муайян гардид. Падару модарони ҷавонони ноболиғ, ки ба Миср рафтаанд, мувофиқи меъёрҳои қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Дар чорабинӣ пешвоёни дин ва донишҷӯёни Мактаби илми ҳадис таъкид карданд, ки дар кишвари маҳбуби мо низ барои бозомӯзии таълими динӣ шароит фароҳам гардидааст ва аз волидон хоҳиш намуданд, то ба ояндаи фарзандони худ бефарқ набошанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: