БАРОИ ТАҲДИД ВА ҲАМЛА БА КОРМАНДОНИ ТИБ ҶАВОБГАРӢ МУҚАРРАР ШУД

Сиҳатии ҳар як шахс сарвати бебаҳои ҷамъият буда, духтурон ҳифзкунандагони чунин сарват мебошанд.

Солҳои охир дар мамлакати мо ба мақсади  ҳифзи сиҳатии мардум ва таъмин намудани дарозумрии  онҳо корҳои васеъмиқёс амалӣ мегарданд.


Рағбатноксозии ходимони соҳаи тиб, ки барои ҳифз ва мустаҳкам намудани сиҳатии ҳамдиёрон фидокорона меҳнат мекунанд, ҳамеша мадди назари ҳукумат мебошад. Инро дар мисоли ислоҳоте, ки ба беҳсозии шароити кор ва тарзи зиндагонии ходимони тиб, таъмини онҳо бо хонаву ҷойи замонавӣ ва баланд бардоштани ҳавасмандии моддии онҳо нигаронида шудааст, дидан мумкин аст.
Аммо афзудани ҳолатҳои ногувор ва таҷовузҳои гуногун ба ходимони соҳа касро ба андешаву мушоҳида водор месозад. Худ бигӯед, ба духтуре, ки мехоҳад ба бемори ба ёрии тиббӣ ниёздошта ва ё ба марг рӯ оварда кумаки тиббӣ расонад, ҳамла кардан аз рӯи инсоф аст?   
Қонун  «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷавобгарии  маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба муқаррар намудани ҷавобгарӣ барои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии кормандони тиб», ки аз тарафи Президент Шавкат Мирзиёев  27 марти  соли 2023 ба имзо расид, аз он ҷиҳат аҳамиятнок мебошад, ки саривақт қабул гардидааст.
Сабаб дар он аст, ки дар қонунгузории дарамал низ барои таҷовуз ба кормандони соҳаи тиб вақти иҷрои вазифа  ва монеъ шудан ба фаъолияти вобаста ба расонидани ёрии тиббӣ ҷавобгарии бевосита муқаррар нашудааст. Маҳз ҳамин сабаб мешуд, ки ба гунаҳкорон ҷиҳати рафтори номатлубашон ҷазои муносиб таъин карда нашавад.
Бо ин қонун Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ бо моддаи нави 197-7 пурра карда мешавад, ки дар он ҷавобгарии маъмурӣ барои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии тиббии кормандони соҳа ва расонидани таъсири ғайриқонунӣ дар шаклҳои гуногун ба онҳо пешбинӣ шудааст.         
Гузашта аз ин, дар байни мардум зарбулмасале низ мавҷуд аст, ки маънои «некиро  бо некӣ баргардонӣ»-ро дорад. Подоши некӣ низ – некӣ аст, мегӯянд. Аз ин рӯ, ҳифзи қонунии фаъолияти табибони фидокори мо ифодаи ғамхории бузург нисбати онҳо мебошад.
Дар маҷмӯъ, қонуни мазкур ҳуқуқи кормандони соҳаи тибро ҳифз намуда, аз дахолатҳои гуногун ба фаъолияти касбии онҳо пешгирӣ менамояд. Он ба афзудани мақом ва нуфузи касби тиб, саривақт расондани ёрии тиббии босифат ба шаҳрвандон хизмат мекунад.

Мавлуда ИБРАГИМОВА,
депутати 
Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: